Образец документов

Навиштани Ариза

Ариза. Ариза вожаи арабӣ буда, маънояш арз кардан, яъне изҳору баён мебошад. Ариза ҳамчун ҳуҷчат вобаста ба мӯҳтавои мазмун ду навъ мешавад: хоҳишмандӣ ва шикоятӣ. Мӯҳтавои мазмуни аризаи хоҳишмандӣ, чунонки аз номаш маълум аст, аз касе, аз маъмур ё маъмурияте чизе (пул, мол ё ягон дархости дигар)- ро хоҳиш ва талаб кардан мебошад. Мӯҳтавои мазмуни аризаи шикоятӣ аз болои касе, аз чизе, аз маъмур ё маъмурияте шикоят кардан бар касе, бар маъмур ё маъмурияте мебошад. Нақшаи ариза чунин хоҳад буд:

1. Номи ҳуҷҷат (аз боло дар байн)

2. Унвонии маъмурият, маъмур ва соҳиби ҳуҷҷат (дар тарафи рост)

3. Мӯхтавои мазмуни ҳуҷҷат

4. Насаб ва имзои ҳуҷчатнавис

5. Таърихи навишти ҳуҷҷат

Ҳуҷҷатҳои дар зер овардашуда бо қолабҳои махсус навишта мешаванд, ки ин қолабҳо ба шакли зайл аст:

Намуна:

Ба ректори ДДОТ,

проф. Ардашеров С. Р.

аз номи донишҷӯйи соли

аввали гурӯҳи тоҷикии

факултаи кимиё

Рустамов Карим

Ариза

Аз Шумо хоҳиш менамоям, ки аз хобгоҳи донишҷӯёни донишгоҳ ҷое ба ман ҷудо намоед. Ман аз ноҳияи дурдасти Шуғнонам ва дар шаҳри Душанбе макони истиқомат надорам.

Аризадиҳанда: Рустамов К. И. (имзо)

10 . 12. 2010

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *