Образец документов

Навиштани Тавсифнома яъне хислатнома

Тавсифнома (хислатнома). Тавсиф вожаи арабӣ буда, маънои он васфи касе ё чизе мебошад. Тавсифнома чунин навъи ҳуҷҷат аст, ки сардор, роҳбар, маъмур ё садорат, роҳбарият ва маъмурияте барои зердастон, тобеин ё ҳамкорони худ менависанд. Сабаби навиштани ин навъи ҳуҷҷат аз ҷониби шахси фоил (яъне, шахсе, ки ин ҳуҷҷатро менависад) пешбарӣ, раҳнамунӣ ё пешниҳод кардани шахси мафъул (яъне шахсе, ки ҳуҷҷат дар бораи вай матраҳ мегардад) ба коре, ба ҷое, ба масъулияте ё ба вазифае мебошад.

Тавсиф аз нигоҳи луғат танҳо маънои мусбат, яъне таърифро надорад, ончунонки имрӯз аксарият чунинаш мепиндоранд. Аз ин ҷиҳат, тавсифнома низ, ба ҳайси як ҳуҷҷати муҳимми фардӣ, набояд танҳо иборат аз таъриф, ба гуфтаи маъруф: таърифу тавсиф бошад. Дар тавсифнома бояд шахсият ва чеҳраи фардиву иҷтимоии ӯ, интизом, ахлоқ ва хислату афъоли ӯ мавриди баррасии ҷиддӣ ва ҳаққонӣ қарор гирад. Аз ин ҷиҳат, тавсифномаро хислатнома низ мегӯянд. Вале тавсифнома мувофиқта аст.

Шахсият бо ҷомеа сахт алоқаманд аст. Як шахс метавонад дар инкишофу пешрафти ҷомеа нақши мусбат гузорад ва, баръакс, метавонад бо камдонишиву камистеъдодӣ ва нотавониву заъфи малакаи худ дар пешрафти ҷомеа нақши манфӣ дошта бошад ё ба пасрафту таназзули ҷомеа сабаб бигардад. Аз ин ҷиҳат, дар тавсифнома ҷиддият ва ҳақиқати ҳоли шахси мафъул бояд ҳатман дар назар гирифта шаванд.

Нақшаи тавсифнома чунин аст:

1. Номи ҳуҷҷат (албатта, дар миёнаи сафҳа)

2. Унвонии шахси мафъул, яъне шахсе, ки ҳуҷҷат дар бораи он матраҳ мегардад: ному насаб, ҳайсияти иҷтимоии ӯ (донишҷӯст, хонанда аст ё дар ҷое кор мекунад). Унвонӣ аз мундариҷаи матни ҳуҷҷат каме ҷудо бошад. Беҳтар аст он дар гӯшаи тарафи рост навишта шавад.

3. Мӯҳтавои мазмуни ҳуҷҷат:

а) дар ҷойи тахсил ё ҷойи кор аз худ чӣ гуна малака нишон медиҳад. Донишу маҳорати шахсии ӯ дар кадом поя қарор дорад;

б) интизом ва ахлоқи шахсии ӯ дар кадом сатҳ қарор доранд. Дар муносибат бо шарикдарсон ё ҳамкорон чӣ гуна аст ва, ҳамчунин, шарикдарсон ё ҳамкорон низ бо ӯ чӣ гуна муносибат мекунанд ва ҷомеае, ки ӯ дар он кору фаъолият мекунад, ӯро чӣ гуна қабул мекунад;

в) дар корҳои сиёсиву иҷтимоии муассисаи алоқамандаш чӣ гуна рафтору фаъолият мекунад. Оё ӯ дар ташкилиҳои расмӣ ва чорабиниҳои нақшавию анъанавии муассиса, ки сабаби рушду инкишоф ва обрӯву манзалати муассиса (ба ҳукми як муассисаи давлатӣ) мебошанд, фаъолияти дуруст ва шоиста нишон медиҳад;

г) барои фаъолият ва худнишондиҳӣ (дар маънои мусбаташ) аз ҷониби садорат, роҳбарият ва маъмурияти муассиса оё ба ягон ифтихорнома ё сарфарозномае лоиқ дониста шудааст;

ғ) бо кадом ҷанбаи малака ё бо кадом равиши донишу истеъдодаш бештар метавонад дар оянда барои рушду инкишофи ҷомеа саҳм гузорад;

д) оё бо донишу малакаи худ арзандаи пешбарӣ ё пешниҳод ба коре, ҷое, вазифае, маъмурияте аст ё на;

4. Унвонии муассиса, идора ё корхонае, ки ҳуҷҷат ба он ҷо пешниҳод мегардад.

5. Унвонии сардор, роҳбар, маъмур ё масъули он муассиса, идора ё корхона (аз ҷониби чап: вазифа ва масъулият, аз ҷониби рост: имзо ва ному насаб)

6. Таърихи навишти ҳуҷҷат (аз ҷониби чап)

Намуна:

Тавсифнома

дода шуд ба хатмкардаи факултаи кимиё ДМТ Дороев Ҷомосб Гарсевасович, соли таваллудаш: 1989, миллаташ: тоҷик

Дороев Ҷомосб Гарсевасович солҳои солҳои 1999- 2004 дар факултаи мазкур таҳсил намудааст. Дар муддати таҳсил ӯ худро чун донишҷӯи намунавӣ нишон медод. Донишу саводи ӯ лоиқи таъриф аст, чи аз фанҳои тахассусӣ ва чи аз фанҳои ғайритахассусӣ ҳамвора баҳои хубу аъло мегирифт. Танҳо дар солҳои якум ва дуюми таҳсил бо сабаби бемории гулӯдарди шадидаш гоҳо дар дасрҳои тарбияи ҷисмонӣ пурра иштирок карда наметавонист. Аз ин ҷиҳат, аз ин фан гоҳо баҳои се мегирифт, ки он ҳам қаноатбахш аст ва манфӣ нест. Махсусан дар фанҳои тахассусӣ ва, ба вижа, дар фанҳои кимиёи биоорганикӣ ва усули таълими кимиё дониши бисёр баланд дорад.

Интизоми Дороев Ҷ. Г. намунавӣ аст. Бо ҳамсабақон ва устодонаш доимо муносибати хубу шоистаи таҳсинро нигаҳ медошт. Дар муддати панҷ соли таҳсилаш ҳеч кас аз болои ӯ шикояте накардааст. Нисбати ахлоқу рафтораш ҳеч гоҳ аз ҷониби садорати факулта мавриди огоҳӣ ва муҷозоти расмии дохилифакултавӣ қарор нагирифтааст. Дар ин бобат, махсусан, роҳбарияти Иттифоқи ҷавонони факулта нисбат ба ӯ назари нек ва сазовори таҳсин дошт ва доимо номи ӯро дар маҷлисҳои факултавӣ дар радифи донишҷӯёни хушахлоқу хушинтизом ва намунавӣ мегирифт.

Номбурда дар ташкилиҳои расмӣ ва чорабиниҳои маъмуриву анъанавии факулта ва донишгоҳ аксаран иштироки фаъол дошт. Дар аксарияти шанбегиҳое, ки ба хотири тозагиву назофат ва зебогардонии атрофи бинои факулта ва донишгоҳ, мегузаштанд, бо қобилияту рафтори шоиста иштирок менамуд. Дар чорабиниҳои фарҳангиву илмӣ худро хуб нишон медод. Дар Ҷашни Наврӯз, 8- уми март (Рӯзи байналхалқии занон), 23- юми феврал (Рӯзи Артиши миллӣ), ки ҳар сол дар сатҳи ҷумҳуриявӣ таҷлил мегарданд, яке аз баррандагон ва баромадкунандагони фаъоли кофересияҳои ҷашнӣ буд, ки бо суханрониҳо, баромадҳои табрикотӣ ва маърӯзаҳои шавқовараш ба ин чорабиниҳои ҷашнӣ ҳусни дигар мебахшид. Дар конфронсҳои анъанавии илмӣ низ, ки ҳар сол бахшида ба Рӯзи дониш, Рӯзи забони тоҷикӣ, Рӯзи илм ва монанди инҳо дар факулта ва донишгоҳ баргузор мегардиданд, иштироки фаъол дошт. Ҳатто, чанд мақолаи илмии худро дар мавзӯъҳои ихтисосӣ дар маҷмӯаи илмии донишгоҳ бо номи “Паёми Донишгоҳи миллӣ” ва чандин мақолаҳои оммавиро дар нашрияи донишгоҳии “Ба қуллаҳои дониш” бо кӯшишу раҳнамоии устодони факулта ба чоп расондааст.

Бо ин фаъолиятҳои амаалии худ аз ҷониби садорати факулта ва раёсати донишогҳ борҳо бо ихтихорномаҳову сарфарозномаҳо мушарраф гардидааст.

Тавассути донишу маҳорати шоиста ва интизому ахлоқи намунавияш Дороев Ҷомосб Гарсевасович қобилияту истеъдоди дар муассисаҳои таълимӣ фаъолият намуданро дорад.

Тавсифнома ба мудирияти мактаби миёнаи ҳамагонии № 10 ш. Душанбе пешниҳод мешавад.

Муовини декани факултаи

кимиёи ДМТ оид ба

тарбия, дотсент / имзо/ Ному насаб

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *