Фанни Таърих

Давлатдории Ғӯриён

Нақшаи кор:

  1. Таърихи сиёсии Ғурва Ғуриён.
  2. Вазъи иҷтимоӣ — иқтисодӣ дар асрҳои XI ва аввали асри XII дар сарзамини Ғуриён.

Таърихи сиёсии Ғур ва Ғуриён.

Ин давлати дуюми феодалии тоҷик ба шумор мерафт. Ин давлат дар доманаи Ҳарируя воқеъ гашта, аз Ҳирот то Бомиён ва ҳудуди Кобулу Ғазна доман паҳн карда буд. Дар ин мулки кӯҳсору пурфайз асосан тоҷикон сукунат доштанд. Дар мулки Ғӯр боқимондаҳои демократияи ҳарбӣ муддатҳои тӯлонӣ ҳукмфармо буд. Дар охири асри X маликҳои қабоили ғӯрӣ ҳокимони авлодӣ — қабилавӣ буда, чун дар давраҳои қадим ду нафар: ҳоким ва пешвои ҳарбӣ ҳукмрон буданд.

Муносибатҳои феодалӣ дертар дар асрҳои X — XI дар шакли муносибатҳои нимпатриархалӣ — нимфеодалӣ вуҷуд доштанд. Ҳокими вилоятҳо унвонҳои худро доштанд: малик, меҳтар, варанда, вармишпат ва ғайра. Ғӯр дорои киштзорҳо, чарогоҳҳо, боғу токзорҳои зиёд буда, дар он ҷо соҳаҳои мухталифи кишоварзӣ, чорводорӣ, боғу токпарварӣ рушду нумӯъ ёфта буданд. Маҳсулоти кишоварзони ин сарзамин ба бозорҳои Хуросону Мовароуннаҳр хеле зиёд ворид мешуданд.

Ғӯриён ҳунарманду усто, косибу пешаварони номвару чирадаст буданд. Дар кӯҳҳои ин кишвар маъданҳо, аз ҷумла, оҳан кам набуд. Аз оҳан камон, шамшер, ханҷар, найза, пайкон, зину афзоли асп, либосҳои ҷангӣ ва олотҳои гуногуни истеҳсолиро барои қонеъ гардонидани талаботи бозори дохилӣ ва берунӣ месохтанд. Дини ислом дар Ғӯр дертар паҳн гардид. Арабҳо ин мардуми ғаюру шуҷоъро мутеи худ карда натавонистанд. Онҳо ҷанговарони моҳиру далер буданд. Дар асри XI дар Ғӯр қабилаҳое буданд, ки ҳанӯз ба ислом рӯ наоварда буданд.

Охирҳои асри X асосгузори сулолаи Ғӯриҳо Сурӣ пешвои қабилаи шансабонӣ гурӯҳи қабилаҳоро муттаҳид сохт. Оҳиста — оҳиста заминаҳои ташаккулёбии давлат ҷоннок гашта, дар нимаи дуввуми асри XII ҳокимони вилояти Мандеш аз оли Сурӣ ҳокимияти худро дар қаламравӣ Ғур паҳн карда, асоси давлати феодалии Ғӯриёнро гузоштанд. Аввалин пойтахти Ғӯриён шаҳри Фирӯзкӯҳ ва баъди сарнагун шудани давлати

Ғазнавиён — шаҳри Ғазна пойтахти дуюми давлати Ғӯриён гардид. Ҳатто шаҳри Оҳангарон ҳам муддате чанд маркази мулки Ғӯр маҳсуб мешуд.

Давлати Ғӯриён соли 1009 дар ҳайати давлати Ғазнавиён ташкил ёфта буд, ва ҳамон сол Маҳмуди Ғазнавӣ Оҳангаронро истило намуд, вале Ғурриҳо алайҳи Ғазнавиён муборизаи тӯлонии озодихоҳона мебурданд. Ин мубориза дар замони салтанати Қутбиддин Маҳмуди Ғурӣ (вафоташ соли 1146) тезу тунд гашта буд. Дар замони Аловиддини Ғурӣ (1149 — 1161) болоравии давлати тоҷикон назаррас буд. Ӯ солҳои 1150 — 1157 лашкари Баҳромшоҳи ғазнавиро торумор кард ва бародарзодааш Ғиёсиддини Ғӯрӣ (1163 — 1203) намояндаи охирини Ғазнавиён Хусравмаликро нобуд сохта, ҳокими мутлақи мулки Ғазнавиён гашт.

Нимаи дуюми асри XII ва ибтидои асри XIII давраи болоравӣ, шукуфоӣ ва мустаҳкамшавии давлати Ғӯриён буд. Ба ҳайати ин давлат Афғонистон, Хуросон, Синд, Панҷоб, Кашмир, Вахш, Хатлон, Чағониён, Сурхандарё, Рашт, Дарвоз, Вахон, Шуғнон ва ғайра дохил буданд. Охири асри XII дар замони ҳукмронии шоҳи Хоразм Текеш давлати Ғӯриҳо дучори ҳуҷумҳои пай дар паи ӯ гардид. Соли 1206 лашкари муттаҳидаи Муҳаммад Хоразмшоҳ ва Қарохитоиҳо урдуи Шаҳобиддинро шикаст дода, давлати Ғӯриҳоро тобеъи худ кард. Ноустувории ҳаёти дохилӣ, муборизаҳои хунин бо туркон, заифии хазина ва иқтисодиёти кишвар, хоинии ҳокимони маҳаллӣ сабабҳои асосии аз байн рафтани давлати дуюми тоҷикон гардиданд.

  1. Вазъи иҷтимоӣ — иқтисодӣ дар асрҳои XI ва аввали асри XII.

Дар Мовароуннаҳру Хуросон муҳити зиндагиро бештар рӯҳониёни олирутбаи ислом муайян менамуданд. Масалан, садрҳои Бухоро ба хизмати қарахитоиҳо гузашта, ба корҳои давлатӣ дахолат карданд. Яке аз онҳо хонадони Бурҳониддин бо унвони “Садри ҷаҳон” Бухороро идора мекард. Садрҳо бидуни даромад аз вақф, инчунин аз ҳунармандон, бозорҳо, заминҳои атрофи шаҳр андозҳо ситонида, сармояи худро зиёд мекарданд. Онҳо аз аҳолӣ барои қарахитоиҳо андозҳо ғундошта, аз ин ҳисоб низ бой мешуданд ва дар хизмати аҷнабиҳо буданд. Садрҳо аҳолиро бераҳмона истисмор мекарданд. Аҳолӣ онҳоро ба ҷои «Садри ҷаҳон» лақаби «Садри ҷаҳаннам» дода буданд. Ин ғоратгариву бераҳмии садрҳо аҳолиро ба шӯру қиём овард.

Шӯриши Малик Санҷар. Соли 1206 таҳти роҳ Малик Санҷар барии косиб Малик Санҷар Бухороро шӯриши мардумӣ фаро гирифт. Садрҳо ва мардумозорони дигар аз шаҳр фирор карданд. Санҷар онҳоро таъқиб кард ва шӯришгарон молу амволи онҳоро талаю тороҷ карданд. Феодалони гуреза ба кӯмаки қарохитоиҳо умед бастанд. Аммо аз шӯриш истифода карда, Муҳаммад Хоразмшоҳ ҳокими Бухоро шуд ва онро аз қарохитоиҳо гирифт. Сардори шӯришгарон Малик Санҷарро ба дарбори худ ба Урганҷ бурд. Баъд Хоразмшоҳ сӯи Самарқанд шитофта, бо ҳокими он ҷо Усмон ва дигар Қарахониён алайҳи Қарахитоиҳо забони умумӣ ёфт. Усмонро домод хонда, ба Урганҷ бурд. Ба арсаи муборизаи зидди Қарахитоиҳо омадани муғулҳо кори Хоразмшоҳро осон кард ва ӯ соли 1210 Бухороро бори дуюм забт карда, дар соҳили рӯди Талас ба Қарахитоиҳо шикаст дод ва ба худ унвонҳои “Искандари дуюм” ва “Султон Санҷар” — ро муносиб донист.

Мардуми таҳҷоӣ — тоҷикон умед доштанд, ки халосӣ аз дасти Қарахитоиҳо ва ҳамроҳшавӣ бо Хоразмшоҳ аҳволи онҳоро беҳ мекунад. Вале ин тавр нашуд. Хоразмшоҳи бераҳм бо лашкараш мардумро ғорат кард. Мардуми фиребхӯрда ба қиём омад. Хоразмшоҳ бо сардории Усмон урдуи қипчоқҳоро фиристод, ки онҳо дар тӯли се рӯз 10 ҳазор самарқандиҳоро кушта, нобуд карданд. Сипас, Муҳаммад Хоразмшоҳ Самарқандро ба пойтахти дуюми худ табдил дода, соли 1213 ба Фарғона лашкар кашида, боқимондаҳои қарахонӣ ва қарахитоиро ба пуррагӣ нест кард.

Муҳаммад Хуросону Эронро низ соҳиб шуда, аз халифаи Бағдод талаб кард, ки номи ӯро дар хутба ҳамроҳ кунад. Халифа Носир ин талаби ӯро рад кард. Пас соли 1217 Хоразмшоҳ зидди Ироқ лашкар кашида, аз муқобилияти сахти курдҳо ва сармои қаҳратун бо талафоти зиёд ба қафо гашт. Муҳаммад Хоразмшоҳ бо ёрии қипчоқҳо давлати калоне ташкил дода, тороҷу яғмогариҳои зиёд кард.

Норозигии халқ аз ӯ зиёд шуд. Дар дарбор нуфузи қипчоқҳои авлоди модараш Турконхотун калон буд, ки бо писараш ҳамеша дар нифоқ буд. Сиёсати зидди хилофат норозигии мусулмононро аз Муҳаммад Хоразмшоҳ хеле зиёд кард. Ин давлати пурмоҷаро дар натиҷаи ҳуҷуми муғулҳо аз байн рафт.

  1. Вазъи кишоварзӣ, шаҳрсозӣ ва ҳунармандӣ дар асрҳои XI — XII.

Баъди заволи Сомониён дар Мовароуннаҳру Хуросон сулолаҳои туркони кӯчии чорводори дашти Қипчоқ ҳукмрон шуданд. Ин чорводорони саҳроӣ бехабар аз кишоварзӣ буданд. Вале бо кишоварзони таҳҷоӣ — тоҷикон иртибот ва ошноӣ доштанд. Сомониён бисёр размандагону ғуломони туркро дар лашкари худ ҷой дода, ба ивази хизмат ба онҳо мулкҳои ҷудогонаро ба сифати танхоҳ инъом карда буданд. Ин чорводорон акнун шуғли кишоварзиро низ ба худ касб мекарданд. Баъди ташкилшавии сулолаҳои Ғазнавӣ, Қарахонӣ, Салчуқӣ, Қарахитоӣ, Хоразмшоҳӣ туркон дар зери таъсири аҳолии муқиминишин оҳиста — оҳиста паҳлӯи деҳаҳои тоҷикон қишлоқҳои туркон пайдо мешуданд. Тоҷикон дар соҳаҳои мухталифи кишоварзӣ устодони ин саҳронишинон мешуданд.

Заминдорони маҳаллӣ — деҳқонҳо (феодалҳо) ҳанӯз ҳангоми ҳукмронии арабҳо аз бисёр қитъаҳои заминҳои авлодии хеш бенасиб шуда буданд. Вале баъзе аз онҳо дар асрҳои XI — XII ҳам дорои заминҳои зиёд ва отрядҳои кирояи силоҳдор буда, дар муборизаҳои хунин ҳамроҳ мешуданд. Қарахониён усули мулкдории Сомониёнро қабул карда, соҳиби мулкҳои султонӣ маҳсуб мешуданд ва боигарии худро аз харидорони заминҳои нав зиёд мекарданд.

Ҳукмроншавии туркон ба мардуми тоҷик зарари калон овард. Туркони ғосиб замини мардуми маҳаллиро бо зӯрӣ ба даст оварда, онро қисман ба чарогоҳ табдил медоданд. Деҳқони хонабардӯшгаштаи тоҷик дар заминҳои авлодии худ акнун ба сифати иҷоракор хизмат мекард.

Иҷоракорон тарки ҷову макон карда, ба ҷойҳои дурдаст фирор мекарданд. Нархҳо дар бозорҳо баланд мешуданд.

Қарахониёни чорводор майдонҳои кишти обёришавандаро ба чарогоҳ табдил дода, ба инкишофи пахтакорӣ ва ғаллакорӣ зиёни калон оварданд.

Яке аз шаклҳои маъмули заминдорӣ усули иқтаъ буд, ки ҳанӯз дар замони ҳукмронии арабҳо дар Осиёи Миёна ба худ мақоми хоса пайдо карда буд. Асосан, иқтаъ аз ҳисоби заминҳои давлатӣ ба ҷои моҳона ба касоне дода мешуд, ки дар дарбори ҳукумат ё дар лашкар хизмат кунад. Ин ҳолат бештар ҳамон вақт рух медод, ки давлат аз хазинаи худ барои арбобон ва сипоҳиён музд дода наметавонист. Ба сифати иқтаъ як ё якчанд деҳа, ноҳия, вилоят ва мулки дигар дода мешуд. Замини иқтаъ сармояи давлат буда, андоз аз он пурра ё қисман ва муваққатан ба иқтаъдор дода шуда, ба хазинаи давлат ирсол намешуд. Азбаски соҳибони иқтаъ ашхоси бонуфузи давлатӣ буданд, иқтаъи онҳо аз насл ба насл гузашта, баъзан ба мулки меросӣ табдил меёфт. Гоҳҳо баъзе иқтаъдорон мувофиқи шартнома ба хазинаи давлат аз даромади мулки иқтаъ фоизи ночизи андозҳоро ирсол мекарданд.

Усул ва тартиботи иқтаъ дар асрҳои XI — XII дар давраи ҳукмронии сулолаҳои Ғазнавӣ, Қарахонӣ, Салчуқӣ, Қарахитоӣ ва Хоразмӣ васеъ паҳн гашта буд. Масалан, Маликшоҳи Салчуқӣ ба 46 ҳазор сарлашкарон, мансабдорон ва муқаррабони хеш иқтаъ инъом карда буд. Муҳаммад Хоразмшоҳ бошад, ба феодали калони қабилаи ғузҳо Туғоншоҳ қариб тамоми вилояти Нисоро ҳамчун иқтаъ инъом карда буд. Ингуна усул пояи давлати марказиятнокро оҳиста — оҳиста суст карда, сабаби аз байн рафтани он мегардид.

Ҳамин тавр, дар асрҳои XI — XII дар Хуросону Мовароуннаҳр ба ҷои деҳқонҳои заминдор, гурӯҳи нави иҷтимоӣ — иқтаъдорон ба миён меомаданд.

Шаҳрсозӣ ва шаҳрҳо дар кишвар таърихи қадима ва анъанаи хоса дорад. Ҳар як хону амир, шоҳ ва султон мехост, тавассути шаҳру ободиҳо

номи худро абадӣ созад. Ин анъана дар замони сулолаҳои туркӣ ҳам идома дошт. Онҳо дар ободу зебо гардонидани Самарқанд, Бухоро, Фарғона, Марв, Тирмиз, Нишопур, Ҳирот, Балх, Ғазна шаҳрҳои нави Насаф, Кеш, Ҳулбук ва ғайра саҳмгузор буданд.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *