Ҳукмронии Бассиан Каракалла
(солҳои ҳаёт: 188 – 211; СОЛҲОИ ҲУКМРОНӢ: 211 — 217) – императори Рим аз сулолаи Северҳо, писари Септимий Север ва бародари Гета мебошад.
Писари император Лутсий Сентимий Север аз никоҳи дуюм бо Юлия Домна дар пойтахти Галлия Лугдунум 4 апрели соли 188 ба дунё омадааст. Номи расмиаш Император Сезар, Марк Аврелий Север Антонин Август мебошад. Номи аслии ӯ то падараш дар соли 196 Сезар эълон кардан Бассиан буд, Баъди он бошад, бо Марк Аврелий Антонин иваз карда мешавад, тахаллусаш – Каракалла ё Каракалл, яъне «Плаши галлӣ бо каллапушаш» (аз лотинӣ:Caracallus).
Соли 197 ҳангоми лашкаркашии Септимий Север бар зидди портиҳо Бассиан трибун ва август эълон карда мешавад, соли 202 ба вазифаи консул мушарраф мегардад, соли оянда бошад, аз рӯи иродаи падараш ба Фулвия Плавсилл, ки духтари Плавсиани сарватманд буд, хонадор мешавад. Вале Бассиан дар оиладорӣ бадахлоқ ва бо хонумаш вафодор набуд. Падарарусашро бад медид. Баъди марги ӯ Бассиан боз ҳам бадахлоқтар мешавад. Додараш Публий Септимий Гета, ки соли 198 Сезар эълон карда шуда буд, дар бадахлоқӣ аз акааш ҳеҷ монданӣ надошт. Ҳанӯз аз овони кӯдакӣ дар байни бародарон бадбинии оштинопазир ҳукмрон мегардад, ки ба ин дарбориён низ даст доштанд.
Вақте ки хабари шӯриши варварҳо дар Британия то ба Рим омада расид, Септимий Север аз ин баҳона барои аз фазои фоҳишагии Рим дур кардани писаронаш истифода бурда, онҳоро бо ҳамроҳии худ ба ҷанг (соли 208) мебарад. Каракалла падарашро то Шотландияи Шимолӣ ҳамроҳӣ карда, дар баъзе мавридҳо фар.мондеҳии қӯшунро худаш ба зима мегирифт. Вале тамоми фикру андешаи ӯ танҳо барои худ тайёр кардани яккаҳокимиятӣ банд буд.
Каракалла бо ҳар роҳ додарашро таъқиб, тӯҳмат ва беобру мекард, инчунин мехост, ки артишро ба исёни зидди падараш бархезонад. Худаш боре бар зидди падараш шамшер ҳам бардошта будааст. Тавре гуфтаанд, тавассути заҳр марги падарро (4 феврали соли 211) тезондааст. Сарфи назар аз ақидаҳо ва овозаҳои гуногун қӯшун хоҳиши Септимий Северро ба назар гирифта, ҳарду бародарро император эълон мекунад. Каракалла ҳамон замон бо варварҳо сулҳ баста, артишро аз қаламрави давлати онҳо берун мебарорад, қалъаҳои дар он ҷо дар марҳалаи сохтмон қарордоштаро тоза карда, ба назди модараш меравад, бо Гета рӯякӣ бошад ҳам, оштӣ мешавад ва онҳо хокистари Септимий Северро ба Рим мебаранд.
Ҳанӯз дар роҳ дар байни бародарон нофаҳмию низоъ аз нав сар мезананд: ҳарду аз ҳамдигар шубҳа доштанд ва ба ҳамдигар бовар намекарданд. Дар Рим ҳар кадом дастаҳои муҳофизони худро ташкил карданд. Дар фикри он буданд, ки Империяро дар байни худ тақсим кунанд, вале ба ин модарашон муқобил баромад. Нақшаи Каракалла оид ба халосшавӣ аз додараш ба осонӣ ҳалли худро наёфт. Ниҳоят, ӯ аз модараш хоҳиш кард, ки ҳардуи онҳоро ба манзили худ барои оштӣ кардан даъват намояд, ва дар ҳамин ҷо 26 декабри соли 211 Гета дар болои дастони модараш ба қатл расонида мешавад.
Баъди куштор ӯ барои ҳимои худ гурехта, ба урдугоҳи сарбозон меравад ва ба онҳо ганҷу ҷавоҳироти падараш ҷамъкардаро ҳадя мекунад. Бо шарофати ин тӯҳфаҳои арзишманд сарбозон ӯро императори ягона эълон менамоянд. Бо амри Каракалла сарбозон ва дарбориёни Гета ҷамъ то 20.000 нафар ба қатл расонида мешавад. Дар қатори қатлшудагон ҳуқуқшиноси маъруф, дӯсти Септимий Север низ буд. Каракалла аз ӯ хоҳиш мекунад, ки барои ҳақ будани кушта шудани Гета дар Сенат баромад кунад, чунки ӯ қобилияти баён кардани далелҳои боварибахшу боэътимодро доштааст. Вале Попиниан гуфт: «Куштан осонтар аст аз сафед кардан».
Ислоҳоти давлатие, ки баъд аз соли 211 ба дигаргунсозиҳои Септимий Север баробар шуда метавонист, ислоҳоти Каракалла буд. Соли 212 мувофиқи эдикти (амри) император ҳамаи мардуми озоди Империя ҳуқуқи граждании Римро гирифтанд ва бо ҳамин ҷараёни паҳншавии ҳуқуқҳои гражданӣ ба аҳолии музофотҳо, ки дар асри I то милод оғоз ёфта буд, ба охир расонида мешавад. Дар қатори чорабиниҳои дигар ӯ андозҳои кӯҳнаро зиёд кард, инчунин аз касе, ки метавонист пул мерӯёнид, махсусан аз сенаторҳо. Воқеан, сенаторҳо вазифадор карда шуда буданд, ки дар ҳама ҷо бо император бошанд.
Каракалла дар Галлия бо алеманҳо ва тсеннҳо ҷанги бешарафона кард, вале сарфи назар аз ин, ӯ тахаллуси Alemannicus и Germanicus-ро мегирад. Дар Дакия бо сарматҳо ва гетҳо ҷанг кард, вале баъд ин музофотро ба ҳоли худ гузошта, ба Фракия меравад. Аз ин вақт сар карда ба таври хандаовар ба Искандари Макдунӣ тақлид карда, ба мамлакатҳои дурдаст лашкар мекашад, то ки мардуми онҳоро ғорат кунад. Каракалла аз Фракия ба Осиёи Хурд мегузарад ва дар Пергам барои табобат ба Эскулап муроҷиат мекунад, дар Иллион бошад, эҳтироми Ахиллро баҷо оварда, зимистонро дар Никомедия (214 – 215) мегузаронад, хиёнаткорона шоҳи осроенҳо Абгарро асир гирифта, шоҳигарии ӯро бо Империяи Рим ҳамроҳ кард.
Шоҳи Арманистонро бо писарҳояш ба назди худ хонда, ният дошт, ки бо онҳо дақиқан ҳамон хеле муносибат кунад, ки худи ӯ карда буд. Вале ба муқовимати ҳарбӣ рӯ ба рӯ шуд. Дастае, ки ба Арманистон фиристода буд, торумор карда мешавад. Каракалла ба воситаи Антиохия ба Искандария равон мешавад, чунки дар он ҷо мардум нисбати ӯ чун ба бародаркуш ва бо модараш алоқадошта имову ишора карда буданд. Дар Искандария Каракалла мардуми зиёдро қатл ва ба сокинон шаҳр ҷаримаҳои вазнин бор кард. Фармуд, ки хобгоҳи (аз юнонӣ: σισσίτια) файласуфонро хароб кунанд. Ба Антиохия баргашта, аз шоҳаншоҳи Порт Артабони V талаб кард, ки духтарашро ба ӯ ба шавҳар диҳад, вале ӯ ба ин розӣ нашуд. Ҷавобан Каракалла дар он ҷо қабрҳои шоҳҳои Портро ба хок яксон мекунад. Баъди ин Артабон V ба бастани сулҳ розӣ мешавад ва император Каракалларо дӯстонаю бо чеҳраи кушод пешвоз мегирад. Вале ҳангоми зиёфат Каракалла ба сарбозонаш фармуд, ки ба варварҳо ҳамла карда, онҳоро несту нобуд кунанд. Танҳо ба шоҳаншоҳи Порт ва қисми ками наздикони ӯ муяссар шуд, ки фирор карда, ҷон ба саломат баранд.
Вилоятҳои ғарбии шоҳаншоҳии Портро талаю тороҷ карда, Каракалла сафиронро ба Сенат фиристонид, то ки ба сенаторҳо дар бораи ғалабаҳои ӯ маълумот диҳанд. Баъди ин сенаторҳо ӯро бо унвони «Портии Бузургтарин» сазовор донистанд. Аммо аҳдшикании Каракалла ва амалҳои таҳқиромез нисбати қабрҳои шоҳҳои Порт қаҳру ғазаби портиҳоро ба вуҷуд оварда буднд. Онҳо қувваи бузург ҷамъ карда, бар зидди Каракалла лашкар маекашанд. Вазъи ҷиддиро дарк карда, префекти преторияи императорӣ Макрин ба хотири гирифтани пеши роҳи идомаи ҷанг бар зидди Каракалла сӯиқасд тайёр кард ва фармуд, ки ӯро дар роҳ аз Адесса ба Ҳаррон (Карра) ба қатл расонанд. Ин суиқасд 8 апрели соли 217 бо қатли Каракалла анҷом ёфт.
Аз замони салтанати Каракалла вайронаҳои бузурги термҳо (Thermae Antoninianae) ва биноҳои мӯҳташами аз теппаҳои Авентин ғарбтар сохтаи Каракалла боқӣ мондаанд. Паҳнкунандаи ҷонии парастиши Изида, Каракалла ба масеҳиҳо нисбат ба падараш камтар фишор меовард.
Каракалла безурёт буд. Ҳолномаи ӯро Спартиан навиштааст. Маълумоти зиёд дар бораи ӯ аз Диён Кассий ва Геродиан, ки дар замони Каракалла зиндагӣ карда буд, боқӣ мондааст.