Шеърхо ва ғазалҳо аз эҷодиёти Умари Хайём

Tagged: 

Viewing 2 posts - 1 through 2 (of 2 total)
  • Author
    Posts
  • #41884
    Main Aditor
    Keymaster

    Чун мегузарад умр чи ширину чи талх,

    Паймона чу пур шуд чи Нишопуру чи Балх,

    Менўш, ки баъд аз ману ту моҳ басе

    Аз салх ба ғурра ояд аз ғура ба салх.
    (Хайём)

    Бар ман қалами қазо чу бе ман ронанд,
    Пас неку бадаш зи ман чаро медонанд.
    Ди бе ману имрўз чу ди бе ману ту,

    Фардо ба чӣ ҳуҷҷатам ба довар хонанд.

    (Хайём)

    Моем, ки асли шодию кони ғамем,
    Сармояи додему ниҳоди ситамем
    Пастему баландему камолему камем
    Оинаи зангхўрдаву Ҷоми Ҷамем.

    (Хайём)

    #43415
    Main Aditor
    Keymaster

    Онон ки муҳити фазлу одоб шуданд,
    В-аз ҷамъи камол шамъи асҳоб шуданд.
    Раҳ з-ин шаби торик набурданд бурун,
    Гуфтанд фасонаеву дар хок шуданд.

    (Хайём)

Viewing 2 posts - 1 through 2 (of 2 total)
  • You must be logged in to reply to this topic.