Фанни Таърих

Венгрия ва Трансилвания дар асри XVI ва нимаи аввали асри XVII

Князгариҳои Венгрия ва Трансилвания.

Дар аввали асри XVI ба ҳайати королии Венгрия на танҳо заминҳои аҳолинишини венгерӣ, балки заминҳои славянӣ ва руминӣ низ дохил мешуданд. Аз болои ҳамаи мамлакат дворянҳои венгерӣ ҳукмронӣ мекарданд. Зиддиятҳои байниҳамдигарии феодалони венгер ҳокимияти королиро суст карда, аз тарафи туркҳо забт шудани мамлакатро осон гардонид.

Дар соли 1526 туркҳо ба лашкари на он қадар калони венгеру чех дар наздикии Мохач зарбаи сахт расониданд. Дар майдони ҷанг ҳазорон аскар ва корол Людовики II ҳалок гардида, туркҳо қариб ду ҳазор венгерро ба ғуломӣ бурданд. Ба шаҳру деҳоти зиёд оташ зада шуд. Мағлубияти назди Мохач ягонагӣ ва мустақилияти давлати Венгрияро нест намуд. Баъд аз ин муҳориба қисми дворянҳо дар Фехорвар, Янош Заполяй ном воеводи Трансилванияро короли Венгрия интихоб намуданд. Дигар қисми магнатҳо дар сейми Братислав, Фердинанд Габсбургро корол эълон карданд. Магнатҳо ва дворянҳои Хорватия ва Словения ҳам ба Габсбургҳо тобеъ шуданд. Байни ин ду корол муддати зиёд мубориза давом кард. Аз ин зиддият истифода бурда, туркҳо дар соли 1529 қариб ҳамаи Венгрияро ба даст дароварда, бо воситаи Австрия ба Словакия дохил шуданд. Аз ин вақт сар карда, Словакия ба майдони мубориза ба муқобили туркҳо табдил ёфт. Қисми калони Словакия дар дасти лашкари Фердинанд буд. Заполяй бо ёрдами султони Туркия Трансилванияро забт намуд. Байни Фердинанд ва Заполяй муборизаи тӯлонӣ давом карда, дар охир, соли 1538 дар Варад сулҳ баста шуд. Мувофиқи он баъд аз вафоти Заполяй ҳамаи ҳокимият бояд ба Фердинанд мегузашт. Аз ин муттаҳидии мамлакат дар оянда хабардор шуда, султони Туркия соли 1540 ба Венгрияи Марказӣ ҳуҷум кард Дар соли 1541 туркҳо маркази мамлакат шаҳри Бударо забт намуда, заминҳои ба даст даровардаи худро қисми мулкҳои империяи Усмонӣ эълон карданд. Ҳамин тавр ба 3-қисм ҷудошавии давлати Венгрия аз нав мустаҳкам гардид. Қисми ғарбӣ ва шимолии Венгрия, Хорватия ва Слования ба таркиби давлати Габсбургҳо дохил шуда, қисми шарқӣ ва ҷанубу шарқии Венгрия, ки дар он ҷо асосан руминиҳо ва венгерҳо зиндагонӣ мекарданд, князгарии Трансилванияро ташкил карданд. Қисми марказии Венгрия бошад ба дасти туркҳо гузашт. Ин тақсимоти Венгрия байни туркҳо ва Габсбургҳо, ба аҳволи иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат таъсири бад расонид. Тороҷгариҳои лашкари габсбургӣ ва туркҳо кишварро хароб карда, қувваҳои истеҳсолии онро дар ҳолати ногувор қарор дод.

Ҳамаи заминҳои забткардаи худро султони Туркия ба сарлашкарон ва сипоҳиён (феодалони хурди туркӣ) ба лен (мисли танхоҳ) тақсим карда медиҳад. Деҳқонони венгеру славян тамоман мустақилияти худро гум карда, ба асорати боз ҳам вазнинтар дучор мешаванд. Фирории оммавии деҳқонон ба яке аз шаклҳои зиддиятҳои синфӣ ва миллии деҳқонон ба муқобили асорати туркҳо мубаддал мегардад. Аз ин сабаб якчанд ноҳияҳо беодаму холӣ монда, хоҷагии деҳот хароб мешавад. Туркҳо барои азнав барқароркунии шаҳр ва деҳоти дар замони ҷанг харобгашта фикр ҳам намекарданд. Дар давоми 1,5 асри ҳукмронии худ онҳо ба ғайр аз якчанд масҷид ва манораҳо дигар чизе насохтанд. Дар миёнаи асри XVI лашкари туркҳо инчунин Фехервар, Эстергом, Хатван ва чанд шаҳри дигарро ишғол карданд. Фақат бо кӯшишу муборизаи деҳқонон дар оянда ба кишвар воридшавии туркҳо боз дошта шуд. Дар мубориза бо туркҳо Хорват, Дерд Тура, Янош Бернемисс, Миклош Юришич бо дастаҳои худ қаҳрамониҳои зиёд нишон доданд. Дар соли 1552 барои мудофиаи шаҳри Эгер қариб 8 ҳазор ватандӯстони венгерӣ ҳаёти худро қурбон карданд. Ин гуна муборизаҳои пайдарпай ва шиддатноки венгеру словак, серб ва дигарон давлати туркҳоро суст карда, оянда ҳаракати онҳоро ба ғарб то ҷое боз медошт.

Ҳукмронии Габсбургҳо аз се як қисми заминҳои собиқ королии Венгрия (бо қисми Ғарбӣ ва шимолу ғарбии он) асосан Словакияро фаро гирифта буд. Сиёсати асосии Габсбургҳо дар ин манотиқ аз суст кардани ташкилотҳои табақавӣ ва пурра ба худ тобеъ намудани онҳо буд. Барои идоракунии заминҳои собиқ давлати Венгрия ва Чехия дар солҳои 20-уми асри XVI Габсбургҳо шӯрои назди дарборӣ — конселерияи назди дарборӣ, шӯрои молиявӣ ва шӯрои ҳарбии дарборӣ ташкил намуданд. Гарчанд дар давраҳои аввал дар ҳавзаи Дунай давом доштани давлати сермиллат барои муборизаи якҷояи чеху словакҳо, венгеру дигар миллатҳо ба муқобили туркҳо дуруст ва лозим буд, аммо сиёсати реаксионии Габсбургҳо барои инкишофи ояндаи ин мамлакат хатари калон меовард.

Дар асри XVI дар зери асорати Габсбургҳо вазъи деҳқонони қисми Венгрия ва Трансилвания низ хеле бад шуд. Дар ин давр шаҳрҳо ҳам хеле хароб мегарданд. Аз шаҳрҳо андозҳои гуногун ғун дошта мешуд ва ҳокимият ба дасти австриягиҳо мегузарад.

Князгарии Трансилвания, ки он аз заминҳои худи Трансилвания ва аз комитетҳои шарқии Венгрия иборат буд, монанди князгариҳои Молдавия ва Валахия онҳо низ вассали Туркия ҳисоб мешуданд. Князҳои Трансилвания ҳар сол ба султони Туркия хироҷ медоданд. Онҳо ба ғайр аз даъвати сейму тасдиқ кардани андозҳо ва указҳо дигар ҳуқуқ надоштанд, ки бе розигии султон бо дигар мамлакатҳо сулҳ банданд ё ҷанг кунанд. Князҳои Трансилвания худро ягона даъвогари қонунии тахти королии Венгрия ҳисобида, кӯшиш мекарданд, ки ба зери ҳокимияти худ собиқ мутлақияти марказиятноки Венгрияро дохил кунанд. Аммо якчанд кӯшишҳои онҳо тамоман бе натиҷа монда, баъд аз соли 1610 Трансилвания аз нав ба зери ҳокимияти князҳои Венгрия меафтанд.

Дар солҳои 1526-1527 бо роҳбарии Иован Чёрний зидди туркҳо ва феодалони венгер шӯриши деҳқонони венгеру румин, хорвату серб сар зад, ки маркази он ноҳияи Темишаар буд. Дар давоми як сол шӯришгарон аз болои лашкари туркҳо ва дворянҳо чанд маротиба ғалаба карданд, аммо дар моҳи июли соли 1527 дар муҳорибаи асосӣ шикаст хӯрданд.

Дар миёна ва нимаи дуюми асри XVI дар Трансилвания ҳам якчанд шӯриши калони деҳқонон шуда гузашт, ки яке аз онҳо шӯриши соли 1562 буд. Дар солҳои 1569-1570 дар Дебретсен бо сарварии Дерд Карачони 10 ҳазор деҳқон ва камбағали мусаллаҳ ҷамъ омада, ба муқобили туркҳо ва феодалони венгер бархостанд.

Дар аввалҳои солҳои 70-ум дар ноҳияи Загреби Хорватия қариб 20 ҳазор деҳқон бо роҳбарии Матия Губес шӯриш бардошта, ба мулкҳои помешикон зарба заданд. Фақат бо ёрии лашкари императорӣ ба дворянҳои венгеру хорватӣ муяссар гардид, ки соли 1573 ин шӯришро пахш кунанд. Дар соли 1595 дар Словакия ҳам шӯриши калони деҳқонон шуда гузашт.

Ҳаракатҳои озодихоҳии халқҳои собиқ давлати Венгрия ба муқобили асорати султонҳои турку императорҳои габсбургӣ ва муборизаи деҳқонон ба муқобили феодалон, дар бисёр маврид зери шиорҳои динӣ мегузаштанд. Аз оғози асри XVI дар Венгрия ва Трансилвания ғояҳои ислоҳотӣ васеъ паҳн шуд. Барои ба даст даровардани заминҳои калисоӣ магнатҳо кӯшиш мекарданд, ки таълимотҳои Лютерро истифода баранд. Оммаи васеи халқ бошад реформатсияро барои мубориза бо феодалон истифода мебурданд. Дар байни онҳо хусусан ақидаҳои анабаптизм ва антитринитаризм[1] паҳн шуд.

Дар солҳои 1525-1526 дар зери таъсири ҷанги деҳқонон дар Германия, дар якчанд шаҳрҳои Словакия шӯриши коргарони саноатҳои кӯҳӣ ба вуҷуд меояд, ки сабаби ҳақиқии онҳо ниҳоят кам будани музди меҳнат буд. Ин шӯриш ҳам аз тарафи лашкари императорӣ бераҳмона пахш шуд.

Дар охири асри XVI император Рудолфи II дар мулки Венгрияи худ ба муқобили протестантҳо муборизаро сар карда, ҳукмронии калисои католикиро аз нав барқарор мекунад. Дар нимаи дуюми асри XVI ба Венгрия ва Трансилвания ордени иеузуитҳо дохил карда мешавад, ки онҳо дар ин манотиқ «ба муқобили ҳама душманони папа низоми террориро ҷорӣ намуд»[2]. Асорати миллӣ ва ғоратгаронаи лашкари императорӣ дар соли 1604 дар Трансилвания ба муқобили Габсбургҳо шӯришро ба вуҷуд овард, ки дар сари он Иштван Бочкай меистод. Ӯ манфиати феодалонро ҳимоя карда, мехост имтиёзҳои табақавии ашрофони маҳаллиро аз нав барқарор кунад. Дар мубориза бо Габсбургҳо ба И.Бочкай деҳқонон ҳам ёрӣ расониданд. Пас аз чанд комёбӣ дар соли 1605 дворянҳои Венгрияи Габсбургӣ И.Бочкайро ҳокими Венгрияро таъин карданд. Ҳамон сол ӯ инчунин князи Трансилвания интихоб гардид. Аз ин мувафаққиятҳои Бочкай тарсида, Габсбургҳо маҷбур шуданд, ки дар соли 1606 дар Вена сулҳ банданд. Мувофиқи ин сулҳ озодии мазҳаби динӣ ва имтиёзҳои табақавии феодалони венгер барқарор карда шуда, князгарии Трансилвания мустақил эълон карда шуд. Аммо деҳқонон аз ин ғалаба ҳеҷ гуна манфиате надиданд. Умеди онҳо барои озодӣ тамоман барбод меравад.

Аз саршавии Ҷанги Сисола истифода бурда, князи Трансилвания Габар Бетлен(1613-1629) ба муқобили Габсбургҳо ҳуҷумро сар мекунад, ки бо ин мехост ҳамаи заминҳои собиқ давлати Венгрияро ба даст дарорад. Ӯ бо Чехия иттифоқ баста, пас аз чанд ғалаба аз болои лашкари императорӣ қисми зиёди Словакияро соҳиб мешавад. Дворянҳои Венгрия дар сейми худ дар Бистритсе, Бетленро короли Венгрия интихоб мекунанд. Дар заминҳои озодкардаи худ Бетлен мулкҳои калисои католикиро мусодира намуда, иезуитҳоро аз кишвар пеш мекунанд. Баъд аз шикасти лашкари чехҳо дар Кӯҳи Сафед Бетлен маҷбур мешавад, ки дар соли 1622 дар Николсбург бо Габсбургҳо сулҳ бандад. Мувофиқи он Бетлен ҳоло ҳам ҳуқуқ дошт ҳокими Трансилвания ва 7 комитети шимолӣ-шарқӣ бошад. Дерд Ракотси (1630-1648) ҳам сиёсати Бетленро давом дода, бо иттифоқи Шветсия ва Франсия бо император Фердинанди III ҷанг мекунад. Тибқи ин сулҳ дар Линтсе дар соли 1645 басташуда, ба Ракотси муяссар мегардад, барои протестантҳо озодии дин ба даст дароварда, марзи Трансилванияро боз ҳам васеъ намояд.

Дар нимаи якуми асри XVII князгарии Трансилвания боз ҳам ривоҷ меёбад. Ҳунармандии сехӣ инкишоф ёфта, аввалин корхонаҳои калон ба вуҷуд меоянд. Барои ривоҷ додани саноати кӯҳӣ дар замони Бетлен ва Ракотси аз хориҷа устоҳо-мутахассисон даъват карда мешаванд.

Новбоаста ба болоравии ҳаёти иқтисодӣ ва сиёсӣ, аҳволи деҳқонон вазнин буд, ки ин сабаби чанд шӯриш гардид. Аз ҷумла, дар соли 1610 дар ноҳияи Турдии Трансилвания, дар соли 1618 дар комитети Нитра, соли 1631 дар Токай шӯришҳои деҳқонон шуда гузаштанд. Дар соли 1632 бо роҳбарии Петур Чосар шӯрише ба амал омад, ки он ҳамаи Словакияи Шарқӣ ва шимолу шарқии Венгрияро фаро гирифт. Баъд аз чандин задухӯрдҳо П.Чосар дастгир ва қатл карда шуда, шӯриш ҳам ба шикаст дучор шуд. Дар соли 1650 дар Хорватия, дар соли 1660 дар комитетҳои Сатмар ва Арад ҳам шӯришҳои деҳқонон ба амал омаданд.

Маданият. Дар асрҳои XVI-ХVII, баъд аз тақсим шудани давлати Венгрия, инкишофи маданияти он боз дошта мешавад. Аммо маҳз дар зери асорати забткориҳои хориҷӣ ва ҷангҳои дурударози ғоратгарӣ маданияти халқҳои ин сарзамин нест нагардида, балки ба якчанд пешравӣ ноил гашт. Дар миёнаи асри XVI Тинади-Ланташ (1505-1556) бо забони венгерӣ якчанд шеъру суруд навишта, дар он қаҳрамониҳои халқашро инъикос кард.

Дар асри XVI дар Венгрия адабиёти протестантӣ ҳам ривоҷ меёбад, ки яке аз намояндагони он Гашпар Хелтан (1520-1574) буд. Ӯ дар масалҳо ва воқеаномаҳои худ хиёнатҳои феодалон ва намояндагони калисоҳои католикии венгерро фош намуда, онҳоро сахт танқид мекунад. Шоир ва драматурги ин кишвар Борнемисса (1535-1585) «Электира» ном асари Софоклро ба забони венгерӣ тарҷума намудааст. Дар нимаи дуюми асри ХV дар Венгрия аввалин матбаа ташкил ёфта, дар соли 1527 аввалин «Грамматика»-и венгерӣ чоп мешавад.

Яке аз бузургтарин шоири ин давраи Венгрия Балинт Баланиши (1554-1594) буд, ки ӯ бо асарҳои худ назми венгериро бо мазмунҳои нави ғайридинӣ ғанӣ намуда, ба инкишофи забони адабии венгерӣ таъсири калон бахшид.

Асарҳои солноманависон Соларди (1601-1666), Кемен (1607-1662) ва чанд нафари дигар, сохти ҷамъиятӣ ва муборизаҳои озодихоҳонаи халқи венгерро дар асри ХVI ва аввали асри ХVII хуб инъикос кардааст.

Сарлашкар ва нависандаи асри XVII Миклош Зрини (1620-1664) дар асарҳояш зарурати ташкили давлати мустақилу мутамаркази Венгрияро таблиғ мекунад.

Дар асри XV ба Словакия таълимоти инқилобии гуситҳо ворид шуда, паҳн мегардад. Пас аз шикаст аксарияти табориҳо ба ин ҷо фирор карда, ба муборизаи словакҳо бар зидди феодалони венгер фаъолона иштирок намуданд. Дар асрҳои XV-ХVI дар ҳайати мадании Словакия нақши «Ҷамоаи бародарони чехӣ» хеле баланд мешавад. Ходимони он мактабҳои зиёде ташкил карда, таълим дар ин дабистонҳо бо забони чехӣ мегузашт. Дар асоси забони чехӣ забони адабии словакӣ ба вуҷуд меояд. Арбобони машҳури маданияти асри XVI-и Словакия Юро Бановский, Ян Силван, Бенедикт ва Даниил Гречичка буданд.

Ҳамин тавр, халқҳои давлати асримиёнагии Венгрия маҳз дар солҳои вазнини асрҳои XVI — XVII дар аксари соҳаҳои маданият саҳифаҳои нави бошараф гузоштанд. Аммо дар натиҷаи хиёнати дворянҳо, онҳо дар ин асрҳо истиқлолияти худро ба даст дароварда натавониста, асорати дуҷониба — зулми феодалони венгерӣ ва истилогарони хориҷиро аз сар мегузарониданд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *