Шахсоне, ки иморатҳояшон барои гузаронидани маросимҳои миллӣ, ки масоҳаташ зиёда аз 30 м2 мебошад бояд шаҳодатномаашонро супорида ба ширкат (ҶДММ) ё дигар ҳатман бояд табдил диҳанд?

Tagged: 

  • This topic is empty.
Viewing 1 post (of 1 total)
  • Author
    Posts
  • #41628
    Main Aditor
    Keymaster

    Ҷавоб: Мутобиқи муқаррароти зербанди е) банди 28 Замимаи 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.08.2012 №451 соҳибкори инфиродии дар асосишаҳодатнома фаъолияткунанда, ки масоҳати ҷоифаъолияташ аз 30 м2 зиёд бошад, ҳуқуқи ҳамчун соҳибкори инфиродӣ фаъолият карданро надорад. Чунин соҳибкорро зарураст, ки ба мақомоти андози маҳалӣ баҳисобгирии бақайдгирии худ маълумот пешниҳод намуда, фаъолияти худро ҳамчун соҳибкори инфиродӣ аз санаи 1 моҳи минбаъда тибқи тартиби муқарраргардида қатъ намояд ва бо таъсис додани шахси ҳуқуқӣ чунин фаъолиятро метавонад идома диҳад.

Viewing 1 post (of 1 total)
  • You must be logged in to reply to this topic.