Андоз

  • Имтиёзҳои андоз

    Ҳамаи имтиёзҳои андоз як мақсад доранд, яъне ҳавасманд кардани андозсупоранда ба иҷрои ягон кору амал (беамалӣ) бо роҳи ихтисор намудани ҳаҷми ӯҳдадориҳои андози ӯ. Масалан, пешниҳод шуда буд, ки ба воситаи имтиёзҳои андоз дар Тоҷикистон  чунин навъҳои соҳибкорӣ равнақу ривоҷ дода шаванд: -соҳибкорие, ки даромаднокии дараҷаи меъёри миёнаи фоидаро таъмин…

    Подробнее »
  • Тартиби ҳисоб кардани андоз

    Усул, мӯҳлат ва тартиби пардохти андоз Одатан, қонунгузорӣ вазифаи ҳисоб кардани маблағи андозро ба зиммаи андозсупоранда (ва ё намояндаи ӯ) гузоштааст. Дар мавридҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ вазифаи ҳисоб кардани маблағи андозро ба зиммаи мақомоти андоз (гумрук) ва агентҳои андоз гузоштан мумкин аст. Андозро метавон аз рӯи системаи ғайрикумулятивӣ (манбаи андоз қисм…

    Подробнее »
  • Меъёри андоз ва тарзу усули андозбандӣ

    Меъёри андоз37  миқдори маблағи андозро барои ҳар воҳиди андозбандӣ муайян мекунад. Меъёрҳои андоз аз рӯи тарзу усули муқарраргардида қатъӣ ва фоизӣ мешаванд. Масалан,  меъёри андози замин қатъӣ буда, барои воҳиди андозбандӣ ба андозаи муайян (қатъӣ) муқаррар карда шудааст (ба ҳисоби сомонӣ барои 1 гектар ё метри мураббаъ вобаста ба минтақаи …

    Подробнее »
  • Объект ва мояи андозбандӣ

    Манбаъ ва миқёси андоз Мутобиқи назарияи маъмул[1]34 объекти андозбандӣ воқеияти ҳуқуқие (амалиёт, ҳодисот, ҳолот) мебошад, ки меъёрҳои ҳуқуқӣ ба миён омадан, тағйир ёфтан ва ё қатъ гардидани ҳуқуқу вазифаҳои андозро бо онҳо алоқаманд медонанд (Нақши 6.3.). Ба чунин воқеиятҳое (амалиёт, ҳодисот, ҳолот), ки бо ба миён омадан, тағйир ёфтан ва…

    Подробнее »
  • Тарзи ба ҳисоб гирифтани манбаи андоз

    Воҳиди андозбандӣ Тарзи баҳисобгирии манбаи андоз одатан масъалаи муҳосиботӣ буда, ба масъалаҳои андозбандӣ бевосита алоқаманд нест. Дар амалия ин дар тавсифу таърифи андоз масъаларо ё чигил мекунад ва ё  дар таърифу тавсифи раванди андозбандӣ боиси аз ҳад зиёд тафсил кардани масъаламешавад. Ҳанӯз дар  Мисри қадим дар ҳазораи II  пеш аз…

    Подробнее »
  • Давраи андозсупорӣ

    Давраи  андозсупорӣ36  давраест, ки дар  ин муддат ҷараёни ташаккули манбаи андоз анҷом меёбад ва андоз супоридани шахс муайян мегардад. Ин унсури андоз аз он ҷиҳат зарур аст, ки ба бисёр объектҳои андозбандӣ (фоида гирифтан, фиристодани мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ) дарозмӯҳлатӣ ва такрор хос мебошад. Барои ҷамъбасти натиҷаи фаъолият (давлат,…

    Подробнее »
  • Субъекти андозсупоранда

    Субъекти андозсупоранда[1]33 шахсест, ки вазифаи ҳуқуқии аз ҳисоби маблағи худ пардохтани андозро ба зимма дорад. Ин шахсро ҳамчунин андозсупоранда (хироҷӣ) меноманд. (Нақши 6.2.). Дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон на ҳамаи истилоҳоти мавриди истифода тафсиру маънидод шудааст. Истилоҳи «шахс» дар қонунгузории андоз ба маъное истифода шудааст, ки ба истилоҳи Кодекси граждании…

    Подробнее »
  • Мафҳум ва аҳамияти ҳуқуқии тавсифи унсурҳои андоз

    Яке аз усулҳои (принсипҳои) асосии классикии андозбандӣ тавсифи  аниқи андоз мебошад. Барои ин тавсифи ҳар андоз бояд  маълумоти пурраеро доро бошад, ки аз рӯи  он: — шахси мутасаддӣ, андозаи ӯҳдадории андоз ва тартиби иҷрои он; — ҳадду андозаи талаботи давлат нисбати амвол ва даромади андозсупоранда аниқу мушаххас тасдиқ карда мешавад31.…

    Подробнее »
  • Андозҳои мустақим ва ғайримустақим

    Ҳамаи андозҳоро дар рафти таснифоташон (гурӯҳбандӣ) вобаста ба асосу заминае, ки ба сифати меъёри таснифот қабул гардидаанд, ба гурӯҳҳои гуногун ҷудо кардан мумкин аст[1]29 (Нақши 5.1.). Андозҳоро одатан вобаста ба ин хусусиятҳояшон ба гурӯҳҳо ҷудо мекунанд: тарзи ситонидани онҳо;аз рӯи сатҳи идора;субъекти андозсупоранда;хусусияти меъёри татбиқшавандаи андоз;имтиёзҳои андоз, манбаъ ва объекти…

    Подробнее »
  • Бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии кредитӣ ҳамчун миёнарави байни буҷет ва андозсупоранда

    Агентҳои андоз Бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии кредитӣ ҳамчун миёнарави байни андозсупорандагон ва хазинаи давлат, ба ҳайси як навъ пулроҳаи пардохти андоз ба буҷет ё фонди давлатӣ вазифаҳои муайянро дар соҳаи андозбандӣ низ ба ҷо меоваранд. Вобаста ба ин дар қонунгузорӣ рӯйхати ҳуқуқу ӯҳдадориҳо ва масъулияти онҳо дар соҳаи андозбандӣ…

    Подробнее »