Пурзӯршавии ҳокимияти император дар аҳди Флавийҳо
БА ТАХТИ ИМПЕРАТОРӢ СОҲИБ ШУДАНИ СУЛОЛАИ ФЛАВИЙҲО (СОЛҲОИ 69 – 96 ). Баъди ҷанги начандон дуру дарози гражданӣ (солҳои 68 – 69), ки дар рафти он якчанд ҳокими ноӯҳдабаро (Галба, Отон, Вителий) иваз шуда, тахту тоҷи императориро ба таври таҳкимбахш сулолаи нав – Флавийҳо соҳиб мешавад. Императори якум аз хонадони Флавийҳо Тит Флавий Веспасиан (падар: солҳои 69 – 79) баромади ашрофӣ надошта, аз шаҳраки сабинии Реат буд. Веспасианро воқеаи зерин ба сари қудрат овардааст: қушуни Рим дар зери фармондеҳии Веспасиан дар Яҳуд барои пахши шӯриш бар зидди Рим дар охирҳои принсипати Нерон (Ҷангм якуми Яҳуд) фиристода мешавад. Дере нагузашта легионҳои дар Дунай мустақарбудаи Антоний Прима ба нерӯҳои Веспасиан мепайванданд. Ҳамин тариқ, Веспасиан дар муҳорибаи назди Кремон ғолиб мебарояд, ки он ҳамчун муҳорибаи дуюми назди Бедриак (соли 69) маълум аст. Ҳокимияти Веспасианро ду писари ӯ – Тит Флавий Веспасиан (солҳои 79 – 81) ва Тит Флавий Доминитсиан (солҳои 81 – 96) мерос гирифтаанд.
Гней Юлий Агрикола Юлий Сивилис Антоний Прима
ТИТ ФЛАВИЙ ВЕСПАСИАН (ПАДАР: АСОСГУЗОРИ СУЛОЛАИ ФЛАВИЙҲО. Солҳои 69 — 79). Ӯ ба таърих бо номи Веспасиан дохил шудааст. Чун Октавин Август, Веспасиан низ бояд баъди ба анҷом расидани ҷанги гражданӣ баҳри ором шудани вазъият ғамхорӣ зоҳир мекард. Зарур буд, ки таъҷилан хазина пур, интизом дар артиш барқарор ва сарҳадҳо мустаҳкам карда шаванд, ки ҳифзи онҳо бо сабаби ба тарафи дигар ҷалб карда шудани қӯшунҳо хеле заиф шуда буд. Ғайр аз ин, яҳудиҳое, ки дар охирҳои ҳукумати Нерон (соли 66) шӯриш бардошта буданд, ҳоло ҳам муқобилият нишон медоданд. Дар музофотҳои Галлия ҳаракати қувваҳое, ки барои ҷудошавӣ аз Империя бо сардории Юлий Сивилис, ки дар гузаштаи наонқадар дур афсари қӯшунҳои ёрирасони Рим буд, оғоз ёфта, точанде қувват мегирифт. Ҳаракати Сивилисро баъзан шӯриши батавҳо ҳам меноманд, чунки қувваи асосии онро ҷузъу томҳои қӯшунҳои ёрирасони Рим, намояндагони ҳамин қабила ташкил карда, бар зидди Рим яроқ ба даст гирифта буданд ва, ниҳоят, боз яке аз объектҳои ғамхории император бояд шаҳри Рим мешуд, ки дар рафти сӯхтори соли 69 сахт зарар дида буд.
НАВГОНИҲОИВЕСПАСИАН (ПАДАР) ДАР ИДОРАИ ДАВЛАТ. Ҳамаи ин вазифаҳоро император бомуваффақият иҷро намуд. Ба Веспасиан муяссар гардид, ки хазина аз ҳисоби сарфакории сахттарин, бекор кардани имтиёзҳо аз андоз, ки пешгузаштагони император ба баъзе вилоятҳои Юнон (Ахайя, Ликия, Родос, Византий, Самос) дода буд ва аз ҳама муҳимаш аз ҳисоби ҷорӣ карда шудани андозҳои нав, ки дар фикр карда ёфтани онҳо Веспасиан воқеан мӯъҷизаю ботадбирӣ зоҳир намуда буд. Масалан, ба андозбандӣ ҳоҷатхонаҳои ҷамъиятӣ низ фаро гирифта шуданд. Барои ин принсепсро дар ҷомеаи баландпояи Рим ва ҳатто писари Вестпасиан ҳам бо заҳрханда мазоқ мекарданд.
Веспасиан сиёсати молиявии падарашро ба зери танқид гирифта, ӯро бовар мекунонд, ки андози бо ном машҳури худро бекор кунад. Сарфи назар аз ин, бояд эътироф кард, ки ин тадбир ва тадбирҳои дигари дар байни мардум беобрӯ натиҷаҳои мусбати худро оварданд. Ба Вестпасиан муяссар гардид, ки норасоии бузургро дар буҷет, ки дар натиҷаи идораи давлат бидуни сарфакории Нерон ва талафот дар ҷанги гражданӣ ба вуҷуд омада буд, бартараф намояд. Рақамҳои аниқро дар ин бора дар ихтиёрамон надорем, вале мувофиқи шаҳодати Светоний император худаш гуфта будааст, ки ба ман 40 миллиард сестерсий лозим аст, ки давлати Римро ба по гузорам. Бинобар ин, вазъи молияи Империя дар замони Веспасиан нисбат ба давраи гузашта қатъиян беҳтар шуда будааст, ҳатто сарфи назар аз он, ки хароҷот зиёд шуда, он ба азнавбарқароркунии Рим ва оғози сохтмони Колизей – калонтарин амфитеатри Флавийҳо, алоқаманд буд.
Тит Флавий Веспасиан Тит Флавий Веспасиан Тит Флавий
(падар) (писар) Домитсиан (писар)
Веспасиан дар зада гардонидани хатарҳои ҷангӣ низ муваффақ буд. Дар оғози тирамоҳи соли 70 муҳосираи нимсолаи маркази асосии муқовимати яҳудиҳо — шаҳри Байтйлмуқаддас (Иерусалдим) таслим мешавад ва дар дасти шӯришбардоштагон танҳо якчанд қалъаи дар муҳосирамонда боқӣ монда буд, ки баъд римиҳо ҳамаи онҳоро ҳам пасиҳам ишғол менамоянд. Яҳудиҳои мағлубшуда бояд ба фоидаи ибодатгоҳи худои Рим — Юпитер аз ҳисоби ҳамон пуле андоз пардохт мекарданд, ки қаблан ба хазинаи ибодатгоҳи Яхва дар Байтулмуқаддас (Иерусалим) месупориданд. Тақдири ояндаи ӯ бо сабаби камбудиҳо дар сарчашмаҳои таърихӣ он қадар маълум нест. Вале маълум аст, ки танҳо як чиз – ҳокимияти Рим дар Ғарб бо пуррагӣ аз нав барқарор карда шуда будааст.
Веспасиан артишро аз нав сохт, ки он дар солҳои ҷанги гражданӣ рӯ ба бенизомӣ оварда буд. Дар натиҷаи ин тартибу интизом дар артиш барқарор мегардад. Ҷузъу томҳои беэътимод пароканда карда шуда, сарбозоне, ки дар онҳо адои хизмат мекарданд, ба ҷузъу томҳои дигари артиш тақсим карда шуданд. Легионҳое, ки ҳангоми бетартибиҳо дар Галлия ва Рейни Поён ба шӯришгарон пайваста буданд, пароканда ва бо легионҳои нав иваз карда шуданд. Когортаҳои преторӣ ва шаҳрӣ, ки ин вақт шумораи онҳо хеле зиёд шуда буд, то он дараҷае ихтисор карда шуданд, ки дар вақташ Октавиан Август муқаррар карда буд, яъне аз 9 когортаи преторӣ ва 3 когортаи шаҳрӣ иборат мешавад.
ҲОКИМИЯТИ ИМПЕРАТОР ДАР АҲДИ ВЕСПАСИАН (ПАДАР). Ҳокимияти император аз тарафи Веспасиан таҳким бахшида шуд ва аз дидгоҳи асосҳои бунёдии меъёрҳои ҳуқуқӣ ва такягоҳи иҷтимоӣ ба ормонҳои ҷомеаи Рим мувофиқ шуд. То замони мо кам бошад ҳам, навиштаҷоти муҳиме боқӣ мондааст, ки он «Қонун дар бораи ҳокимияти Веспасиан» («leх de imperio Vespasiani») ном дорад. Қонуни мазкур ҷузъҳои парокандаи ваколатҳои императорро дар маҷмӯаи муштараки ягонаи ҳуқуқӣ муттаҳид сохт, ки ҳамаи қисматҳои он (ҳокимияти империӣ, трибунӣ ва ғайраҳо) бо ҳамдигар алоқаманд мебошанд.
Муҳим аст қайд карда шавад, ки Веспасиан ҳисоби вақти ҳокимияти худро нисбат ба пешгузаштагонаш, ки аз вақти тасдиқ дар Сенат оғоз мекарданд, фарқ кунонид. Веспасиан оғози ҳокимияти худро аз рӯзи ӯро император эълон кардани артиш – 1 июли соли 69 шуморид. Ин тасмим дар бораи нақши ҳалкунанда доштани артиш дар интихоби ӯ мувофиқат мекунад. Ҳайати Сенат баъди Клавдий нахустин бор бо шумораи зиёди сенаторҳои баромадашон аз музофотҳои италиягӣ пурра карда шуд. Дар аҳди Веспасиан ва меросхурони ӯ шаҳрҳои зиёди музофотӣ ҳуқуқи римӣ ё ҳуқуқи лотинӣ гирифтанд.
Бо шарофати тағйирёбии ҳайати Сенат, ба Веспасион лозим намеомад, ки бо ягон хел оппозитсияи пурзӯр рӯ ба рӯ шавад. Танҳо ягона шахсе, ки душмании оштинопазири ӯ буд, баъди ба сари ҳокимият омадан принсепс ӯро аввал бадарға кард, баъд соли 75 фармон дод, ки қатл карда шавад, Гелвитсий Приск, домоди Тразен Тета буда, дар замони Нерон бо дессидентӣ маълум буд. Баъдтар Веспасиан на як бору ду бор оид ба ин фармони худ афсус хурдааст; агар ба Светоний бовар кунем, Веспасион ҳатто дар лаҳзаи охирин хостааст фармони худро бекор кунад, вале ин вақт Гелвитсий аллакай дар қайди ҳаёт набуд. Вале нисбати рақиби дигари худ — файласуф Деметрий, император бо он маҳдуд шуд, ки соли 72 ӯ ва киникҳои дигарро аз Италия пеш кард ва ба замми ин онҳоро пеон эълон кард, ки аз лотинӣ маънои «саги нар»-ро дорад. Бо ҳамроҳии киникҳо, ки анархистони антиқӣ ва ҷонибдорони мактаби стоикӣ буда, нисбати принсипат дар мавқеи як навъ «оппозитсияи ахлоқӣ» қарор доштанд, низ аз мамлакат ронда шуданд.
Сулолаи Юлийҳо – Клавдийҳо Ҷойи сукунати оилаиҳои
хонадони Юлийҳо – Клавдийҳо
Дар ҳамаи иқдомҳои худ император метавонист ба ҳамсафони наздиктарини худ – Гай Литсиний Мутсиан, дар гузаштаи начандон дур – легати Сурия ва дар рафти ҷанги граждании солҳои 68 – 69 иттифоқчии асосии Веспасиан буд ва писари калонии худ Тит баъди аз Шарқ фотеҳона баргаштан, ки префекти преторияи Мутсиан буд, такя кунад, ки охирин номбурда то замони вопасин — соли 75 ё 77 сармушовири принсепс будааст. Тит бошад, дар вазифаи фармондеҳи гурд масъули амнияти шахсии Весписиан ба ҳисоб мерафт. Падар бо онҳо вазифаҳои империи сарконсулӣ ва ҳокимият бар консулҳоро тақсим карда, солҳои 73–74 иҷрокунандаи вазифам сензорҳо, баҳисобгирандагони аҳолиро иҷро карда, рӯйхати нави аъзои Сенатро тартиб доданд. Ин ҳурмату эҳтиром барои он буд, ки афкори ҷамъиятӣ ба тарафи онҳо нигаронида шавад. Мардум донанд, ки меросхӯри Веспасиан писари калонии ӯ мешавад. Довталабони воқеӣ ба ҳокимият аз берун аз оилаи император Сетсина Алиен, собиқ ҷонибдори Вителлияи, ба тарафи Флавийҳо гузашта буд ва Эприй Мартселл, хабарбари маълум (delator)-и замони Нерон, ки дар солҳои охирини ҳаёташ дар дарбори Веспасиан нуфузи калон дошт, чанде пеш аз марги падараш аз ҷониби Тит яктарафа карда мешаванд. Вақте ки соли 79 дар натиҷаи оббозии аз ҳад зиёд дар оби хунук Веспасианро сармо зад ва дар мулкаш (Сабин) вафот мекунад, Тит дар роҳи ба тахти императорӣ нишастан ба ягон моне дучор намешавад.
Оташфишонии вулқонм Везувий соли 79. Помпей зери хокистару оташ мемонад.
ТИТ ФЛАВИЙ ВЕСПАСИАН (ПИСАРИ КАЛОНӢ) (СОЛҲОИ 79 – 81) Идораи начандон дуру дарози Тит асосан бо ду фоҷеаи калон маълум аст: сӯхтори Рим дар соли 80), ки аз рӯи андозаи талафот ба сухтори Рим дар соли 64 дар аҳди Нерон ва оташфишонии вулқони Везувий шаби 18 ба 19 моҳи июли соли 79, ки шаҳрҳои Помпей, Геркуланум ва Стабияро аз рӯи замин несту нобуд кард, баробар буд. Сарфи назар аз ин, муаллифони қадим ба меросхӯри Веспасиан баҳои хеле баланд дода, ӯро «дилбардори насли одам» номидаанд, вале дар зери ин баҳодиҳии воқеан аз ҳад зиёд чӣ мазмуне ниҳон аст, бо ду сабаб муайян кардан мумкин нест: сабаби якум, ҳангоми дар қайди ҳаёт будани падараш Тит муқобилияти хурдтаринро бар зидди ҳкимияти Флавийҳо пахш карда, обрӯи ниҳоят пас ба даст овард. Бинобар ин, аз ӯ кирдорҳои разилтаринро интизор шудан мумкин буд. Вале вақте ки ин интизорӣ рост намебаромад, ӯ ҳамон қадар девонагӣ мекард; сабаби дуюм, замони ҳукмронии Тит хеле кӯтоҳ буд ва тасаввур кардан мушкил нест, ки агар аз императорони то ӯ ҳукмроникарда (Тиберий, Калигула, Нерон) бисёртар умр дида, ҳукуумати худро аз изҳоротҳои либералӣ, мисли Октавиан Август ҳама чизро ваъда карда, баъд ба ҳукмронии бераҳмона гузашта, акси садои манфии афкори ҷомеаро ба вуҷуд меовард, мулоҳизаи римиҳо нисбати ӯ чӣ тавр мебуд. Ҳар хеле, ки набошад, моҳи сентябри соли 81 Тит дар ҳамон мулки дар замини сабинҳо воқеъбуда, ки ду сол қабл аз ин падараш вафот карда буд, аз дунё даргузашт. Мувофиқи ривоятҳо, Тит танҳо аз як кор пушаймонӣ изҳор карда будааст: фармон надодааст, ки бародараш Домитсианро қатл кунанд ва ба ҳамин васила хатаре, ки ба давлати Рим таҳдид мекард, пешгирӣ намояд.
ҲУКМРОНИИ ИМПЕРАТОР ДОМИТСИАН (ПИСАРИ ХУРДӢ: СОЛҲОИ 81- 96). Намояндаи сеюм ва охирини сулолаи Флавийҳо Домитсиан самти сиёсии ҳукмронии падар ва акаи худро нисбати он чӣ ки ба музофотҳо ва сиёсати хориҷӣ дахл дошт, идома дод. Домитсиан низ ҳамон дараҷа ба музофотиҳо ҳуқуқи гражданӣ тақдим карда, ба мансабадорон хеле сахт назорат мекард, гунаҳгорон ва ашхоси фасодпешаро ба суд мекашид. Нисбати амнияти сарҳадҳои Рейн ва Дунай ғамхорӣ зоҳир мекард ва бар зидди қабилаҳои хаттҳо ва дакҳо якчанд ҷанги мудофиакорона доир намуд. Дар замони ҳукмронии Домитсиан римиҳо заминҳои байни болооби Рейн ва Дунайро, ки Заминҳои Декуман (аз лотинӣ: agri dekumani) меномиданд, ишғол мекунанд. Номи минтақаи мазкур аз номи андози аз даҳ як ҳиссаи ҳамаи даромадҳое омадааст, ки аҳолии маҳаллӣ ба фоидаи Рим пардохт мекард. Истилои заминҳои декумен алоқаи байни ҷузъу томҳои қӯшунҳои мустақар дар Рейн ва Дунайро таъмин мекард: бо ҳамин мақсад дар ин ҷо роҳи ҳарбӣ сохта шуда, он ба воситаи истеҳкомҳои сарҳадӣ панаҳ карда мешуд. Дар Британия лашкаркаши Доминсиан Гней Юлий Агрикола, падараруси таърихнигор Татсит, бар зидди қабилаҳои маҳаллӣ як қатор амалиётҳои ҳарбии бобарор мебарад, флоти ӯ бошад, ҳатто ҳудудҳои шимолии ҷазираро давр зад.
Дар баробари ин, дар муносибатҳо бо ҷомеаи Рим Домитсиан бо роҳи террористии Юлийҳо — Клавдийҳо баргашта, мурофиаҳоро ба муқобили бузургон (соли 83) аз нав оғоз намуд. Таъқибот махсусан баъди исёни Сатурнин (соли 88) пурзӯр мешавад, ки он на барои Империя ва на шахсан барои Домитсиан ягон мушкилие ба бор наоварданд, чунки сарвари шӯриш аз тарафи худи легионерҳо ба қатл расонида мешавад. Сарфи назар аз ин, мавҷи террор торафте баландтар мешуд ва бо ҳамроҳии он оппозитсияи зидди Домитсиан дар доираҳои баландпояи ҷомеаи Рим низ афзун меёфт. Такягоҳро дар боло аз даст дода, император кушиш ба он мекард, ки ба дастгирии легионерҳои оддӣ муваффақ шавад. Аз ин рӯ, аз ҳисоби камбағалони пойтахт соле шумораи онҳоро то 300 легионер зиёд карда, дар баробари ин, баҳри ба тарафи худ кашидани омма барои онҳо ҳар гуна тамошою базмҳо ташкил мекард. Вале солҳои 89 ва 94 стоикҳою киникҳоро аз Италия пеш кард, чунки Домитсиан онҳоро асоси ғоявии эътирози мардум ба ҳокимияти худ мешуморид.
Дар замони ҳукмронии Домитсиан мутлақиятпешагӣ (абсолютизм) нисбат ба пешгузаштагони ӯ хеле сахттару шадидтар зуҳур ёфт, ки он бештар ба Флавийҳо хос буд. Меросхӯри Воспасиан ва Тит расман «ҷаноб ва худо» (аз лотинӣ: ominuset dues) ном бурда мешуд. Сенат, ки ҳайати он бо одамони нав пурра шуда буд, аз тарафи Домитсиан сахт назорат карда шуда, он ба мақоми идора мубаддал гардида, обрӯю эътибори боқимонда ва аҳамияти сиёсие, ки ҳанӯз дар асри Юлийҳо–Клавдийҳо боқӣ монда буд, пурра аз даст дод. Рамзи назорати императорӣ ба Сенат унвони сензори якумраи ӯст, ки Домитсиан онро соли 84 гирифта буд.
Сиёсати таъқибкоронаи Флавийи охирин натанҳо доираҳои болоии Рим, балки наздиконашро низ муқобили ӯ гардонид. Наздикони император ба муқобили ӯ сӯиқасд ташкил намуданд, ки ба он, малика — ҳамсари иператор Домитсия низ ҷалб карда шуд. 18 сентябри соли 96 Домитсиан ба қатл расонида шуд ва бо ҳамин ҳукмронии сулолаи Флавийҳо ба охир расид.