Лекции и рефераты по Экoнoмике

Мафҳумҳо ва вазифаҳои фанни Эконометрика

Мафҳумҳо ва вазифаҳои фанни Эконометрика

  1. Маълумоти умуми оиди фан
  2. Мафҳумҳои асосии эконометрика.
  3. Моделҳои эконометрӣ ва намудҳои он.

Адабиёт

  1. Ҷобиров Ҷ., Табаров О., Бобоева Р., Сатторов А. Эконометрика. Дастури таълимӣ., Душанбе 2007.
  2. Орлов А.И. Эконометрика: Учеб. пособ.. – М.: Из-во «Экзамен»,2002.
  3. Грицан В.Н. Эконометрика. – М.: Издательско-торговая корпорация “Дашков и К”, 2002.
  4. Доугерти Кристофер. Введение в эконометрику. Пер. с англ. – М.: ИНФРА-М.XIV, 1997, – 402 с.

Маълумоти умуми оиди фан

Эконометрика соҳаи зудтарақикунандаи илм аст, ки мақсадаш ченкуниҳои миқдории вобастагиҳои нишондиҳандаҳои иқтисодӣ мебошад.

Эконометрика ҳамчун илм соли 1910 аз тарафи олими (муҳосиби) Австриягӣ, П. Цемпа таъсис ёфтааст. Мафҳуми эконометрикаро аввалин маротиба олими норвежӣ Р. Фриш соли 1926 ба илми иқтисодиёт ворид намудааст. Ҳамчунин олимон И. Фишер (1867–1947), Й. Шумпетер (18831950), А.П. Вайнштейн 1892-1970 ва Я. Тинбергена (1903-1995) мафҳуми эконометрикаро ҳамчун фан дастгирӣ намуданд.

Эконометрика илмест, ки инсоният бо омӯзиш ва истифодабарию татбиқи он дар ҳаёти ҳаррӯза санъати хоҷагидорӣ, идоракунию моделсозӣ, бозоргонию тиҷоратро ба дараҷаи олӣ мерасонад. Аз ин нигоҳ усулҳои оморӣ-риёзӣ дониши иқтисодӣ-риёзиро бунёд гузошта, ба ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ кӯмак мерасонад.

Таҳлили эконометрӣ ва усулҳои эконометрӣ имконият медиҳанд, ки раванди иктисодӣ дурустар ва амиқтар таҳлилу пешгӯӣ карда шаванд. Ҳамчунин эконометрика ба роҳбари хоҷагӣ, иқтисодчӣ, муҳосиб, менеҷер ва шахсоне, ки барои қабули қарори идоракунӣ масъуланду вобастагии байни нишондиҳандаҳоро донистан мехоҳанд, маслиҳат ва пешгӯиҳои боэътимод медиҳад.

Бо мақсади беҳтар намудани натиҷаҳои фаъолияти иқтисодӣ ва идоракунии объекти тадқиқот ба таҳлилу пешгӯӣ ва маслиҳати муттахассисони соҳаи эконометрика такя намудан лозим аст.

Мақсади фанни эконометрика – дуруст интихоб намудани роҳҳои объективии пешравии равандҳои иқтисодиёт ва таъмини онҳо бо усулҳои оморӣ ва риёзӣ мебошад.

Масъалаи эконометирика – дар шароити иқтисодӣ бозорӣ пешгӯӣ намудани омилҳо ва ҷустуҷӯи роҳҳои самараноки тарақиёти микро ва макроиқтисодиёт мебошад.

Масъалаи эконометрика – бо истифодаи ҳисобкуниҳои эконометрӣ муайян намудани варианти беҳтарини идоракунӣ мебошад. Идоркунандаи объекти тадқиқот бояд ҳамеша вариантҳои алтернативӣ дошта бошад ва аз онҳо ҳамонеро интихоб намояд, ки меъёр ва қонунҳои эконометрикаро қаноат мекунонад.

Ҳисобкуниҳои эконометрӣ ба иқтисодчиён ҳамчун олоте хизмат мерасонад, ки барои ба омилҳо дуруст баҳо додан ва ба натиҷаҳои иқтисодӣ риоя намуданро мусоидат менамоянд.

Татқиқотчӣ ё ин ки муттахассисии соҳаи эконометрика бояд модели масъалаи иқтисодиро дар асоси маълумотҳои ибтидоӣ тартиб дода тавонад. Бо ин мақсад тадқиқотчиро лозим аст, ки ба қонунҳо ва фарзияҳои назарияи иқтисодӣ ва маълумотҳои оморӣ такя карда, модели объекти тадқиқотро тартиб диҳад. Сипас бузургиҳои номаълуми модели тартибдодаашро (парамтхои модел) баҳо диҳад. Инчунин аз рӯи модел пешгӯӣ намуда, ба саҳеҳии он баҳо диҳад. Дар ниҳоят ба масъулини объекти иқтисодии тадқиқшуда маслиҳатҳо дода, хатари пешомад ё комёбиҳои эҳтимолиро огоҳ намояд ва чораҳои пешгирии ҳолати ғайричашмдоштро муайян намояд.

Хулоса эконометрика фаннест, ки тадқиқоти дақиқро аз муттахасис талаб мекунад ва риояи он натичаҳои дилхоҳро таъмин мекунад.

2. Мафҳумҳои асосии эконометрика.

Дар ҳаёти инсон ва корҳои ба сомон мерасонидаи он ду бузургиро аксар вақт истифода мебаранд, ки инҳо мебошанд:

  • бузургии новобаста (баёнкунанда) «х»;
  • бузургии вобаста (баёншаванда) «у».

Ин бузургиҳо дар масъалаҳои иқтисодӣ пурра истифода бурда мешаванд.

Истилоҳи эконометрика дар асоси худ ду калимаро дарбар мегирад «иқтисодиёт» ва «метрика», яъне ченкунии бузургиҳои иқтисодӣ мебошад.

Таъриф: Эконометрика илм дар бораи ченкунии миқдорӣ, сифатӣ ва баҳодиҳии нишондиҳандаҳои иқтисодӣ мебошад.

Эконометрика дар асоси маълумотҳои оморӣ дуруст интихоб намудани роҳҳои объективии пешравии равандҳои иқтисодиёт тавассути усулҳои оморӣ ва риёзӣ мебошад. Дар асоси моделҳои эконометрикӣ таҳлили ададӣ, сифатӣ ва пешгуикунии объекти тадқиқшавандаро меомӯзад.

Проблемаи омӯзиши алоқамандии нишондиҳандаҳои иқтисодӣ яке аз масъалаҳои муҳими таҳлили иқтисодӣ мебошад. Бинобарин

эконометрикаро барои таҳлил, пешгӯӣ, ва баҳодиҳии вобастагии омилҳои иқтисодӣ истифода мебаранд.

Эконометрика дар натиҷаи омӯзиш, таъсири муттақобила ва муттаҳидшавии се фан: назарияи иқтисодӣ, усулҳои риёзӣ ва омор асос ёфтааст. Дар натиҷа ба онҳо техника ва технологияи муосири ҳисоббарор ҳамчун шарти тарақиёти эконометрика муттаҳид шудааст.

Пеш аз сохтани моделҳои эконометрӣ, қонунияти алоқамандии нишондиҳандаҳои иқтисодӣ бояд ошкор ва таъин карда шаванд, ки чунин алоқамандии нишондиҳандаҳои иқтисодиро назарияи иқтисодӣ ва қонунҳои иқтисодӣ таъмин менамояд.

Пас аз таъин намудани фарзияи алоқамандии нишондиҳандаҳо, равандҳо ва ё объектҳои иқтисодӣ гурӯҳи мушоҳидаҳо яъне маълумотҳои оморӣ истифода мешаванд, ки гурӯҳбандӣ, ҷамоварӣ, ва дастраскунии онро илми омор таъмин мекунад.

Сипас дар асоси маълумотҳои овардашуда сохтани модел, график ва ҳисобкуниҳои риёзӣ лозим мешавад, ки онҳоро усулҳои риёзӣ таъмин мекунад, ки инҳо муттаҳидшавии соҳаҳои илм ва ташкил кардани соҳаи нави илм яъне эконометрика мебошад. Асоси ин усулҳоро таҳлили коррелятсионӣ ва регрессионӣ ташкил менамоянд.

Намудҳои маълумотҳо. Чӣ хеле ки қайд намудем, моделҳои регрессионӣ дар асоси маълумотҳои додашудаи объектҳо ва равандҳои иқтисодӣ сохта мешаванд.

Ҳангоми моделсозии равандаҳои иқтисодӣ аз он ҷумла эконометрикӣ одатан ду намуди маълумотҳо истифода мешаванд: маълумотҳои фазоӣ (Cross-sectional data);

маълумотҳои вақтӣ (динамикӣ) (time-series date);

Маълумотхои фазоӣ гуфта маҷмӯи маълумотҳои объектхои гуногунро тавсиф менамояд, ки дар як давра ё лаҳзаи вакт чамъоварӣ (ба даст оварда) шудааст. Дар маълумотҳои фазои вақт дар намуди дискретӣ дода намешавад.

Мисоли маълумотҳои фазоӣ: шумораи кормандон, ҳаҷми истеҳсолот; ҳаҷми талабот ба ягон намуди маҳсулот ва ғайра.

Маълумотҳои вақтӣ (қатори вақтӣ) гуфта маҷмӯи маълумотҳои як объектро тавсиф менамояд, ки дар давраҳои гуногуни вақт чамъоварӣ шудааст. Дар маълумотҳои қатори вақтӣ, маълумотҳо вобаста аз вақт (сол, квартал, моҳ) дода мешавад.

Мисоли маълумотҳои вақтӣ чунинанд:

ММД, воридот, содирот, маблағгузорӣ, маблағҳои андоз, боҷҳои гумрукӣ, боҷҳои давлатӣ дар якчанд соли охир. динамикаи индекси нарҳҳои истеъмолӣ; динамикаи ҳаррӯзаи мубодилаи қурби асъор;

Хусусияти бартарии маълумотҳои қатори вақтӣ дар он аст, ки онҳо ба таври табиӣ аз рӯи вақт ба тартиб гузошта шудаанд.

Маълумотҳои иқтисодӣ, таркиби тасодуфиро дар бар мегирад, бинобар ин барои таҳлил ва коркарди онҳо методи оморӣ математикӣ татбиқ карда мешавад.

3. Моделҳои эконометрӣ ва намудҳои он.

Модели иқтисодӣ ин навишти соддаю қалбакии равандҳо ва зуҳуротҳои гуногуни иқтисодӣ мебошанд, ки шабеҳи аслии объект ё раванди иктисодӣ аст.

Мақсади асосии сохтани тамоми намуди моделҳо аз он ҷумла моделҳои иқтисодӣ кам кардани хароҷотҳои санҷишӣ аст.

Модел ин ифодакунандаи ҳолати объекти тадқиқшаванда, ки барои соддакунии тадқиқот мураттаб мешавад. Барои мисол модели соддаи функсияи истеъмолотро дида мебароем:

дар ин ҷо: С – истеъмолоти ягон намуди маҳсулот (тағйирёбандаи вобаста); Y – даромади ҳақиқӣ бар сари аҳолӣ (тағйирёбандаи новобаста) ; Р – нархи воҳиди молу хизматҳо (тағйирёбандаи новобаста); a, b1, b2 – параметрҳои модел (доимиҳо) .

Вақте ки, a, b1, b2 муайян карда шаванд, он гоҳ «қонуни рафтори истеъмолкунанда» муайян карда мешавад.

Моделҳои эконометрӣ ба се гурӯҳи асосӣ ҷудо карда мешаванд, ки онҳоро барои таҳлил ва пешгӯӣ истифода мебаранд.

1. Модели қатори вақтӣ (динамикӣ)

Ба ин намуди моделҳо дохил мешаванд:

а) Модели тренд (тренд ин тамоюли дарозмуддати тағйирёбии нишондиҳандаи иқтисодӣ мебошад).

Y(t)- тағйирёбандаи вобаста; T(t) – тренди вақт; – бузургии тасодуфӣ; б) Модели мавсимӣ

t

S(t)- тағйирёбандаи мавсимӣ; в) Модели тренду мавсимӣ

Модели регрессионӣ

Дар чунин намуди моделҳо тағйирёбандаи вобастаи «Y» ба намуди

функсияи

ифода мешавад, ки дар ин ҷо x1, x2, …xn – тағйирёбандаҳои новобаста (фаҳмондашаванда) ва b1, b2, … bn – доимиҳо, яъне параметрҳое мебошанд, ки муайян намуданашон ҳатмӣ мебошад.

Системаи муодилаҳои яквақта

Ин намуди моделҳо бо ёрии системаи муодилаҳои регрессионӣ тасвир карда. Намуди системаи муодилаҳои яквақтаи оддӣ чунин аст:

Чихеле аз намуди системаи овардашуда дида мешавад, тағйирёбандаҳои вобаста дар як вақт ҳамчун тағйирёбандаи новобаста амал мекунад. Ба ғайр аз ин ҳангоми тағйирдиҳии яке аз омилҳо (тағйирёбандаҳо), дигар тағйирёбандаҳо ҳам дигаргун мешаванд. Бинобар ҳамин чунин намуд муодилаҳои ифодакунандаро, системаи муодилаҳои яквақта номида мешавад.

Ҳоло мисоли системаи муодилаҳои яквақтаро дида мебароем. Бигузор y1– Талаботи ба гушт (мурғ) ба хар як сари ахолӣ, y2-нархи яклухт барои 1 кг гушт, х1-даромад ба сари ахолӣ, х2-хароочот барои коркарди гуштбошад.

Дар асоси ишораҳои овардашуда, системаи муодилаҳои яквақтаи зеринро ҳосил мекунем:

Предмети эконометрика, ин омилҳои ташкилкунандаи инкишофи ҳодиса ва равандҳои иқтисодӣ мебошад. Дастгоҳи асосии он модели иқтисодӣ-математикӣ буда, масъалааш санҷиши (қоидаҳои) назарияи иқтисодӣ дар асоси маводҳои фактӣ (эмпирикӣ) бо ёрии методҳои оморӣ- математикӣмебошад.

Инкишофи технологияи информатсионӣ, методҳои таҳлили эконометрикаро ҳамчун дастгоҳи пурқуввати татқиқоти иқтисодӣ такмил додааст.

Эконометрика татбиқи математика дар иқтисодиёт набуда балки ба се манъба омор, назарияи иқтисод ва математика такя мекунад. Дар ҳаёти иқтисодии муосир ин ҳамҷоягӣ қисматҳои ташкилдиҳандаи эконометрикаро ба миён меорад.

Ҳамин тариқ эконометрика ин илми тадқиқкунандаи қонунияти миқдорӣ ва вобастагии байни ҳамдигарии ҳодисаҳои иқтисодӣ ва равандҳои он ба ҳисоб меравад. Методҳои эконометрика бо назарияи эҳтимолият ва оморӣ математикӣ асос ёфтааст.

Барои ҳалли масъалаҳои эконометрикӣ, пакети программаҳои оморӣ барои компютерҳоро истифода бурда мешавад, ки қисми зиёди он махсус барои таҳлили масъалаҳои эконометрики сохта шудааст. Як қисми масъалаҳои эконометрикӣ тавассути функсияи «Таҳлили маълумотҳо» дар ҷадвали электронӣ ба таври автоматӣ ҳал карда мешаванд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Похожие статьи

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *