Шеърхо аз эҷодиёти Бадриддин Ҳилолӣ

Tagged: 

Viewing 2 posts - 1 through 2 (of 2 total)
  • Author
    Posts
  • #41870
    Main Aditor
    Keymaster

    Адаб хоҳӣ, зи ҳад берун манеҳ пой,
    Зи ҳар ҷониб, ки хоҳӣ, дар миён ой
    Адаб ороиши афъол бошад,

    Адаб осоиши аҳвол бошад.
    Фурўғизоҳир аз ороиши ўст,
    Фароғиботин аз осоиши

    Адаб маҷмӯаи ҳусну ҷамоласт,
    Баҳоре дар камоли эътидол аст
    Ҳама корат ба қадри хеш бояд,
    Зи қадри худ на кам, не беш бояд.
    Ба ин низом агар худро бисанҷӣ,
    Наранҷандаз туву худ ҳам наранҷӣ.
    Чубиншинӣ, чунон бояд, ки шояд,
    Чубархезӣ, чунон шояд, ки бояд.
    Чароғи дида шаб ҷое наяфрўз,
    Кигардадтира, чун раван шавад рӯз.
    (Бадриддин Ҳилолӣ)

    #43425
    Main Aditor
    Keymaster

    Хушон маҷлис, ки чун рухсораш аз май лолагун бинам,
    Туро пеши назар биншонаму пеши ту биншинам.
    Сухан чун бар забон ронӣ, забони манзи кор афтад,
    Забон чун барлаб орӣ, барлаб ояд ҷони ширинам.
    Кашиди ханҷару гуфтӣ, ки: «Хоҳам куштанат рўзе»,
    Мароинваъда ҳоҷат нест, ман худ куштаи инам.

    Қадам чун ранҷа фармудӣ, биё осуда шав бо ман,

    Ба чашми худзи пои нозукат озор барчинам

    Маро, эй тифли бадхў, аз дари мактаб марон дигар,

    Киҷон барлаб расида, гўш бар овози оминам,

    Хароб афтодаам барбистари марг аз шаби ҳиҷрон,

    Агар хоҳӣ, ки бархезам, биё, биншин ба болинам,

    Маро гуфтӣ: «Ҳилолӣ кист, саргардон ба кўи мо?»

    Гадои мустамандам в-аз дуогўёни мискинам.
    (Бадриддин Ҳилолӣ)

Viewing 2 posts - 1 through 2 (of 2 total)
  • You must be logged in to reply to this topic.