Тибқи КА ҶТ дар таҳрири нав аъзои хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ), ки бе таъсиси шахси ҳуқуқи фаъолият мекунанд аз онҳо андози иҷтимоӣ ба кадом меъёр ё ҳаҷм ситонида мешавад?

  • This topic is empty.
Viewing 1 post (of 1 total)
  • Author
    Posts
  • #41622
    Main Aditor
    Keymaster

    Ҷавоб: Мувофиқи қисми 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.08.2012 таҳти №451 барои аъзоёни хоҷагиҳои деҳқонӣ(фермерӣ), ки бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ фаъолияти кишоварзиро анҷом медиҳанд, меъёри андози иҷтимоӣ ба андозаи 10 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шудааст.

    Андози иҷтимоӣ аз хоҷагиҳои деҳқонӣ(фермерӣ), ки бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ фаъолият мекунанд аз шумораи саҳмдороне, ки дар сертификати истифодабарии замин дарҷ шудааст, новобаста аз фаъолияти онҳо ҳисоб ва пардохт карда мешавад.

Viewing 1 post (of 1 total)
  • You must be logged in to reply to this topic.