Шеъру ғазал аз эҷодиёти МИРЗОСОДИҚИ МУНШИ

Tagged: 

Viewing 3 posts - 1 through 3 (of 3 total)
  • Author
    Posts
  • #43794
    Main Aditor
    Keymaster

    Ба роҳат мерасонад ранҷ бар худ ошно кардан,
    Ба нохун най шикастан банд аз шаккар ҷудо кардан.
    Намо паҳлу тиҳӣ аз тору пуди пастии ғафлат,
    Набояд такя бар болини ин махмал бино кардан.
    Хамидан пои қадди ростӣ зинат наафзойяд,
    Зи пирон хуш наояд такя бар дӯши асо кардан.
    Дурустиҳои имкони шикаста ваҳшате дорад,
    Ки аз ғайр аз шикастан нест фикри мӯмиё кардан.
    Дар ин дарё гуҳар шав, қатрае гар обрӯ дорӣ,
    Ҳубосо сари холӣ чӣ лозим бар ҳаво кардан.
    Зуд оят занги зулмат аз миси шаб субҳдам, Содиқ,
    Ҳамин иксир мебахшад нафас аз худ раҳо кардан.
    \\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\
    Ҷуз китобам ҳамнишини нуктадон пайдо нашуд,
    Ҷуз наи килкам ҳарифи ҳамзабон пайдо нашуд.
    Дил зи танҳоӣ ба ҷон омад, дилороме наёфт,
    Ҷони беоромро ороми ҷон пайдо нашуд…
    \\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\
    Бо мо замона тарки хусумат намекунад,
    Чун сифла ҳеҷ касби мурувват намекунад.
    Чанд афканад ба маҷлиси мо шӯр мӯҳтасиб,
    Он беадаб риояти сӯҳбат намекунад.

    #43795
    Main Aditor
    Keymaster

    Зор мурдему рухат сер надидем, дареғ,
    Нуктае аз лаби лаълат нашунидем, дареғ.
    Ҷон зи бемории ҳиҷрон ба лаб омад аз шавқ,
    Шарбати васли ту ҳаргиз начашидем, дареғ.
    Дар ғамат ғунчасифат сар ба гиребон бурдам,
    Чун ғул аз ғусса гиребон надаридем, дареғ.
    Монд дар пои дили хастаи мо хор фурӯ,
    Гуле аз гулшани васли ту начидем, дареғ,
    Бими онро, ки шавад сӯзи дили мо зоҳир,
    Сӯхтем аз ғаму оҳе накашидем, дареғ.
    Остони ту бувад мақсади арбоби вафо,
    Мо ба он мақсади олӣ нарасидем, дареғ.
    Ҷон надидем чу Содиқ ба ғами дарди ту ҳайф,
    Сарф шуд нақди матое нахаридем, дареғ.

    #43796
    Main Aditor
    Keymaster

    Яке дод танбӯрро гӯшмол,
    Ки аз дасти ман пеши шоҳам манол.
    Чунин гуфт танбӯр: Ай зулмгар,
    Чаро мезанӣ захмам андар ҷигар?
    Расида маро корд бар устухон,
    Нишаста бурун аз танам тори ҷон.
    Ба нохун дилам хунфишон мекунӣ,
    Маро манъ боз аз фиғон мекунӣ?
    Ҳамегуфт танбӯр нолида зор,
    Дили чангу най шуд зи дардаш фигор,
    Ба якборагӣ ҷумла кардӣ фиғон,
    Найистон шуд аз нола рӯи ҷаҳон.
    \\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\
    Хусусан, ки аз мастии ҷоми ҷоҳ,
    Писарро намудам ба дастам табоҳ.
    Сабоҳе гузаштам ба тарфи чаман,
    Чу гул лаб пур аз ханда аз анҷуман.
    Шунидам ман аз боғбони ҷаҳон,
    Ки мегуфт дар хидмати гулситон:
    -Бибурранд гар беҳҷасти ниҳол,
    Физояд бар он нахл бори камол.
    Чу бишнидам аз боғбон ин сухан,
    Ба сӯи ҳарам омадам аз чаман.
    Ниҳоле, ки аз решаам руста буд,
    Ба пеши қадам сарв дилхаста буд.
    Ба теги ғазаб кардам ӯро ҳалок,
    Ба хокаш супурдам, задам рӯйи хок.
    Чунин кор кардам ба уммеди он,
    Ки шояд маро давлати ҷовидон.
    \\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\
    Зи бас маст будам зи ҷоми ғурур,
    Мукофотро дидам аз хеш дур.
    Кунун ин мукофоти кирдорҳост,
    Ҳамин ранҷам озори озорҳост.
    Маранҷон дили халқ аз баҳри ӯ,
    Ки бошад ҷаҳон душмани дӯстрӯ.

Viewing 3 posts - 1 through 3 (of 3 total)
  • You must be logged in to reply to this topic.