Образец документов

ТЕЛЕФОННИГОШТ

ТЕЛЕФОННИГОШТ (ТЕЛЕФОНХАБАР )

Телефоннигошт хабарест, ки тавассути телефон расонида
мешавад.

Телефоннигошт асосан барои расонидани хабар ё
дастури фаврӣ истифода мегардад.

Матни телефоннигошт низ бояд чун матни барқия
мухтасар бошад. Хоса дар гуфтугўи телефоние, ки дар
миёни шаҳрҳо сурат мегирад, мухтасаргўӣ зарур аст. Зимни
гуфтугўи телефонӣ бояд калимаҳое, ки талаффуза
мушкил аст, ба кор бурда нашавад. Беҳтар аст, ки матн
ба ҳиҷо хонда шавад. Дар ин сурат нависанда метаво
матнро бидуни иштибоҳ нависад. Ихтисорҳоро набояд
истифода кард. Агар нависанда калимаро нафаҳмад,
онро бояд ҳарф ба ҳарф талаффуз намуд.

Ҷузъҳои асосии телефоннигошт инҳоянд:

  1. Унвон;
  2. Шумораи телефоннигошт;
  3. Таърих;
  4. Номи шахс ё муассисае, ки телефоннигошт
    расондааст;
  5. Номи гирандаи телефоннигошт;
  6. Матн;
  7. Зикри вазифаи шахсе, ки телефоннигоштро имзо
    кардааст;
  8. Зикри вазифа, ном ва шумораи телефони касе, ки
    телефоннигоштро расондааст;
  9. Зикри вазифа, ном ва шумораи телефони гирандаи
    телефоннигошт;
  10. Вақти гирифтани телефоннигошт.

Намуна:
Телпефоннигошти №33
15 сентябри 2003

Аз Шӯъбаи маорифи ноҳияи Хуҷанд ба мудири қисми
таъпимии мактаби миёнаи №15

  1. сентябр соати 10-и субх дар бинои Шӯъбаи
    маорифи ноҳия семинари муаллимони забон ва адабиёти
    тоҷик баргузор мегардад.

Хоҳишмандам. муаппимони ин фанҳоро ба семинар
фиристонед.

Мудири маорифи ноҳия имзо Қаландари Сайфулло

Телефоннигоштро котиба Лӯъбати Бобоҷон расонд,
телефон 2-75-41

Телафоннигоштро котиба Садбарги Қобилдухт гирифт
тепефон 2-71-72 соати 1055.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *