Фанни Таърих

Муттаҳидшавии италия дар зери ҳокимияти Рим. Федератсияи Риму Италия

МАРҲАЛАҲО ВА МУШКИЛИҲОИ МУТТАҲИДШАВӢ. Ҷараёни муттаҳидшавии Италияро ба зери ҳокимияти Рим ба 4 марҳала тақсим кардан мумкин аст:

Марҳалаи 1. Солҳои 509 – 390 то милод (аз оғози Ҷумҳурӣ то ҳуҷуми галлҳо) – давраи пастсуръат, лекин бемайлон болоравии иқтидори Рим.

Марҳалаи 2. Солҳои 390 – 343 то милод (аз ҳамлаи галлҳо ва то Ҷангҳои Самнитӣ) – марҳалаи азнавбарқароршавӣ ва васеъшавии минбаъдаи иқтидори Рим дар Италия.

Марҳалаи 3. Солҳои 343 – 290 то милод (Ҷангҳои Самнитӣ) – марҳалаи ҳалкунандаи мубориза барои дар Италия ҳукмрон шудан.

Марҳалаи 4. Солҳои 290 – 265 то милод (тобеъкунии мустамликаҳои юнонӣ ва ҷангҳо бо Пирр) – марҳалаи ниҳоии муттаҳидшавии Италия дар зери ҳокимияти Рим.

МАРҲАЛАИ ЯКУМ: СОЛҲОИ 509-390 ТО МИЛОД. Барои марҳалаи аввал асосан ҷангҳои беист ва бисёр вақт бефоида бо ҳамсоягон – этрусскҳо дар шимоли мамлакат, эквҳо ва волскҳо дар ҷануб ва шарқ хос аст. Анъанаҳо дар бораи қаҳрамонию футуҳоти зиёди римиҳо нақл мекунанд, аз он ҷумла дар бораи ғалаба бар душманон, вале ин ба қиссаю ривоятҳои ниёгони онҳо мансуб аст. Дар байни қиссаҳои сершумор чандтои онҳоро, ки воқеӣ ба назар мерасанд, қайд кардан зарур аст.

1. Соли 493 то милод баста шудани шартномаи Рим бо лотинҳо. Ин шартнома баробарҳуқуқу дифоӣ ва ҳамлакунанда буда, дар асоси он ҳамаи ғаниматҳо, заминҳои бадастомада ва ғайра бояд дар байни иттифоқчиён баробар тақсим карда мешуданд. Вале бояд таъкид кард, ки ин шартномаи Рим бо мақсади таъсиси федератсияи лотинҳо, ки 8 шаҳрро муттаҳид мекард, аллакай баста шуда буд. Аз ин рӯ, ҳанӯз ҳамон вақт Рим дар мақом аз ҳар шаҳри дигари Лотин болотар меистод.

2. Ҷангҳои римиҳо бо шаҳри этрусскии Вей бо муҳосираи даҳсолаи шаҳр ва соли 396 то милод ба ишғоли он анҷом ёфт. Агар мӯҳлати муҳосираи даҳсоларо ба кушиши римиҳо оид ба аз таърихи худ футуҳоте чун Ҷангҳои Троя нисбат диҳем, пас ҷорӣ кардани пардохти маош ба ҳарбиён дар ҷараёни ин ҷангро далели таърихӣ шуморидан мумкин аст. Ба даст двардани шаҳри Вейро анъаноти Рим ба диктатор Марк Фурий Камилл нисбат медиҳанд, ки ӯ лашкаркаши шӯҳратманди Ҷумҳурӣ Рими Барвақта будааст. Ҳамин тариқ, дар оғози асри IV то милод дар натиҷаи музаффарият дар тамоми ҷабҳаҳо Рим ба яке аз ҷомеаҳои пурзур дар Италияи Марказӣ мубаддал мешавад. Вале соли 390 то милод ба Рим чунон зарбаи сахттарине зада шуд, ки он ишғоли Италияро аз тарафи Рим ним аср боздошт.

Дар оғози асри IV т.м. дар натиҷаи муваффақият дар ҷанг, дар тамоми ҷабҳаҳо сулҳ баста шуд. Рим дар ҷанубии Италия ба яке аз ҷамоаҳои пуриқтидортарин мубаддал мегардад. Вале соли 390 т.м. ногаҳон ба худ зарбаи мудҳишеро аз ҷониби галлҳо қабул кард, ки дар натиҷаи он ишғолгариҳои Римро дар Италия ба мӯҳлати 50 сол боздошт.

МАРҲАЛАИ ДУЮМ: СОЛҲОИ 390 — 343 ТО МИЛОД. Марҳалаи дуюми таърихи Ҷумҳурии Рим аз истилогариҳои машҳури галлҳо дар соли 390 то милод оғоз меёбад. Галлҳо ба шимоли Италия ҳамла мекунанд ва аз минтақаи Алп сар карда то тамоми дарозии дарёи По сокин мешаванд. Лекин галлҳо ба заминҳои ишғолкардаи худ қонеъ нашуда, тохтутози худро акнун дар Этрурия ва Умбрия низ давом медиҳанд. Соли 390 то милод қӯшунҳои сершумори галлҳо дар зери фармондеҳии Бренн шаҳри этрусскии Клузийро муҳосира намуданд. Сокинони Клузий барои расонидани кӯмак ба Рим муроҷиат карданд ва римиҳо сафирони худро ба он ҷо фиристоданд, то ки воқеаи рухдодаистодаро ба маҷрои осоишта равон кунанд. Вале натанҳо рисолати худро иҷро накарданд, балки дар муҳориба аз тарафи Клузий иштирок намуданд. Дар ин ҳолат Бренн муҳосираи шаҳри Клузийро қатъ карда, бо ҳамроҳии тамоми қабилааш ба ҷониби Рим раҳсипормешавад.

Римиҳо ба пешвози галлҳо баромаданд, вале дар набарди дар соҳили дарёи Аллий (шохоби Тибр) ба амаломада аз тарафи галлҳо пурра торумор шуданд. Рӯзи муҳориба аниқ — 18 июли соли 390 то милод муайян карда шудааст. Ин рӯз дар тули садсолаҳо рӯзи мотам, ёдоваории фоҷеаи шикастхӯрӣ дар назди Аллийи Рим ҳисобида мешуд. Баъд аз ғалаба галлҳо ба Рим зада даромадаанд, вале қалъаи шаҳр — Капитолийро ба даст оварда натавонистанд. Муҳосираи Рим аз тарафи галлҳо оғоз ёфт. Дар ин бора қиссаҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд. Яке аз онҳо дар бораи чӣ тавр мурғобиҳо – паррандагони муқаддаси олиҳа Юнона ибодатгоҳро, ки дар Капитолий воқеъгардида буд, наҷот додаанд, нақл мекунад. Шабонгоҳ галлҳо ҷидду ҷаҳд ба харҷ доданд, то ки аз ҷойи мушкилгузаре ба болои қалъа хазида бароянд. Вале фарёди мурғобиҳоро шунида, ҷанговарони римӣ бо тезӣ ба он ҷо омада расиданд ва ин ҳиллаи галлҳо барои онҳо натиҷаи дилхоҳ надод.

Баъди муҳосираи 7-моҳа дар байни галлҳо ва Рим гуфтушунид оғоз меёбад. Галлҳо чунин шарт пешниҳод намуданд: ба ҳамон шарте муҳосираи Римро аз байн мебардоранд, ки римиҳо ба ивази ин кор товони ҷанг бидиҳанд. Тавре сарчашмаҳо нақл мекунанд, вақте ки аллакай мабла-и товон ҳисоб карда шуда буд, лашкаркаши галлҳо Бренн назди тарозу омада, шамшери вазнини худро ба болои сангҳои тарозу гузошт. Аммо римиҳо эътироз карданд. Ба эътирози римиҳо ӯ сухани машҳури худро баён дошт: “Бадбахтӣ ба шикастхӯрдагон” (Vae victis).

Ҳамлаи галлҳо барои римиҳо санҷиши вазнине буд, вале римиҳо онро бардошта тавонистанд ва дар даҳсолаҳои оянда натанҳо обурӯю эътибори худро аз нав барқарор намуданд, балқи қаламрави давлаташонро васеъ карда, ҳукмронии худро дар қисми зиёди Италия муқаррар намуданд, Ба ин ду омил мусодат намуд: дар минтақаҳои ишғолшуда ташкил намудани мустамликаҳо, ки қалъаҳои фатҳнашавандаи ҳокимияти Рим гардиданд ва ба амал баровардани силсилаи дигаргунсозиҳои ҳарбие, ки шартан аз рӯи номи лашкаркаши машҳури Рим «Ислоҳоти Камилл» номида шудааст. Ин ислоҳот натанҳо камбудиҳои ташкилии артиши Римро, ки шикасти онро аз тарафи галлҳо нишон дод, бартараф кард, инчунин:

1. Принсипи ҷойи ҷанговар (воҳиди ягонаи ҷангӣ дар артиши Рим) дар легион тағйир дода шуд. Ба ҷойи асоси амволӣ меъёр сину сол дараҷаи тайёрии ҳарбии ҷанговар ба ҷойи аввал баромад. Дар муҳорибаҳо дар хати аввал бояд ҷанговарони аз ҳама ҷавонтаринҳо меистоданд, дар хати дуюм – ҷанговарони таҷрибаноку бакамолрасида, яъне онҳое, ки қобилияти баланди ҷангӣ доштанд, дар хати сеюм – собиқадорон;

2. Инчунин принсипи сохтор ва сафкашии легион низ тағйир дода шуд. Акнун легион ба 30 манитал – дастаи серҳаракат тақсим мешуд;

3. Аслиҳаи легионерҳо, аз қабили тоскулоҳ, сипар, ҷавшан, найзаҳои паррон ва ғайра такмил дода шуд.

МАРҲАЛАИ СЕЮМ: СОЛҲОИ 343 — 290 ТО МИЛОД. Марҳалаи сеюм шартан «Ҷангҳои Самнитӣ» номгузорӣ шудааст. Шартӣ бо он сабаб, ки дар зарфи ин 50 сол ба Рим зарур омад, ки бо этрусскҳо, галлҳо ва халқҳои дигари Италия ҷанг пеш барад, вале рақиби пурхатари римиҳо самнитҳо буданд. Ин марҳала замоне буд, ки бояд ба саволи оё Рим метавонад хуҷаини тамоми Италия шавад, ҷавоб дода шавад ва ин масъала ба фоидаи Рим ҳал шуд.

Бархурди нахустини римиҳо бо самнитҳо соли 343 то милод дар Капуя, шаҳри бойтарини вилояти Кампания ба амал омад. Капуя заифии ҳарбии худро дар назди самнитҳо эҳсос намуда, ба Рим сафорат равон карда, бастани иттифоқро пешниҳод намуда, хоҳиш кард, ки ба муқобили самнитҳо аз он пуштибонӣ намояд. Римиҳо, сарфи назар аз хатари ҷанг, бо самнитҳо ба ин пешниҳод розигӣ доданд. Вале ин вақт ҷанг оғоз нагардид, чунки ҳарду тараф ҳам ба ҳалли мушкилоти худ машғул буд. Барои Рим масъалаи муносибатҳо бо лотинҳо вуҷуд дошт, ки дар он ӯҳдадории тарафҳо барои тақсимоти баробари ғанимат аз ҷангҳо низ зикр ёфта буд. Вале римиҳо шартҳои қарордоди кӯҳнаро бо лотинҳо риоя накарда, ғаниматро аз заминҳои ишғолкарда бо онҳо тақсим намекард ва намояндагони онҳоро ба ҳайати фармондеҳии қӯшун роҳ ҳам намедоданд.

Ҳамаи ин омилҳо ба шӯриши лотинҳо («Ҷанги Лотинҳо» – солҳои 341 – 338 то милод) оварда расониданд. Гарчанде ин ҷанг кӯтоҳмуддат буд, вале хеле пуршиддат сурат гирифта, ба фоидаи Рим анҷом ёфт. Римиҳо нисбати лотинҳои шикастхӯрд бори аввал принсипи машҳури худ «ишғол куну ҳукмронӣ намо» («davide ef unperaӣ»)-ро истифода бурданд. Қисме аз лотинҳо ба ҳайати гражданҳои Рим қабул карда шуда, қисми дигар иттифоқчии (socu) халқи Рим эълон карда шуд. Баъдтар ин шарт (принсип) нисбати тамоми қаламрави Италия татбиқ мегардад.

11 212 212

Марк Фурий Камилл Ҷанги дуюми Самнит Шаҳри Умбрия

Соли 328 тто милод Ҷанги Самнитии ҳақиқӣ («Ҷанги дуюми Самнитӣ» – солҳои 328 – 304 то милод) ба амал омад. Соли 327 то милод. қӯшунҳои Рим дар зери фармондеҳии Публий Филон Неаполро, ки дар он артиши Самнит мустақар буд, муҳосира мекунад. Муҳосира тӯл кашид, аз ин рӯ, дар таҷрибаи Рим бори нахуст ваколатҳои консулии Филон то соли оянда тамдид карда мешавад. Ба сифати консули калон Филон соли 326 то милод муҳосираи Неаполро бо ғалаба анҷом дод. Вале баъди ин ғалаба Римро дар пеш шикастҳои шадид интизор буданд. Соли 321 то милод артиши Рим дар мавзеи Клавдий ба муҳосира афтода, сахт шикаст мехурад. Танҳо баъди чор соли мубориза римиҳо аз беобрӯгӣ баромада, муттасил ба самнитҳо фишор оварда, ҳалқаи муҳосираи Самнияро тангтар мекарданд. Соли 310 то милод этрусскҳо бар зидди Рим баромаданд, вале аз тарафи сарлашкари амалкунандаи римиҳо Фабий Руллиан бо тезӣ торумор карда шуданд. Баъди ин ғалабаи римиҳо аниқ гардид ва соли 304 то милод самнитҳо аз Рим сулҳ хостанд.

Вале сулҳи соли 304 то милод ниҳоят кӯтоҳмуддат баромад. Соли 298 то милод амалиётҳои ҷангӣ («Ҷангҳои сеюми Самнитӣ» – солҳои 298 – 290 тто милод) аз нав оғоз ёфтанд. Аллакай дар солҳои аввали ҷанг самнитҳо сахт шикаст хӯрда, пойтахти онҳо – шаҳри Бовиан аз тарафи римиҳо ишғол карда мешавад. Вале боз ҳам ба ёрии самнитҳо этрусскҳо омаданд, ин дафъа — бо ҳамроҳии галлҳо. Боқимондаҳои қӯшуни самнитҳо ба тарафи шимол ҳаракат карда, бо иттифоқчиёнашон пайвастанд. Ҳарду артиши римиҳо дар зери фармондеҳии консулҳо Фабий Руллиан ва Детсий Мус ба муқобили иттиҳоди рацибон баромаданд. Соли 295 то милод дар муҳорибаи назди Сентин масъалаи салтанат дар Италия ҳал шуд. Рим ғалаба карда, тақдири Самнияро муайян намуд. Соли 290 то милод минтақаҳои охирини муқовимати самнитҳо ишғол карда шуданд.

МАРҲАЛАИ ЧОРУМ: СОЛҲОИ 290 — 265 ТО МИЛОД. Марҳалаи чорум аз ғалабаҳои нави Рим бар галлҳо ва этрусскҳо ва тобеъкунии муттасили мустамликаҳои юнонии Италияи Ҷанубӣ оғоз ёфт, вале нуқтаи баландтарин дар ин марҳала ҷанг барои Пергам (солҳои 280 – 275 то милод) буд. Пирр, шоҳи Эпир, лашкаркаши шуҳратманди эллинистӣ Терентро ба Италия даъват кард. Мустамликаи аз ҳама пуриқтидори юнонӣ дар Италия Эпир буд. Терент бебозгашт будани пурзӯршавии Римро эҳсос намуда, бори охирин кӯшиш ба харҷ дод, то ки ин душмани пурзӯрро торумор кунад ва дар муқобили он артиши аз ҳар ҷиҳат пурзӯри давлати эллинистиро гузошт. Ҷанг воқеан аз ғалабаи Пирр 280 – 279 то милод оғоз ёфта, дар он филҳои ҷангии барои римиҳо ғайримуқаррарӣ истифода бурда шуда, дар ғалабаи онҳо нақши калон бозӣ карданд.

121 пирр 21

Детсий Муса дар набард Шоҳи Эпир Пирр Бренн

Вале ҳатто ин ғалаба щам бо талафоти зиёди қӯшуни Пирр («Ғалабаҳои Пирр») анҷом меёбад ва музокирот оид ба бастани сулҳ дар байни рақибон бомуваффақият сурат мегиранд. Баъди чандин сол аз бебарориҳои аввал ба худ омада, римиҳо ба ҳуҷум мегузаранд ва соли 275 то милод қӯшунҳои Пирро торумор мекунанд. Шоҳи Эпир Пирр бо боқимондаҳои қӯшунаш ба Юнон бармегардад. Соли 272 то милод Тарент ба Рим таслим мешавад. Ҳамин тариқ, мубориза барои тобеъкунонии Италия ба Рим анҷом меёбад.

Сабабҳои ғалабаи Рим аз омилщои зерин иборат буданд:

1. Вазъи фоиданок (аз назари ҳарбӣ ва иқтисодӣ)-и Рим дар маркази Италия имконият дод, ки душманони худро танҳо-танҳо торумор кунад.

2. То миёнаҳои асри IV то милод (то арафаи муборизаи қатъӣ барои ҳукмронӣ дар Италия) бештар ихтилофҳои дохилие бартараф карда шуданд, ки аслан моҳияти антагонистӣ надоштанд.

3. Дар таърихи ҷаҳонӣ воқеаи хеле кам рухдода истифодаи устокоронаи ҳамоҳангсозии ҳаёти анъанавӣ бо кушода будани ҷомеаи Рим мебошад. Аз як тараф, бечуну чаро пайравӣ кардан ба қонунҳо ва урфу одатҳои ниёгон, вазифа ва шаъну шарафи граждань, хизмат ба давлат, тарзи зиндагӣ ва, аз тарафи дигар, дохилшавӣ ба қатори гражданҳои Рим шумораи зиёди хориҷиён ва қабулпазир будан онҳо ба ғояю дастовардҳои халқҳои дигар (аз он ҷумла дар соҳаи ҳарбӣ).

4. Сиёсати оқилона нисбати халқҳои шикастхӯрда дар Италия, ки он аз тобеъгардонию пастзании онҳо дур буд.

ФЕДЕРАТСИЯИ РИМУ ИТАЛИЯ. Баъд аз Италияро истило намудани Рим тамоми аҳолии нимҷазираи Апенин (ғайр аз Галлияи Сизалпӣ) ба ду гурӯҳ тақсим карда шуд: гражданҳои Рим (cives Romani) ва иттифоқчиёни Рим (soсii).

Дар ҳар яки ин гурӯҳҳо тақсимоти дохилии онҳо мавҷуд буд. Гражданҳои Рим ба гражданҳои пурра ва ғайрипурра тақсим карда шуда буданд. Ба гурӯҳи аввал бевосита сокинони худи Рим, округҳо, аҳолии мустамликаҳо, гражданҳои Рим ва сокинони мунисипалии шаҳрҳои италиягӣ (ҷамоаҳо) дохил буданд, ки ба онҳо ҳуқуқи пурраи граждании Рим дода шуда, вале идораи дохилиашон нигоҳ дошта шуда буд. Ба гурӯҳи дуюм сокинони шаҳрҳои Италия дохил буданд, ки ба онҳо ҳамаи ҳуқуқҳои граждании Рим дода шуда буданд, ғайр аз ҳуқуқи овоз додан дар маҷлисҳои халқӣ ва интихоб шудан дар магистратратурҳо (сivtates sine suflragio). То миёнаҳои асри II то милод ҳамаи ин ҷамоаҳо ба гирифтани ҳуқуқҳои пурраи гражданӣ муваффақ шуданд.

Дар байни иттифоқчиён гурӯҳи имтиёзнок ҷудо шуда меистод, ки аъзои он дорои «ҳуқуқи лотинӣ») (jus Latii) буданд. Инҳо сокинони баъзе ҷамоаҳои Латсия ва мустамликаҳои Лотин буда, дар сар то сари нимҷазира пароканда сукунат доштанд. Дар мавриди ба Рим кӯчида омадан онҳо бе чуну чаро ба ҳуқуқи граждани Рим муваффақ мешаванд. Қисмати асосии иттифоқчиёнро «федератҳо» (аз лотинӣ – «foidus» – «қарордод») ташкил медод. Вале гурӯҳи начандон калони дигари одамон низ вуҷуд доштанд, ки он «таслимшуда» ё «раият» — «dediticii» номида шуда буданд.

Мутобиқи меъёри соли 265 то милод муқарраркарда гражданҳои Рим (мардони аз 16-сола боло) 325.300 нафар ва иттифоқчиён 423.000 нафарро ташкил мекарданд.

Иттиҳоди сиёсии ташкилкардаи Рим дар маънии ҳуқуқӣ на федератсия буду на давлати унитарӣ; он бештар полисҳои юнониро ба хотир меовард (семахияи типи сарвар – гегемон), масалан, археи Афинаро. Фарқи асосӣ аз иттиҳодияҳои юнонӣ моҳияти муносибатҳо дар байни ғолибон ва шикастхӯрдагон инъикос гардида буд. Италикҳо ҳаргиз ба Рим андоз намепардохтанд, чун қоида мухторияти дохилӣдошта ва қисми зиёди заминро дар дасти худ нигоҳ медоштанд. Дар айни замон, онҳо пешбурди ҳар гуна сиёсати хориҷиро аз даст дода буданд. Гарчанде, ки Рим бо ҳар як ҷамоа қарордоди алоҳида ба имзо мерасонид, вазифаҳои умумии иттифоқчиён асосан аз ба Рим барои қӯшуни ёрирасон равон кардани сарбозон иборат буданд. Сиёсати ӯҳдабароёнаи Рим, ки нақши падари сахтгир, вале ғамхорро бозӣ мекард, ба ин иттифоқ устуворӣ бахшида, ба он оварда расонид, ки италикҳо қариб якбора на ба озодӣ аз Рим, балки ба суи баробарҳуқуқӣ бо ҳамроҳии гражданҳои Рим кушиш намуданд.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *