Образец документов

Навиштани Тасдикнома

Тасдиқнома. Тасдиқнома чунин навъи ҳуҷҷат аст, ки аз ҷониби сардор, мудир, роҳбар, маъмур ё аз ҷониби садорат, идора, роҳбарият ва маъмурияти ягон идора, корхона ва муассиса ҷиҳати тасдиқи вазъ ва ҳақиқати ҳоли то замони навишти ин ҳуҷҷат доштаи шахси муайян (яъне: шахси мафъул, шахсе, ки тасдиқнома барои ӯ навишта мешавад) барои бовариву этимод ба номи ин шахси муайян навишта мешавад ва унвонии идора, корхона ва муассисаи марбута ирсол мегардад. Масалан, ягон донишҷӯ ё ягон корманд муддате бемор мешавад ва аз таҳсил ақиб ё аз кор дер мемонад. Ӯ барои он ки ҳақиқати ҳоли хешро ба муассисаи марбутааш изҳор намояд ва мавриди нобовариву сӯизанни кормандону садорати муассиса қарор нагирад, бояд ба беморхона ё ягон муассисаи дармонӣ муроҷиат намояд ва вобаста ба дараҷаи бемории худ аз он ҷо ҳуҷҷати бемориро, ки дар он мӯҳлати муоина ва мӯҳлати табобат дарҷ ёфта бошад, дархост кунад.

Тасдиқнома бояд ҳаққонӣ бошад ва бардурӯғ набошад, зеро он ҳуҷҷат аст ва шояд дар мавридҳои зарурӣ ташхису муайян карда шавад.

Мушаххасоти тасдиқнома чунинанд:

1. Номи ҳуҷҷат (дар байн)

2. Мӯҳтавои матни ҳуҷҷат:

а) қайди ному насаб, ҳайсияти иҷтимоии шахсе, ки ҳуҷҷат барои вай навишта мешавад;

б) тасдиқи вазъ ва ҳолати кунунӣ, дақиқтар: ҳолати то навишти ҳуҷҷати шахси мафъул;

в) унвонии муассисае, ки тасдиқнома ба он ҷо ирсол ва пешниҳод мегардад

3. Қайди унвонии муассисаи ирсолкунандаи ҳуҷҷат, вазифа, имзо ва ному насаби шахси маъмур ва масъул

4. Қайди таърихи навишти ҳуҷҷат

Намуна:

Тасдиқнома

Донишҷӯйи соли якуми факултаи фалсафаи ДМТ, Мӯнисова Нигина Рашидовна, дар ҳақиқат, муддати ду ҳафта: аз таърихи 15. 09. 10 то 01. 10. 10 дар шӯъбаи бемориҳои урологии дармонгоҳи № 2 ш. Душанбе бемори бистарӣ буд ва дар табобату муоинаи махсуси ин муассисаи тиббӣ қарор дошт.

Тасдиқнома унвонии садорати факултаи фалсафаи ДМТ ирсол ва пешниҳод карда мешавад.

Муовини бахши кадрҳои

сардухтури Дармонгоҳи № 2

ш. Душанбе /имзо / Ному насаб

Таърихи навишти ҳуҷҷат

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *