Шеърхо ва ғазалҳо аз эҷодиёти Соиби Табрезӣ

Tagged: 

Viewing 10 posts - 1 through 10 (of 10 total)
  • Author
    Posts
  • #43755
    Main Aditor
    Keymaster

    Тулӯи субҳи содиқ сар зад аз пироҳани мино,
    Насими рӯҳравар мевазад аз гулшани мино,
    Суроғи духтари раз кардаам аз маскани мино,
    Агар ин бор меомад ба дастам гардани мино,
    Чу дурди май нахоҳам дошт дасти аз гардани мино.
    Маро савдои ишқи ӯ зи хобу хур бароварда,
    Сарамро муншии такдир аз дафтар бароварда,
    Барои куштани ман осмон маҳзар бароварда,

    Ду субҳи содиқанд аз як гиребон сар бароварда,
    Яди байзои соқӣ бо баёзи гардани мино.

    #43756
    Main Aditor
    Keymaster

    Ба куфри зулфи ҷонон тоза шуд имон маро, Соиб,
    Нигоҳи гарми оташ мезанад дар ҷон маро, Соиб,
    Ду мисраъ дилнишин афтод дар девон маро, Соиб,
    Ду чиз афтод хуш аз базми майхорон маро, Соиб,
    Зи по афтодани соқӣ, ба сар ғалтидани мино.

    #43757
    Main Aditor
    Keymaster

    Гаҳ ба ман теғи тағофул он парирӯ мезанад,
    Гоҳам оташ бар ҷигар аз тундии хӯ мезанад,
    Рӯ матоб, ай дил, агар теғ он ҷафоҷӯ мезанад,
    Ҳар ки худро бар дами шамшери абрӯ мезанад,
    Чун ҳилоли ид бар хуршед паҳлу мезанад.

    #43758
    Main Aditor
    Keymaster

    Зиҳӣ рӯят баҳори зиндагонӣ,

    Ба лаълат зинда номи бенишонӣ,

    Бадомӯзи ҳавас ошик нагардад,

    Намеояд зи гулчин боғбонӣ.

    Ба ҳарфи ишк саргармам, ки бошад

    Ҳаёти шамъ аз оташзабонӣ.

    Ду зулфат шоҳроҳи лашкари Чин,

    Ду чашмат хобгоҳи нотавонӣ.

    Макун чун Хизр бар худ роҳро дур,

    Ки наздик аст роҳи ҷонфишонӣ.

    Шароби кӯҳнаву ёри кӯҳанро

    Ғанимат дон чу айёми ҷавонӣ.

    Агар ошиқ намебудем, Соиб,

    Чи мекардем бо ин зиндагонӣ?!

    #43759
    Main Aditor
    Keymaster

    То манзили ман бодияи бехабарӣ буд,

    Ҳар мавҷи саробам ба назар болу паре буд.

    Чун сарв дар ин боғ зи озодагии хеш,

    Боре, ки маро буд ба дил, бесамарӣ буд.

    З-он рӯз, ки шуд дидаи ман боз чу наргис,

    Авроқи дилам сарфи парешонназарӣ буд.

    Буд аз дами шамшер дами субҳи нишотам,

    То ҷавшани довудии ман бехабарӣ буд.

    Расвоии шамъ аст зи пироҳани фонус,

    Дар парда сухан гуфтани ман пардадарӣ буд.

    Аз аҷз чу шабнам нафитодем дар ин боғ,

    Афтодагии мо гули равшангуҳарӣ буд.

    Ёре, ки ғубор аз дили ғамдидаи мо бурд,

    Беминнату бемузд насими саҳарӣ буд.

    Чун партави хуршед, ки дар оина уфтод,

    Аз умр ҳамин баҳраи ман ҷилвагарӣ буд.

    Соиб, чӣ тавон кард ба таклифи азизон

    В-арна тарафи Хоҷа шудан бебасарӣ буд.

    #43760
    Main Aditor
    Keymaster

    То дида маҳви рӯи ту шуд, комёб шуд,
    Шабнам ба офтоб расад, офтоб шуд.
    Як чашм хоби талх ҷаҳон дар бисот дошт,
    Он ҳам насиби дидаи шӯри ҳубоб шуд.
    Аз шарми зулфу рӯи ту дар нофи оҳувон
    Сад бор мушк хун шуду хун мушки ноб шуд.
    Аз рафтани ҳубоб чӣ парвост баҳрро,
    Ишқи туро аз ин чӣ ки олам хароб шуд.

    #43761
    Main Aditor
    Keymaster

    Онро, ки чашми масти ту беихтиёр кард,
    Осудааш зи пурсиши рӯзи шумор кард.
    Раҳме накард бар ҷигари оташини мо,
    Машшотае, ки лаъли туро обдор кард.
    Нагзошт чашм боз кунад дил ғубори чашм,
    Ин гарди шӯхчашм чӣ бо ин савор кард.
    Аз дил мапеч рӯй, ки шаккарсухан нашуд,
    Ҳар тӯтие, ки пушт бар оинадор кард.
    Беинтизор домани хуршедро гирифт,

    Чун шабнам он ки оинае беғубор кард.

    Дар коми шер бистари роҳат фикандааст,
    Ҳар кас, ки хоби амн дар ин рӯзгор кард.
    Ин он ғазал, ки Саъдии Шероз гуфтааст,
    «Музд он гирифт, ҷони бародар, ки кор кард».

    #43762
    Main Aditor
    Keymaster

    Соқӣ аз ҷоме агар хотири мо шод кунад,
    Беҳ аз он аст, ки сад майкада обод кунад.
    Чашми хуфтаст ғизоле, ки надорад шӯхӣ,
    Ману он сайд, ки хун дар дили сайёд кунад.
    Охир, ай подшаҳи ҳусн, чӣ инсоф аст ин,
    Ки дар айёми ту ишқ ин ҳама бедод кунад.
    Ёди айёми ҷунун бар сари ман борад санг,
    Кӯдаконро чу зи мактаб касе озод кунад.
    Мотами воқеии Лайливу Маҷнун дорад,
    Ҳар дарое, ки дар ин бодия фарёд кунад.
    Бар забонаш ба ҷуз аз номи худо н-ояд ҳеч,
    Ҳар ки наззораи он ҳусни Худодод кунад.
    Хандаи кабк шавад нолаи хунин, Соиб,
    Бесутун ёд чу аз рафтани Фарҳод кунад.

    #43763
    Main Aditor
    Keymaster

    Умр рафту хор-хораш дар дили бетоб монд,

    Мушти хошоке дар ин вайрона аз селоб монд.

    Иқди дандон дар канорам рехт аз тори нафас,

    Риштаи хушке зи чандин гавҳари ноёб монд.

    Танпарастӣ фурсати молидани чашме надод,

    Рӯи матлаб дар ниқоби пардаҳои хоб монд.

    Дил зи беишқӣ даруни синаам афсурда шуд,

    Доғи ин қандили равшан дар дили меҳроб монд.

    Ақл аз кори дили саргашта сар берун набурд,

    Дар дили баҳри вуҷуд ин қатраи ноёб монд.

    Корвони Юсуф аз Канъон ба Миср овард рӯй,

    Давлати бедор рафту пои мо дар хоб монд.

    Аҳли дарде, Соиб, аз олам дучори мо нашуд,

    Дар дили мо ҳасрати ин гавҳари ноёб монд.

    #43764
    Main Aditor
    Keymaster

    Ба матлаб мерасад ҷӯёи ком оҳиста-оҳиста,

    Зи дарё мекашад сайёд дом оҳиста-оҳиста.

    Ба Мағриб метавонад рафт дар як рӯз аз Машриқ,
    Гузорад ҳар кӣ чун хуршед гом оҳиста-оҳиста.

    Ба ҳамворӣ баландӣ ҷӯ, ки теғи кӯҳро орад,

    Ба зери пой кабки хушхиром оҳиста-оҳиста.

    Зи тадбири ҷунуни пухта кори ақл меояд,

    Ки Маҷнун оҳувонро кард ром оҳиста-оҳиста.
    Ҳамон маънист бар ҳусни мадори ҳуҷҷати нотиқ,
    Ки тӯтӣ мешавад ширинкалом оҳиста-оҳиста.
    Агарчи ришта аз тори гуҳар беҷону лоҷар шуд,
    Кашид аз мағзи гавҳар интиқом оҳиста-оҳиста.
    Машав аз зердасти хеш эмин дар тиҳидастӣ,

    Ки хуни шишаро нӯшид ҷом оҳиста-оҳиста.
    Дилам аз оҳ, мегуфтам шавад холӣ, надонистам,
    Ки печад бар саропоям чу дом оҳиста-оҳиста.

    Ба шаккарханд аз он лабҳои хушдашном қонеъ шав,
    Ки хоҳад талх гардид ин мудом оҳиста-оҳиста.
    Агар номи баланд аз чарх хоҳӣ, сабр кун, Соиб,
    Зи пастӣ метавон рафтан ба бом оҳиста-оҳиста.

Viewing 10 posts - 1 through 10 (of 10 total)
  • You must be logged in to reply to this topic.