Давлати Селевкиён
- Поягузории давлати Селевкиён ва ташаккули он.
- Давлатҳои Юнону Бохтар.
- Давлати Порт.
- Поягузории давлати Селевкиён ва ташаккули он.
Марги ногаҳонии Искандари Мақдунӣ дар байни сарлашкарону ҳамсафонаш ҷудоиро ба амал овард. Яке аз сарлашкари Искандар Селевк буд, ки вазифаи сатрапи Бобулистонро адо мекард. Баъди вафоти Искандар ба ӯ муяссар шуд, ки дар соли 312 то мелод ба давлати Селевкиён асос гузорад. Селевк сарлашкари беҳтарини Искандари Мақдунӣ буд.
Вақте, ки Искандари Мақдунӣ дар Бобулистон вафот кард, ҳокими Бохтар ва Суғд Филиппи Мақдунӣ буд. Пас аз тақсимоти соли 321 пеш аз милод ба ҷои Филипп Стаснори юнонӣ ҳокими Суғду Бохтар таъин мегардад. Стаснор кӯшиш намуд, ки қувваҳояшро барои амалиёти мустақилона омода намояд, вале ба мақсад нарасид. Яке аз сарлашкарони моҳири Искандар Селевк солҳои 311 — 306 пеш аз мелод аз дасти Стаснор мулкҳои Порт, Бохтар ва Суғдро кашида гирифт. Селевк (солҳои 312 — 280 то мелод) дараҷа ва ҳуқуқи сатрапияҳоро хеле маҳдуд кард, то ин ки иқтидори муқобилиятнишондиҳиашон суст гардад. Ӯ дар ихтиёри худ 20 — 30 сатрапия дошт. Барои идора кардани Бохтар, Суғд, Порт ва умуман қисмҳои Шарқии давлат писараш Антиоҳро соли 293 пеш аз мелод ҷонишин ва ҳокими ин ноҳияҳо таъин кард.
Дар охирҳои асри IV ва аввалҳои асри III пеш аз мелод дар замони ҳукмронии Селевк ва Антиох халқҳои кӯчманчӣ ва барзгарони Осиёи Миёна якчанд шӯриш бардошта, селевкиҳоро ба ташвиш оварда буданд. Дар натиҷаи ин шӯришҳо шаҳрҳои Искандарияи Марғиёнӣ ва Искандарияи Ақсо хароб гардиданд.
Антиох (солҳои 280 — 261 то мелод) ин шӯришу баромадҳои халқиро ваҳшиёна пахш кард. Ӯ барои тарсонидани муборизон берун аз хоки давлати худ якчанд юришҳои ҳарбӣ ташкил намуд.
Дар давраи ҳукмронии Селевкиён тангаҳо сикка зада мешуд. Дар ин тангаҳо суратҳои Селевк (солҳои 312 — 280 то милод) ва Антиох акс ёфтаанд. Пас аз вафоти Селевк Антиох натавонист, ки тамоми давлатро идора кунад. Диққати ӯ асосан ба бартараф намудани муқобилияти гурӯҳҳои зидди давлатӣ дар ғарби мамлакат равона карда шуда буд.
Ба сарзамини аҷдодии тоҷикон омадани юнониҳо ба он оварда расонид, ки баъзе унсурҳои маданияти юнонӣ ба монанди хат, театр ва санъати тасвирӣ ба маданияти маҳаллӣ омезиш ёфтанд.
Дар навбати худ маданияти халқҳои Ориёӣ ба Юнон ва ба воситаи юнониён ба бисёр мамлакатҳои Ғарб роҳ ёфта, ба тамаддуни онҳо таъсир расонид.
Дар замони Селевкиҳо савдо бо мамлакатҳои Ғарбу Ҷануб, инчунин дар дохили худи Осиёи Миёна тараққӣ кард. Ҳаёти шаҳр, ҳунармандӣ ва обёрӣ каму беш инкишоф ёфтанд. Яъне ин даврае буд, ки қувваҳои истеҳсолии дар натиҷаи забткориҳои Юнону Македониҳо харобшуда, аз нав барқарор мегардид ва муттаҳидшавии бохтариҳо, суғдиён, портҳо ва дигар халқҳои Осиёи Миёна бар зидди Селевкиҳо меафзуд. Дар натиҷа дар миёнаи асри III то мелод сатрапияҳои Бохтар ва Порт мустақил шуданд.
Дар ин давра подшоҳони селевкиҳо Антиохи II (солҳои 261 — 246 то мелод) ва дар охир Селевки II (солҳои 246 — 236 то мелод) ба ҷанги зидди сатрапҳои Ғарбӣ машғул буданд. Дар Осиёи Миёна бошад, халқ бар зидди зулми юнониёну македониҳо шӯриш бардоштанд. Аммо ин шӯришҳоро ашрофоти юнонӣ ба манфиати худ истифода бурданд. Соли 250 пеш аз мелод Диодоти юнонӣ роҳбарии шӯришро ба ӯҳда гирифта буд. Шӯриши мазкур танҳо ҳаракати зиддиселевкӣ дошта, ҳанӯз характери зиддиюнонӣ нагирифта буд.
Дар Бохтар бошад, воқеа ранги дигар гирифт. Аз ҳаракати халқӣ бар зиддӣ юнониёну мақдуниҳо дар Бохтар Аршак ном намояндаи қабилаи доғҳо ё париҳо, ки дар наздикии дарёи Тадҷан зиндагӣ мекарданд моҳирона истифода бурд.
Селевкиҳо на танҳо халқро бераҳмона истисмор мекарданд, балки доираи нуфузи аристократияи ғуломдории маҳаллиро танг карда, онҳоро аз ҳаёти ҷамъиятии мамлакат дур мекарданд. Аз ин рӯ, муносибати байни ашрофи маҳаллӣ ва ҳокимони юнону бохтарӣ хеле тезу тунд гардида буданд. Нақши асосиро дар ин вазъият халқи шӯришбардошта мебозид.Халқ аз сиёсати пешгирифтаи ҳокимони охирини хонадони Селевкиён норозӣ буд.
Хусусан дар замони ҳукмронии Селевки III (солҳои 226 — 223 то мелод), Антиохи III (солҳои 223 — 187 то мелод) зиддиятҳои дохилии давлат хеле пурзӯр гардида буд. Ҳамин буд, ки дар давраи ҳукмронии яке аз намояндагони охирини хонадони Селевкиён Антиохи IV (солҳои 186 — 95 то мелод) дар натиҷаи мустақил гаштани сатрапияҳои Осиёи Марказӣ мавқеи Селевкиён хеле заиф гардида дар солҳои 83 — 69 то милод дар ин ҷо онҳо мавқеъи худро пурра аз даст медиҳанд.
Дар нимаи дуюми асри III то мелод тамоми ҳудуди Портро шӯришҳои халқӣ фаро гирифта буд. Аз ин Аршак моҳирона истифода бурда, ҳокими Порт Андрагорро кушта, худро подшоҳ эълон намуд. Ташкил шудани давлати Порт зиддияти байни он ва давлатҳои Селевкиёну Юнону Бохтарро пурзӯр намуд.
Сипас подшоҳи Юнону Бохтар Диодот бо подшоҳи Селевкиҳо Селевки II бар зидди Аршак иттифоқ баст. Азбаски Селевк ба ҷанги зидди подшоҳи Миср Птоломей III банд буд, ба муқобили Порт лашкар кашида натавонист. Диодот бошад аз сустии қувваи хеш тарсида, бар зидди Аршак рӯирост ба ҷанг надаромад. Аршакиҳо бошанд аз фурсат истифода бурда, шоҳии Гирканияро ба худ ҳамроҳ карданд. Баъди вафоти Аршак бародари ӯ Тиридат (248 — 211 т.м.) сиёсати зидди Юнону Мақдуниро идома дод.
Пас аз ҷанги сеюми суриягӣ соли 238 пеш аз мелод Селевки II бо дастгирии Диодоти I бар зидди Порт ба ҷанг даромад. Подшоҳи Порт Тиридат барои ёрӣ гирифтан ба қисми шимолии мамлакати худ ақибнишинӣ кард, ки дар он ҷо қабилаҳои кӯчманчӣ — апасиакҳо мезистанд. Тиридат аз апасиакҳо ва Хоразм ёрии ҳарбӣ гирифта, бар зидди Селевки II ва Диодоти I бомуваффақият ҷангид. Дар рафти ҷанг Диодоти I ҳалок гардид. Писараш Диодоти II бошад сиёсатро дигар карда, робитаро бо Селевки II қатъ намуда, бо Тиридат шартномаи сулҳ баст.
Амалиёти Диодоти II ба аристократияи юнонӣ, хусусан ба пешвои онҳо Евтидем маъқул нашуд. Бинобар он Евтидем табаддулоти дарборӣ гузаронида, Диодоти II ва тамоми пайравони ӯро нест кард ва худаш (тахминан аз соли 212 т.м.) подшоҳи Бохтар шуд. Ӯ кӯшиш мекард, ки сарҳадашро аз ҳуҷуми сакоиҳою массагетҳо муҳофизат намояд. Селевкиҳо, ки дар Ғарб машғули ҷанг буданд, ба корҳои Порт ва Юнону Бохтар дахолат карда натавонистанд.
Соли 211 то мелод пас аз Тиридат Артабони I (солҳои 211 — 196 то мелод) подшоҳи Порт шуд ва сарҳадашро то Экботан васеъ намуд. Порт дар ин давра рӯ ба таназзул оварда буд. Подшоҳи Селевкиҳо Антиохи III (солҳои 223 — 187 то мелод) давлати худро ҳаматарафа мустаҳкам намуда, Порт ва давлати Юнону Бохтарро мутеъи худ гардонид. Аммо пас аз ба Ҳиндустон ва Миср сафар карданаш ин ҷойҳо боз мустақил гаштанд.
Подшоҳи Юнону Бохтар Евтидем аз Порти сустгашта наметарсид ва чун ҳамеша аз ҳуҷуми тарафи шимол дар хавфу хатар буд. Ба ҳайати давлати Евтидем бойтарин ноҳияҳо — Бохтар, Суғд, Арея ва Марғиён дохил мешуданд. Халқҳои барзгари ин ноҳияҳо бо бодиянишинҳо ҳамеша муносибати иқтисодӣ ва доду гирифт доштанд.
Порт бошад бо ёрии апасиакҳо бо шимол муносибати хуб дошт. Евтидем мехост, ки иқтидори иқтисодии давлати худро пурзӯр ва доираи ҳукмрониашро васеъ намояд. Аммо ин корро аз ҳисоби Хоразм ва Фарғона карда наметавонист. Зеро нафрати халқҳои маҳаллӣ нисбат ба юнониҳо зиёд буд ва кӯшиши забт намудани ин ноҳияҳо ба муттаҳид гардидан ва ба муборизаи якҷоя бархостани мардуми Хоразму Фарғона ва халқҳои мазлуми дохили давлати Юнону Бохтар оварда мерасонид. Бинобар ин Евтидем ба забт намудани Ҳиндустон шурӯъ намуд, ки ин корро писари ӯ Деметрий (солҳои 200 — 167 то милод) анҷом дод.
Пеш аз ҳуҷум намудан ба Ҳиндустон Деметрий дар идоракунии давлат ислоҳот гузаронид. Вай дар дохили давлат якчанд ноҳияҳо ташкил дода, ба монанди Искандари Мақдунӣ аъёну ашрофи маҳаллиро ба ҳаёти сиёсии мамлакат ҷалб намуд. Ӯ ният дошт, ки бо ин роҳ ба муттаҳидшавии онҳо халал расонад.
Пас аз забт кардани Ҳиндустон Деметрий пойтахтро ба ҷануб, ба шаҳри Таксил кӯчонд. Аз вазъият истифода бурда, дар шимолии Бохтар шӯриши калони халқӣ ба вуҷуд омад. Аз ин шӯриш истифода бурда, соли 174 то мелод яке аз саркардаҳои гарнизони юнонӣ Евкратид табаддулот гузаронид ва баъдтар ба шимоли Ҳиндустон ҳуҷум кард. Деметрий, ки бар зидди Евкратид баромада буд шикаст хӯрда, соли 167 то мелод кушта шуд.
Баъд аз ин давлати Юнону Бохтар ба чанд ҳокимигариҳои хурд тақсим шуд. Порт бошад пурқувват гашта, қӯшунҳои худро ба сарҳади ғарбии давлати Юнону Бохтар даровард. Ҳокими Порт Митридати 1 (172 — 138 то мелод) ба осонӣ Марғиёнро гирифт, ки ин барои аз ҳайати давлати Юнону Бохтар ҷудо шудани Суғд ёрӣ расонид. Баъд Митридат ҳуҷумро ба Бохтар давом дода, сарҳади давлати худро то қисми ғарбии Ҳиндукуш васеъ намуд ва яке аз давлатҳои пурзӯри Шарқро ташкил намуд.
Ин воқеъа ба он оварда расонид, ки соли 155 то мелод Евкратидро писараш Гелиокл кушта, худро подшоҳи давлати Юнону Бохтар эълон кард. Вале рӯзҳои ҳукмронии юнониён дар Бохтар ба шумор монда буд. Дар байни солҳои 141 ва 128 то милод дар зери зарбаи қабилаҳои бодиянишини сакоию массагетҳо ҳукмронии юнониён дар Осиёи Миёна тамоман барҳам дода шуд.
Юнону Мақдуниҳо бештар аз 200 сол аҷдодони халқҳои Осиёи Миёнаро дар зери асорати хеш нигоҳ доштанд. Акнун дар ин сарзамин ба ташкил шудани давлатҳои пурқуввати маҳаллӣ замина пайдо гардид.
Davlati yunonu bohtar