Фанни Таърих

Вазъи иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурии рим дар замони ишғолгариҳои бузург

Ҷанги гражданӣ дар Рими ва баъди он аз байн рафтани Ҷумҳурӣ натиҷаи бӯҳрони шадиди иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеаи Рим буд. Нишонаҳои зиёди хоси он аз зуҳуроти бӯҳронҳо дар давлату ҷомеаҳои дар замони нав бамиёномада фарқиятҳои зиёд дошт. Аз ин рӯ, зарур аст, ки онҳоро мавриди таҳлил қарор дод ва ин корро аз иқтисод оғоз кардан лозим аст.

НИШОНАҲОИ АСОСИИ БӮҲРОНИ ИҚТИСОДӢ ДАР ҶУМҲУРИИ РИМ. Тавре маълум аст, зуҳуроти муҳимтарини бӯҳронҳои иқтисодии асрҳои ХVIII — ХХ пастравии босуръати истеҳсолот, камшавии истеҳсоли маҳсулот, пӯшидашавии корхонаҳо, камшавии ҷойҳои корӣ ва ғайраву ҳоказоҳо мебошанд. Аммо бӯҳрони иқтисодӣ дар ҷомеаҳои қадим дигар хел ва ҳатто баракс сурат гирифта буданд, аз он ҷумла дар Ҷумҳурии Рими асрҳои III — II то милод низ. Иқтисодиёти Рим бемайлон рушд мекард, истеҳсолот рӯ ба боло мерафт, шумораи истеҳсолкунандагон (ҷамоачиёни озод, ғуломон ва колонҳо) бо тезӣ меафзуд. Пас табиати бӯҳрон дар Рими асрҳои III — II то милод дар чӣ ифода ёфтааст? Табиати бӯҳрони иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Рим дар он зуҳур ёфтааст, ки воқеияти нави фаъолияти иқтисодӣ тарзи (уклади истеҳсолоти) ҳаёти хоҷагии дар муддати дуру дароз ташаккулёфтаро вайрон кард. Ҳамаи тағйироти муҳим дар иқтисодиёти Рими асрҳои III — II то милодро метавон ба се гурӯҳ тақсим кард. 1. Рушди ғуломдорӣ дар Рим. 2. Паҳншавии заминдории калон, таназзули моликияти хурд бар замин. 3. Рушди босуръати сармояи пулию судхурӣ.

РУШДИ ҒУЛОМДОРӢ. Дар асрҳои III — II то милод низоми ғуломдории Рим ба марҳалаи нашъунамои худ мерасад. Ба ин маҷмӯи омилҳои зиёд мусоидат намудаанд, аз он ҷумла афзоиши бузурги шумораи ғуломон дар Италия. Табиист, ки манбаи асосии болоравии шумораи ғуломон ҷангҳои Рим мебошад. Нависандагони антиқӣ то ба мо баъзе рақамҳои хосро расонидаанд. Масалан, дар мавриди экспедитсияи Рим ба Сардиния (соли 177 то милод) 80 ҳазор сардҳо асир гирифта шудаанд. Дар натиҷаи ин нархи ғуломон дар Рим то дараҷае паст фуромад, ки дар натиҷаи он чунин занбурмасал тавлид меёбад: «Арзон, ба монанди сард». Баъди таслимкунии Эпир (соли 168 то милод) ба Италия 150 ҳазор асир оварда шуд. Ҳамаи карфагениҳои зиндамонда – 50 ҳазор нафарро Рим ба ғуломон (соли 146 то милод) табдил доданд. Ин рақамҳо танҳо баъзе мавридҳои махсуси ба ғуломон табдилдиҳии халқҳои бегонаро ифода менамоянд. Анбӯҳи бузурги асирони ҳарбӣ аз тамоми гӯшаю канорҳои баҳри Миёнзамин оварда мешуданд. Ба ин сарчашмаҳои дигари пурракунии ҳайати ғуломон — ин фурӯши қарздорон (музофотию варварҳо) ғоратгарҳои баҳрӣ, зиёдшавии табиии ғуломон зам мешаванд. Фурӯши ғуломон барои дунёи қадим ба сатҳи баландтарин расид. Ҳар сол садҳо ҳазор ғуломон дар бозорҳои ғуломфурӯшӣ ҳавзаи баҳри Миёназамин фурӯхта мешуданд. Яке аз чунин бозорҳои калонтарини ғуломфурӯшӣ дар ҷазираи Делос воқеъ гардида буд, ки дар он ҷо танҳо дар як рӯз то 10 ҳазор ғулом фурӯхта мешуд.

Меҳнати ғуломон дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёт истифода бурда мешуд. Меҳнати ғуломон меҳнати шаҳрвандони озодро фишор дода бароварда натавониста бошад ҳам, қисми зиёди онро ишғол карда буд. Меҳнати ғуломон дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёт – косибӣ, кишоварзӣ, хизматрасонӣ ва ғайра истифода бурда мешуд. Ягон оилаи миёнаҳоли римӣ бе истифодаи меҳнати якчанд нафар ғуломи хонагӣ руз гузаронида наметавонист.

23 212

Бозорҳои ғуломфурушӣ дар Ҷумҳурии Рим

ТАНАЗЗУЛИ МОЛИКИЯТИ ХУРД БА ЗАМИН. Ба тағйироти сифатӣ ба соҳаи асосии иқтӣисодиёти Ҷумҳурии Рим – кишоварзӣ, омилҳои гуногун таъсир расониданд. Ба хоҷагиҳои кишоварзии Италия Ҷанги Дуюми Пунӣ зарбаи сахттарин зад. Баъди ин ҷанг ҷангҳои зиёди берун аз Италия суратгирифта даҳҳо ҳазор римиҳои кишоварзро аз замин дур карданд. Бинбар ин, ин ҳолат имкон намедод, ки хоҷагии кишоварзӣ аз нав барқарор карда шавад. Аз миёнаҳои асри III то милод шумораи гражданҳое, ки ба рӯйхати андоз дохил карда мешуданд, дар амал наафзуда, дар миёнаҳои асри II то милод бошад, ҳатто рӯ ба камшавӣ ниҳодааст. Асри III то милод, гарчанде ки талафоти римиҳо дар ҷангҳо наонқадар зиёд буд, аз барқарор карда натавонистани хоҷагиҳои худ ноумед шуда, ҳазорон римиҳо заминҳои худро фурӯхта, ба шаҳрҳо рафта, сафҳои пролетариати шаҳрро пур мекарданд.

Дар асри II то милод боигариҳои бузурги ба Рим аз давлатҳои истилошуда ворид гардида, дар сандуқҳои лашкаркашон ва ноибони музофотӣ ҷойгир мешуданд. Қисми зиёди ин боигарӣ ба амалиётҳои дар робита ба савдо ва судхӯрӣ равона карда шуда, на камтар аз ин ба харидории замин сарф карда мешуд. Ҳаҷми хоси мулкдории миёна бар замин 60 гектарро ташкил мекард, ки он ба таври муфассал дар асари Марк Порсий Катон «Дар бораи заминдорӣ» таҷассум ёфтааст. Баъзе ашрофон дар як вақт якчанд чунин мулкҳоро соҳибӣ мекарданд, баъзеҳо бошанд, мулкҳои (латифундияҳои) калони иборат аз 250 гектар замин ва зиёда аз инро доштанд.

РУШДИ САРМОЯИ ПУЛИЮ СУДХУРӢ ВА ТИҶОРАТӢ. Савдо ва судхурӣ дар Рим аз замонҳои қадимтарин вуҷуд доштанд, вале дар асрҳои III – II то милод онҳо ба андозаи ниҳояд калон рафта расиданд. Сабаб барои ин якчандто буд:

1. Маблағгузорӣ ба савдо ва судхурӣ нисбат ба дигар соҳаҳо даромади бештар медод. Вале кушиши роҳ надодан ба фасодӣ ва барои ҳамин аз тарафи римиҳо манъ карда шудани машғулшавии онҳо ба савдою судхурӣ натиҷаи дилхоҳ надода, баракс, дар охирҳои асри III то милод дар ҷомеаи Рим ташаккули табақаи сеюм – саворагон оғоз ёфт. Асоси ин табақаро мансубият ба рӯйхати машҳури молумулкии сентурияи саворагон буд.

2. Дар Ҷумҳурии Рим мавҷуд набудани дастгоҳи пурзури бюрократӣ ба он оварда расонид, ки амалиётҳои зиёди молиявӣ ба дасти одамони алоҳида гузаштанд. Низоми харидорӣ аҳамияти нисбатан калон дошта, барои ҷамъоварии андозҳо дар музофотҳо ташкил карда шуда буд. Ҳамаи андозу пардохт ва ӯҳдадориҳо, ки музофотҳо мепардохтанд ва иҷро мекарданд, барои харидорӣ ба ширкатҳои махсус — публиканҳо (socictacpubhcanorum) дода шуданд, ки онҳо баҳри ба даст овардани даромад ҷидду ҷаҳд мекарданд. Ин тамоил ба қашшоқшавии бемислу монанди музофотҳо оварда расонид.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *