Образец документов

Навиштани Забонхат

Забонхат. Забонхат чунин навъи ҳуҷҷат аст, ки дар он соҳиби ҳуҷҷат барои гирифтани чизе (мол, пул) аз касе ё муассисае ба унвони он кас ё он муассиса миқдори чизи гирифтаашро бо қайди ному насаби худ, ҳайсияти иҷтимоияш (донишҷӯст ё дар ягон ҷо кор мекунад) ва мушаххасоти шиносномааш забонхат медиҳад. Забонхат ҳуҷҷати бисёр зарурист. Тавассути он чизҳои фаромушшуда аз нав ба ёд оварда мешаванд ва чизҳои гумшуда мавриди ҷустуҷӯ ё пурсуков қарор мегиранд ва бо мавҷудияти он касе касеро ё муассисаеро фиреб дода наметавонад. Мушаххасоти забонхат чунинанд:

1. Номи ҳуҷҷат (аз байн)

2. Мӯҳтавои матни ҳуҷҷат:

а) унвонии кас ё муассисае, ки ҳуҷҷатнавис аз он чиз (мол, пул) мегирад;

б) унвонии мушаххасоти соҳиби ҳуҷҷат: ному насаб, ҳайсияти иҷтимоӣ (донишҷӯст ё дар ҷое кор мекунад), рақам ва силсилаи шиноснома;

в) қайди дақиқ ва муфассали чизи гирифта;

г) сабаби гирифтани чиз;

ғ) мӯҳлати баргардондани чиз ба соҳибаш (ягон кас ё ягон муассиса)

3. Имзои шахсӣ ва ному насаби соҳиби ҳуҷҷат

4. Таърихи навишти ҳуҷҷат

Намуна:

Забонхат

Ба китобхонаи марказии ДМТ дар ин хусус, ки ман, Сӯҳробов Фирдавс Шоҳинович, дорои шиносномаи № …, донишҷӯйи соли якуми гурӯҳи тоҷики (ихтисоси …)- и факултаи таърихи ДМТ аз китобхонаи мазкур ба миқдори се китоб бо номҳои “Алқонун фиттиб” (муаллиф: Ибни Сино), “Осорулбоқия” (муаллиф: Абӯрайҳони Берунӣ) ва “Тоҷикон” (муаллиф: Бобоҷон Ғафуров)- ро ба мӯҳлати як моҳ: аз 12. 10. 10 то 12. 11. 10 барои тайёрӣ ба санҷишу имтиҳонот аз фанҳои тахассусӣ гирифтам.

/Имзо / Ному насаб

Таърихи навишти ҳуҷҷат

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *