Фанни Информатика

  • Сохтани ҷадвалҳо дар Ms Word

    Ҷадвалҳо. Дар баьзе ҳуҷҷатҳо талаб карда мешавад, ки маьлумотҳои ададӣ ва қисман ғайриададӣ дар шакли ҷадвалҳо (таблитсаҳо) оварда шавад. Ҷадвал гуфта тӯри аз сатру сутурнҳо иборатбударо меноманд, ки дар буриши онҳо ячейкаҳо (катакҳо) ҳосил шудаанд. Дар ячейкаҳои ҷадвал матнҳо, ададҳо, расмҳо ва дигар намуди информатсия нигоҳ дошта мешавад. Ms Word…

    Муфассалтар »
  • Кор бо Автофигурахо, Тахрири формула, хифзи хуччат

    Истифодаи имконоти графикаи векторӣ ва автофигураҳо Графикаи векторӣ дар Ms Word. Агар бо таҳриргари растрии Ms PaintBrash кор карда бошед, он ҳангоми сураткашӣ дар Ms Word хеле кам ёри мерасонад. Сабаби асосӣ он аст, ки таҳриргари графикии Office 2000 бо графикҳои векторӣ кор мекунад ва амалиёти он на бо нуқтаҳо,…

    Муфассалтар »
  • Таърихи инкишофи МЭҲ ва Меъмории КФ

    Асри XXI — ро асри информатика ва технологияи компютерӣ меноманд. Ин маънои онро дорад, ки бояд дар ин аср тамоми самтҳои фаъолияти инсон аз дастовардҳои техникаи ҳисоббарорӣ замонавӣ ва технологияи навтарини компютерӣ ба таври васеъ истифода карда шавад. Истифодабарии техникаю технологияҳои навин, соҳаҳоро ба дараҷаи баландтарини тараққиёт мерасонад. Истифодабарии компютерҳои…

    Муфассалтар »
  • Сохтан ва ороиши диаграмма

    Тартиб додани диаграммахо дар Excel Чи хеле ки аз мисолҳои пештар овардашуда маълум гашт, программаи Excel тарзҳои осони ҷойгиркунии маълумот ва ҳисобкуниҳоро шароит фароҳам меоварадааст. Натичаҳои ҳисобкунӣ ё маълумотҳои дохилкардашударо бо ёрии Excel дар намуди графикӣ ё диаграммаҳо тасвир кардан мумкин аст. Программаи Excel имконият медиҳад, ки диаграммаҳои намудашон гуногун…

    Муфассалтар »
  • Cистемахои амалиётӣ, MS DOS, MS Windows ва Мизи кори

    Системаи амалиётӣ ин маҷмӯи воситаҳои барномавии махсус мебошад, ки барои идоракунии дохилкунӣ, оғоз ва иҷроиши дигар барномаҳои истифодабарандагон, инчунин банақшагирӣ ва идоракунии кори компютер ва қисмҳои вай хизмат мекунад. Он қисмати барномаҳое, ки бо воситаҳои таҷҳизотӣ ҳамкории бевосита мекунад ва бояд доимо дар хотираи компютер нигоҳ дошта шавад, ядрои системаи…

    Муфассалтар »
  • Тарзи лоиҳасози дар барномаи Visual Basic

    Истифодабаранда бо ёрии нишондиҳандаи мушак обкетҳоро аз равзанаи генерали интихоб менамояд баъди интихоби обект нишондиҳандаи мушакро ба руи майдони форма оварда тугмаи чапи мушакро пахш намуда ба тарафи рост мелағжонем. Ё ин, к ибо ёрии нишондиҳандаи мушак обекти интихобнамуда, тугмаи чапи мушакро ду маротиба пайдарпай пахш намудан лозим аст. Дар…

    Муфассалтар »
  • Маълумоти мухтасар дар бораи пайдоиши барномаи Visual Basic

    Сарсухан Пеш аз оне, ки мо дар бораи забони барномасозии Visual Basic маълумот диҳем мо бояд донем, ки ин барнома аз тарафи кадом фирма сохта шудааст. Дар рафти омӯзиши ин забони барномасозӣ ба мо маълум гардид, ки ин барнома аз тарафи фирмаи Microsoft сохта шудааст.Visual Basic яке аз забонҳои барномасозии…

    Муфассалтар »
  • Программаи Microsoft Access

    Барномаи Microsoft Access-ро асосан барои сохтани файлҳои маълумотӣ истифода мебаранд. Файлҳои маълумотӣ гуфта файлҳоеро мегӯянд, ки дар онҳо маълумотҳои гуногуни зиёде нигоҳ дошта мешавад. Масалан дар бораи донишҷӯён чунин маълумотҳоро дохил кардан мумкин аст: рақами тартибӣ, ному насаб, сол ва моҳи таваллуд, суроЃа, факулта, бахш, ихтисос, рақами дафтарчаи донишҷӯ ва…

    Муфассалтар »
  • Барномаи Microsoft Power Point

    Барномаи Power Point монанди барномаҳои Word Excel ва Access ба дастаи барномаҳои Office-ӣ дохил мешавад ва дар вақти шинонидани барномаҳои Office-ӣ дар компютерҳо ба қатори барномаҳои номбурда пешниҳод мешавад. Тарзи ба кор даровардани ин барнома монанди ҳамаи барномаҳои Office-ӣ аст. Яъне, бо воситаи «Пуск», зерменюи «Программы» ва Microsoft Power Point…

    Муфассалтар »
  • Барномаҳои зиддивирусӣ

    Барои муҳофизат аз вирусҳо як чанд намуди барномаҳои зидди вирусӣ (антивирусҳо) мавҷуданд. Ин барномаҳо вирусҳоро қабул карда, онҳоро табобат ё умуман нест мекунанд. Дар шароити ҳозира барномаҳои зидди вирусӣ зиёде мавҷуданд. Масъалан: Барномаҳои зидди вирусӣ Norton Antivirus, Virus Scan Mac Afee, Doctor Wed. Иван Данилова, ADinf. D. Мотового. Anti Viral…

    Муфассалтар »
  • Асосҳои кор бо барномаҳои зидди вирусӣ

    Маълумоти мухтассар дар бораи вирусҳои компютерӣ. Роҳҳои ҳимояи компютер аз вирус «Вирусҳо» программаҳои махсус тартибдодашудаи зараррасони ҳаҷман начандон калоне мебошанд, ки ба раванди муқаррарии кори компютер дахолат намуда, ноаён (махфӣ, ногаҳон) ба таркиби диску файлҳои системавии компютер дохил мешаванд ва программаю ҳуҷҷатҳоро қисман ё пурра несту хароб месозанд. Соли 1986…

    Муфассалтар »
  • Ҳимояи компютерҳо аз вирусҳо

    Ба компютер шинондани барномаҳои вирусҳоро несткунанда ҳатмист. Аз рӯи баъзе баҳодиҳиҳо зарари вирусҳо бо компютерҳо ба якчанд миллиард доллар баробар аст. Ба нобудсозии вирусҳо нигоҳ накарда, ҳар як сол қариб 9% компютерҳо аз вирусҳо осеб мебинанд. Вирусҳои компютерӣ барномаҳои кодӣ мебошанд, ки мустақилона метавонад шумораашон зиёд шаванд. Яъне ба файлҳо…

    Муфассалтар »
  • Internet ва WWW

    Қариб, ки ҳама дар бораи Internet ва почтаи электрони каме ҳам бошад тасавуроте дорад. Бо Internet факсҳо фиристонда ва қабул карда мешавад. («Факс-модем аппарате, ҳаст аз дигар ҷо қабул карда ва ба чоп додани информация хизмат мерасонад типа Internet барин» «Факс-модем асбобе ҳаст, ки барои иваз намудани тасвирҳо истифода бурда…

    Муфассалтар »
  • Web – саҳифаҳо

    Яке аз хидматҳои Интернет, ки аз ҳама маъмултар аст, Word Wide Web (мухтасар ё бештар вақт содда карда Web мегӯянд, тарҷумааш – «анкабути умумиҷаҳонӣ») ба ҳисоб меравад. Ахборе, ки дар Интернет ба шакли формати ин хидмат дарҷ шудааст, ба намуди Web саҳифаҳо тасвир карда мешавад. Web саҳифаҳо ҳуҷҷатҳои маҷмӯавие мебошанд,…

    Муфассалтар »
  • Системаи USENET

    USENET яке аз хидматҳои маъмулии Интернет ба шумор меравад. Вай чунин системае мебошад, ки ба ҳамаи истифодабарандагони Интернет имконияти иштирок дар мубоҳисаҳои гурӯҳӣ, ки телеконференсияҳо номида шуда, дар он масъалаҳои гуногун муҳокима карда мешавад, медиҳад. Телеконференсияҳоро инчунин гурӯҳи ахборҳо ҳам меноманд. Дар вақти ҳозира USENET тахминан бо 8000 телеконференсияҳои мавзӯъҳояшон…

    Муфассалтар »
  • Тарзи сохтани почтаи электронии «mail.ru»

    Барои сохтани почтаи электронӣ чунин рафтор мекунем: Расми 91.3 1.Аз мизи кории Windows нишонаи зеринро интихоб карда шабакаи Интернетро ба кор омода месозем, равзанаи дар расми 91.3 буда пешниҳод мешавад. 2.Аз равзанаи пешниҳодшуда тугмачаи -«Остановить»-ро пахш карда бордоршавии шабакраро нигоҳ медорем. 3.Дар сатри «Адрес:» «http://mail.ru» навишта тугмачаи enter-ро пахш мекунем,…

    Муфассалтар »
  • Принсипҳои асосии шабакаи Интернет

    Интернет шабакаи компютерии глобалиро ифода мекунад. Ин шабакае мебюошад, ки шабакаҳои алоҳидаро пайваст мекунад. Ба таври дигар гeем, Интернет шабакаи шабакаҳост. Вай ивази ахборҳоро дар байни компютерҳои ба он пайвастбуда таъмин мекунад. Ҳар як компютери ба Интернет пайвастбуда адресро соҳиб аст, ки аз рeи он муштарӣ онро аз нуrтаи дилхоҳи…

    Муфассалтар »
  • Таърихи мухтасари пайдоиши Интернет

    Шабака чист? Аз ду ва зиёда пайвастшавии компютерҳо байни ҳам аз ҷиҳати физикӣ шабака номида мешавад. Шабакаҳои компютерӣ ду намуд мешавад: шабакаҳои локалӣ-шабакаҳои хурд ва глобалӣ-калон. Шабакаҳои хурдро дар синфхонаҳо, оффисҳо ва байни биноҳо мегузаронанд. Шабаки глобалӣ шабакаҳои калон ба монанди Интернет, почтаи электронӣ ва uайра ба шумор мераванд. Дар…

    Муфассалтар »
  • Тарзи кор кардани мисолҳо дар забони барномасозии VB6

    Яъне дар Форм лоиҳа (схема) сохта мешавад. Агар мо барои функсияи лоиҳа сохтани шавем барои 5-нишонаи Label, 5- нишонаи Text ва як нишонаи Command лозим мешавад. Тарзи ба Form ҳамроҳ намудани нишонаҳо чунин аст: 1) Тугмачаи -ро , ки Label ном дорад, пахш мекунем ва дар натиҷа курсор ба шакли…

    Муфассалтар »
  • Маълумот дар бораи забони барномасозии Visual Basic

    Аввали солҳои 90-ум ширкати Microsoft барои коркард ва амали гардонидани системаи оператсионии нави Windows фаъолона муборизаеро бар зидди системаи куҳнашудаи худ MS-DOS саркард. Соли 1991 бо шиори «акнун барномасози навомӯз ҳам метавонад гузоришҳоро барои windows созад». Аввалин версияи Microsoft Visual Basic-ро соли 1991 корпоратсияи Microsoft барои хаводорони компютер сохт. Дар…

    Муфассалтар »
  • Сохтани барнома бо истифодаи забони барномасозии Visual Basic дар майдони кории Excel

    Дар бисёр мавридҳо ба мо зарур меояд, ки барои ҳалли мисолу масъалаҳо забонҳои барномасозии визуалиро истифода барем. Барои иxрои ин кор ба мо зарур нест, ки дар компютер забони барномасозии визуалиро гузорем. Мо метавонем ба барномаи дилхоҳе, ки дар системаи амалкунандаи Windows кор мекунад ба монанди, Word, Power Point, Excel…

    Муфассалтар »
  • Таърихи пайдоиши ҷадвалҳои электронӣ

    Идеяи сохтани ҷадвалҳои электронӣ 11 майи соли 1979 дар донишҷӯи Донишгоҳи Гарварди ШМА Дэн Брикли пайдо шуда буд. Вай пас аз иҷро намудани ҳисоботҳои дурударози пурмашаққати бухгалтерӣ ба ин ақида омадааст. Аз ин рӯ, ӯ бо рафиқи худ Боб Франкстон ҷадвали элекрониро тартиб доданд, ки он Visi Calc ном дошт.…

    Муфассалтар »
  • Сохтани ҷадвалҳо (таблитсаҳо)

    Барои сохтани ҷадвалҳо чунин рафтор мекунем: Ба менюи «Таблица» даромада фармони «Вставить» ва баъд «Таблица»-ро пахш мекунем. Равзанае пешниҳод мешавад. Дар сатри «Число столбцов» сиқдори сутунҳо ва дар сатри «Число строк» миқдори сатрҳоро интихоб мекунем. Барои сатр сохтан ба сатри «Число строк» даромада шумораи сатрҳоро муайян мекунем. Масалан, мо мехоҳем,…

    Муфассалтар »
  • Таҳриргари матнии MS Word

    Microsoft Word ин барномае мебошад, ки барои навиштан, таҳрир кардан ва хондани матнҳо пешбинӣ шудааст. Microsoft Word ба гурӯҳи дастаи барномаҳои Microsoft Office дохил мешавад. Роҳҳои ба кор омода кардани таҳриргари матнии Word: Пахш кардани тугмачаи «Пуск»- и панели масъалаҳо. Интихоби зерменюи «Программы» ва «Microsoft Word»; Бо ёрии нишонаи Microsoft…

    Муфассалтар »
  • Папкаи «Мой компютер»

    Чуноне, ки пештар дида баромадем дар мизи кори системаи «Windows» нишонаи махсус ҷойгир шудааст, ки дар он расми компютер тасвир ёфтааст. Ва он «Мой компютер» ном дорад. Вақте, ки мо ин нишонаро интихоб менамоем ва пайдарҳам ду мароти тугмаи чапи мушакро пахш мекунем дар экран равзанаи он кушода мешавад. Дар…

    Муфассалтар »
  • Системаи амалиётии Windows

    Системаи амалиётӣ (СА) Системаи амалиётӣ ин барномае мебошад, ки аз тарафи истифодабаранда дар компютер таҷҳизонида мешавад. Ин барнома кампютерро идора мекунад, барномаҳоро ба кор медарорад, бехатарии маълумотҳоро таъмин месозад. Инчунин дигар хизматрасониҳоро иҷро мекунад. Ҳар як барнома аз хизматрасонии СА истифода мебарад. Ва бо он СА, ки дар компютер таҷҳизонида…

    Муфассалтар »
  • Компютерҳо ва қисмҳои таркибии он

    Компютер- ин як таҷҳизоти универсалие мебошад, ки қобилияти иҷрокунии кори мантиқро дорад. Вай миллион ва миллиардҳо бор тезтар нисбати одам амалҳои математикию мантиқии вазнинро иҷро мекунад. Масалан, компютерҳои ҳозиразамон дар як сония даҳҳо миллиард амалҳои вазнинро иҷро мекунанд. Ин миқдори амалҳоро бо ёрии калкулятори рӯи мизӣ дар даҳсолаҳо иҷро карда…

    Муфассалтар »
  • Мафҳуми алгоритм ва блок-схема

    Мафҳуми алгоритм ва блок-схема Дар компютерҳо яке аз масъалаҳои асосӣ сохтани барнома мебошад. Барои сохтани барнома ҳалли ягон масъала аввал бояд алгоритми он тартиб дода шавад. Баъд аз он, ки алгоритми ҳалли масъала тартиб дода шуд онро дар ягон забони барномасозӣ навиштан лозим аст, ки ин барнома ном дорад. Бо…

    Муфассалтар »
  • Мафҳуми информатика ва информация (ахбор)

    Информатика илмест, ки ҷамъ кардан ва аз нав кор кардани ахборотро меомӯзад. Вакте, ки информатика мегӯянд, хар як шахс дар назар дорад, ки сухан дар бораи ягон ахбор меравад ва ахбор бошад ба ягон объект таалуқ дорад. Информатика се гонаи модел алгоритм барнома. Информатика илм ва техника буда, ба доду…

    Муфассалтар »