Азизов Нуралӣ басоҳибкории хизматрасонӣ машғул аст, яъне хизматрасонии компютерӣ. Фаъолияти соҳибкории Азизов Н. дар дуконе, ки масоҳаташ 4,5-5 метри мураббаъ ҳаст як компютер ва як принтер амал мекунад. Ин намуди хизматрасонӣ дар номгуйи намудҳои фаъолияти сохибкорӣ дарҷ нагардидааст. Азизов Н. аз рӯи кадом нишондод бояд патент гирад ва ё андоз супорад?

  • This topic is empty.
Viewing 1 post (of 1 total)
  • Author
    Posts
  • #41624
    Main Aditor
    Keymaster

    Ҷавоб: Дар Номгӯи намудҳои фаъолияти соҳибкорие, ки дар асоси патент амалӣ карда мешаванд ва боқарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.08.2012 таҳти №451 тасдиқ гардидааст, хизматрасонии компютери пешбинӣ нашудааст. Бинобар ин соҳибкор ӯҳдадор аст, тибқ итартиби муқаррар гардида фаъолияти соҳибкории худро дар асоси Шаҳодатнома ба роҳ монад ва андозбандии он аз рӯи даромаде, ки соҳибкор ба даст меорад ба роҳ монда мешавад.

    Ба ғайр аз ин бояд қайд намуд, ки меъёри андози иҷтимоӣ баро исоҳибкори инфиродӣ 1 фоиз аз ҳисоби даромади умумӣ, вале на камтар аз андозаи ҳадди калонтарини андози иҷтимоӣ барои соҳибкори инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда муқарраршуда (150 сомонӣ бе назардошти коэффисиенти минтақавӣ), новобаста ба андозаи даромади гирифташуда, баробар мебошад.

Viewing 1 post (of 1 total)
  • You must be logged in to reply to this topic.