Саволҳои Тести

Саволномаи тестӣ аз фанни Этика касбӣ бо чавобош

Саволномаи тестӣ аз фанни Этика касбӣ

#Ахлоқ ҳамчун илм кай пайдо шудааст?

— Дар асри IХ–Х мелодӣ;

+Дар асрҳои V – IV;

— Дар асрҳои IV- III пеш аз мелод;

— Дар асрҳои ҶҶ – ҶҶI;

— Дар асри I мелодӣ;

#Ахлоқ чиро меомӯзад?

+ Илм дар бораи рафтори одамон;

— Илм дар бораи ҷабру некӣ;

— Илм дар бораи тафаккури дуруст;

— Илм дар бораи табиати инсон;

— Муносибатҳои ҷамъиятиро;

#Марҳилаҳои инкишофи илми ахлоқ кадомҳоянд?

— Мезозой, кайнозой, неозой;

— Капитализм, сотсиализм ва коммунизм;

+ Бостон, эҳё, нав ва муосир;

— Модаршоҳӣ, падаршоҳӣ;

— Давраи ғуломдорӣ;

#Адолат умуман чиро мефаҳмонад?

— Накукорӣ ва ростқавлиро;

— Фаъолияти муфиди ҷамъиятӣ ва иҷрои бечунучарои уҳдадориҳои одамонро мефахмонад;

— Боадолатона иҷро намудани супоришҳоро мефаҳмонад;

— Бартараф кардани нобаробариҳоро мефаҳмонад;

+ Мувофиқати миёни шаъну эътибори одамон ва эътирофи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳоро мефаҳмонад;

#Шуури ахлоқи чист?

+Дарки меъёрҳои рафтори худ, характери муносибатҳои тарафайн дар ҷомеа ва арзишҳои сифатҳои инсонӣ;

— Ақидаҳо, тасаввурот ва эҳсосу одатхо;

— Асосноккунии ҷамъбастии назариявӣ- мафкурави;

— Бо инсон ҳамеша сару кор доштан;

— Ташаккули ақоиди ахлоқии омӯзгор ;

#Хусусиятҳои муносибатҳои ахлоқӣ.

+Арзишӣ, танзимкунӣ ва мустақим- баҳодиҳӣ;

— Накукорӣ, ростқавлӣ, боадолатӣ, дeстӣ;

— Принсипҳо, меъёрҳо, расму оинҳо;

— Баҳодиҳии ахлоқӣ;

— Ташкили таҷрибаи ахлоқӣ,

#Таҳти мафҳуми «этикаи хидматӣ» чиро мефаҳманд?

+ Маҷмӯи меъёрҳо, қоидаҳо, принсипҳои нисбатан умумии рафтори инсон дар соҳаи фаъолияти касбӣ, истеҳсолӣ ва хидматӣ;

— Кодексҳои рафторе, ки характери хулқии муносибатҳои тарафайни байни одамонро таъмин мекунанд;

— Фасли мустақилонаи илми этика буда, хусусиятҳои ахлоқи педагогиро меомeзад;

— Дар ихтиёр доштани усулҳои нисбатан нозук ва илман асоснок;

— Тадқиқи афкори ҷомеа дар соҳаи этикаи педагогӣ;

#Этикаи касбӣ чист?

+ Кодексҳои рафторе, ки характери хулқии муносибатҳои тарафайни байни одамонро дар фаъолияти касбӣ таъмин мекунанд;

— Яке аз вазифаҳои муҳими этикаи педагогӣ;

— Кодексҳои рафторе, ки характери хулқии муносибатҳои тарафайни байни одамонро таъмин мекунанд;

— Фасли мустақилонаи илми этика буда, хусусиятҳои ахлоқи педагогиро меомeзад;

— Тадқиқи афкори ҷомеа дар соҳаи этикаи педагогӣ;

#Шуури ахлоқӣ дар чӣ ифода меёбад?

+Дар дарки меъёрҳои рафтори худ, характери муносибатҳои тарафайн дар ҷомеа ва арзишҳои сифатҳои инсонӣ, ки дар ақоид, тасаввурот ва эҳсосоту одатҳо таҳким меёбад;

— Дар мафкураи ахлоқӣ ва падидаи ҷамъиятӣ, ки бо он инсон ҳамеша сару кор дорад, ба он таъсир мерасонад;

— Дар ақидаҳои ахлоқие, ки бо мукаммалию устуворӣ тавсиф меёбанд;

— Дар ташаккули ақоиди ахлоқии омӯзгор ;

— Дар эътиқодоти ғоявӣ, инъикоси хоссаи онҳо дар фаъолияти педагогӣ;

#Нахустин мактабҳои ахлоқию фалсафии Эҳёи Аҷам кадомҳоянд?

— Гедонизм ва эвдомонизм;
— Материализм ва идеализм;

+Машшоия ва калом;

— Эфтаназия ва фатализм;

— Донишкадахо;

#Некӣ дар таълимоти ахлокии Ибни Сино.

— Некӣ- ҳаракатҳои майл ба инқироздошта;

+Ҳаракатҳои майл ба камолотдошта;

— Андоза, меъёрва танзими рафторҳо;

— Иттиҳоди ду ва ё якчанд одамон;

— Кӯмак ба ниёзмандон;

#Бадӣ дар таълимоти ахлокии Ибни Сино.

+Ҳаракатҳое, ки майл ба инқироз доранд;

— Ҳаракатҳои майл ба камолот дошта;

— Беэътиноӣ ба меҳнати дигарон;

— Гуфторе, ки бар зидди ҷомеа мебошад;

#Хушбахтӣ чист?

— Эгоизм ва алтуризм;

+ Ормонҳои неки амалигашта;

— Шуҷоатмандӣ, саховатмандӣ;

— Некӣ, бадӣ;

— Бе монеа зиндагӣ кардан;

.

#Виҷдон чист?

— Мақсади олии инсон;

+Эҳсосоти ботинии инсон;

— Хотима ёфтани фаъолияти биологӣ;

— Иттиҳоди ду ва ё зиёда одамон;

— Ҳақиқат, ростгӯӣ;

#Вазифаҳои иҷтимоии ахлоқ кадомҳоянд?

+Тарбиявӣ, танзимӣ, маърифатӣ, амрӣ;

— Эътиқод, идрок, тасаввур, озодӣ;

— Ҳавасмандгардонӣ, ҷазодиҳӣ, ҷубронкунӣ;

— Тарбияи ҷисмонӣ, камолоти ҷисмонӣ;

— Тарбиявӣ- ахлоқӣ;

#Истилоҳи «футувват» — чӣ маъно дорад?

+Ҷавонмардӣ;

— Саховатмандӣ;

— Шуҷоат;

— Олиҳимматӣ;

— Вафодорӣ;

#Хислатҳои муҳими аҳли фатӣ кадомҳоянд?

— Шуҷоатмандӣ, саховатмандӣ ва олиҳимматӣ;

— Вафодорӣ, сахопешагӣ, сарватмандӣ;

— Вафо, аҳд, сахо;

+ Сафо, сахо, вафо;

— Дӯстонро муҳофизат кардан;

#Идеал чист?

+Мақсади олии инсон;

— Масъулияти шахсӣ дар назди ҷомеа ;

— Эҳсосоти ботинии инсон;

— Ормон, ҳасрат;

— Ояндабинӣ;

#«Ахлоқи Муҳсинӣ» — асари кадом мутафаккир аст?

— Бедил;

— Нӯшервон;

+Кошифӣ;

— Самаки Айёр;

— Абулмуҳсин Мирзо;

#Мазҳабҳои суннӣ кадомҳоянд?

— Шиа ва суннӣ;

— Ҳанафия, ашъария, исмоилия;

+Шофеия, моликия, ҳанбалия, ҳанафия;

— Нақшбандия;

— Зардуштия;

#Нахустин поягузори илми ахлоқи форсу тоҷик кадом мутафаккир буд?

— Абуалӣ ибни Сино;

— Абубакри Розӣ;

+Абунасри Форобӣ;

— У. Кайковус;

— Абуабдулло Рeдакӣ;

#Давраҳои таърихии инкишофи ахлоқ.

— Ахлоқи ҷомеаи демократӣ, коммунистӣ;

+Ахлоқи ҷомеаи ибтидоӣ, ғуломдорӣ, феодалӣ, сармоядорӣ;

— Аахлоқи даврони то исломӣ;

— Ахлоқи ҷомеаи бостон, қадима;

— Ахлоки даврони антиқӣ ва муосир;

#Зери мафҳуми «Худро бишнос» чӣ маъноро метавон фаҳмид?

— Шинохти дӯст аз душман;

+Фаҳмидан ва дарк кардани асолати инсонӣ;

— Ѓурури худро баланд гирифтан;

— Аз дигарон худро боло гузоштан;

— Ҳамнишинӣ бо инсонҳои асил;

#Яке аз хусусиятҳои категорияи некӣ ва бадӣ.

+ Тағйирпазирӣ- нисбӣ;

— Ҳаракатҳои намоён;

— Дониш омӯхтан;

— Сафар кардан;

— Якрангӣ;

#Вичдон ба кадом сифатҳо зоҳир мегардад?.

— Назорат, танбеҳдиҳӣ;

+Худбаҳодиҳӣ, худназоратӣ, худтанқидкунӣ;

— Эҳсос кардан;

— Ростқавлӣ;

— Худназоратӣ, худшиносӣ;

#Навъҳои некӣ ба андешаи Ибни Сино.

— Некии беғаразона ;

— Хайр кардан;

+Некии табиатан нек, некии бо дониш нек;

— Саховатмандӣ ва Накукорӣ;

— Некии бо тамаъ;

#Истилоҳи этика бори аввал аз ҷониби кӣ ҳамчун қисми мустақили фалсафа қабул карда шуд?

— Эмпедокл;

— Демокрит;

— Баумгартен;

— Лесинг;

+Арасту;

#Неки чист?

— Дониш омухтан;

— Ифтихор доштан;

+Рафторе, ки ба нафъи табиату чамъият ва кулли олам равона шудааст;

— Беозор будан;

— Кӯмак расонидан;

#Идеал чиро ифода мекунад?

— Орзу;

— Мақсад, тасаввурот;

+Маъқулаи ахлоқи мебошад

— Назар ба оянда;

— Уфук;

#Мақсад ва маънии ҳаёти инсон аз чӣ вобаста аст?

— Ба гузашта ва имрeза назар кардан;

+Сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ ва маърифатнокӣ;

— Сарфаҳм рафтани рафтору кирдор;

— Аз накeӣ кардан;

— Бо идеал умр ба сар бурдан;

#Хусусияти тафаккури ахлоқии асримиёнагӣ.

— Хирад ва тафсири хулқу одоб;

— Худҳокимиятии эътиқод;

+ Ҳамчун этиқоди динӣ баромад кардан;

— Ахлоқи фардӣ;

— Эҳтироми калонсолон;

#Ибни Сино ишқро ба кадом навъҳо ҷудо кардааст?

+Ишқи илоҳӣ ва инсонӣ;

— Ишқи заминӣ;

— Ишқи молу сарват;

— Ишқи Ватан- модар;

— Меҳрпарварӣ;

#Боинтизомӣ чӣ маънӣ дорад?

+Нормаю қоидаҳои рафтори дар ҷамъият маъмулро ба ҷо овардан;

— Донишманд шудан;

— Дар ҳаёт мавкеи худро пайдо кардан ва барои дигарон намунаи ибрат будан;

— Қонунҳои дар ҷомеа амлкунандаро донистан;

— Ба калонсолон ёрӣ расондан;

#Одобу услуби муошират.

+Хоксори, хушмуомилагӣ ба фикру ақида, завқ, одати одамон бо камоли диққат муносибат кардан, хайрхоҳу ғамхор, нисбат ба худ серталаб ва нисбат ба одамони атроф пурсабру тоқат будан;

— Омӯзиши илму дониш;

— Муомилаи хуб ба роҳ мондан;

— На танҳо манфиат ва ҳузуру ҳаловати худ, балки манфиат ва ҳузуру ҳаловати дигар одамонро низ ба эътибор гирифтан — ҳамсуҳбатро дарк кардан;

— Рафтори аз руи меъёр;

#Маданияти муносибат чист?

— Мувофиқи талабот муносибат кардан;

— Эҳтиром кардани дигарон;

+ Маҷмуи принсип, норма ва қоидаҳои ахлоқии робитаи тарафйни одамон аст, ки ҳангоми мубодилаи ақида, фикр ва таҷриба риояи онҳо ногузир аст;

— Оромона суҳбат кардан;

— Меҳрубони намудан ба одамон;

#Одоби сухан дар чист.

— Бо овози баланд ва фахмо сухан гуфтан;

+Ба маъни, тоза, дуруст, равшан ва ба мавкеъ баён намудан фикр;

— Бо як забон шево ва бо изтиробу ҳаячон баён доштани фикри худ;

— Оромона суҳбат кардан;

— Гуфтугуи ошкоро;

#Яке аз тарафҳои асосии фаъолияти ахлоқӣ.

— Худомузӣ;

+Худтарбиякунӣ;

— Шуҳратпарастӣ;

— Хушмуомилагӣ;

— Хоксорӣ;

#Категория чист?

— Мақулаҳои асосӣ;

+Мафҳумҳое, ки ҳаҷман васеъ буда, робитаҳои куллӣ ва ҷиҳатҳои муҳими ҳодисотро ифода мекунанд;

— Элементҳои асосӣ;

— Мафҳумҳое, ки ҳаҷман васеъ буда, робитаҳои ҷузъи ва ҷиҳатҳои ғайриоддии ҳодисотро ифода мекунанд ва рафтори инсонро ба тартиб медароранд;

— Мафҳумҳо, унсурҳо;

#Вазифаҳо чанд хел мешавад?

— 4 хел;

+ 2 хел;

— 3 хел;

— 6 хел;

— 1 хел;

#Асарҳои доир ба ахлоқ офаридаи Арасту.

— «Риторика», «Поэтика»;

+ «Этикаи Никомах», «Этикаи бузург», «Этикаи Эвдомики»;

— «Метафизика»;
— «Давлат»;

— « Ахлоқи муҳсинӣ», «Ахлоқи носирӣ», «Ахлоқи ҷалолӣ»;

#Яке аз вазифаҳои ахлоқ дар рӯзгору рафтори одамон.

+Вазифаи меъёри низом;

— Муайян кардани омилҳои тарбия;

— Омeхтани касбу кор;

— Ба камол расидан;

— Муқоиса кардани донишҳо;

#Афкори ахлоқии тоисломии мардуми форсу тоҷик дар кадом дин инъикос ёфтааст?

— Дини ислом;

+ Дини Зардуштия;

— Дини насрония;

— Дини яҳудия;

— Буддоия;

#Категорияҳои марказии илми ахлоқ.

-Некӣ, бадӣ, адолат, фазилат, зебоӣ, зиштӣ, фоҷиа, мазҳака, санъат,базис, надстройка;

— Сахтию ноҳинҷорӣ;

-+Некӣ ва бадӣ

— Ҷанг, аҷал, зулм;

— Ноҳинҷорӣ;

#Оила чист?

-Якҷоя зиндагӣ кардан, иттиҳоди ду ва зиёда одамон;

+Иттиҳоди зан, шавҳар ва фарзандон;

— Ҳамроҳ зиндагӣ кардан;

— Иттиҳоди гурӯҳӣ;

— Соҳибхона будан;

#«Футувватномаи султонӣ» — асари кадом мутафаккир аст?

— Ибни Сино;

— Кайковус;

— Кирмонӣ;

— Тусӣ;

+ Кошифӣ;

#Динҳои ҷаҳонӣ кадомҳоянд?

— Ислом, дини зардуштия, тотемизм;

— Дини зардуштия, яҳудия, буддоия;

— Дини ислом, синтоизм, ҳиндуия;

— Тотемизм, фетишизм, магия;

+ Дини масеҳӣ, буддоия, ислом;

#«Ахлоқи Муҳсинӣ» — асари кадом мутафаккир аст?

— Бедил;

— Нӯшервон;

— Кошифӣ;

— Самаки Айёр;

+ Cино;

#Рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори нек ҳикмати ахлоқии кадом таълимот аст?

— Маздакия;

— Монавия;

+Зардуштия;

— Асҳоби ҳаюло

— Буддо;

#Поягузори илми ахлоқ кадом мутафаккир аст?

— Афлотун;

+ Арасту;

— Суқрот;

— Зардушт;

— Кошифи;

#Адолат чист?

— Тақсимоти баробари меҳнат;

— Тақсимоти баробари вазифҳо;

+ Тақсимоти баробари комёбиҳои моддӣ, маънавӣ;

— Тақсимоти баробари молу мулк;

— Ѓамхорӣ;

#Хушбахтӣ чист?

— Эгоизм ва алтуризм;

+Ормонҳои неки амалигашта;

— Шуҷоатмандӣ;

— Саховатмандӣ;

— Некӣ, бадӣ;

#Боинтизомӣ чӣ маънӣ дорад?

+Нормаю қоидаҳои рафтори дар чамъият маъмулро ба чо овардан ва барои рафтор дар назди ҷамъият ва дар назди худ масъулият ҳис кардан;

— Донишманд шудан, ба ҳайси тавсифи шахсият, мачмуи сифатхою неккирдорихои ахлоки, тавсифи муносибатхо миёни одамон, мачмуи меъёрхои ахлоки;

— Дар хаёт мавкеи худро пайдо кардан;

— Қонунхои дар чомеа амлкунандаро донистан;

— Ба калонсолон ёри расондан;

#Вазифаи маънавӣ чист?

+Муносибати одамон ба вазифаи ҷамъиятӣ, ба уҳдадории ҷамъиятиест, ки онҳо дарк гардида, бо майли ботинии маънавӣ иҷро карда мешаванд;

— Мачмуъ ва алоқаи мутақобилаи вазифаҳои обективан зарури одамон, коллектив, ташкилот ва умумияти онҳо;

— Вазифа аз руи ихтисос;

— Вазифаи соҳави;

— Супориши роҳбарият;

#Вазифаи идеал дар шуури инсон.

— Тавлиди орзу, воситаи ба рафтори дигарон баҳо додан;

— Мақсаду тасаввурот;

+Воситаи ба рафтори дигарон баҳо додан;

— Дастовардҳои ахлоқӣ;

— Самти фаъолияти муайян;

#Арзишҳои волои ахлоқӣ.

— Адолатпарварӣ, воситаи ба рафтори дигарон баҳо додан;

— Намирандагӣ;

— Шахсиятпарастӣ;

+ Шараф ва номус, қадру қимати шахс, маънии ҳаёт;

— Меъёри инизом;

#Вазифаи ҷамъиятӣ чист?

+Маҷмуъ ва алоқаи мутақобилаи вазифахои обективан зарури одамон, коллектив, ташкилот ва умумияти онҳо;

— Вазифа аз руи ихтисос;

— Вазифаи соҳавӣ;

— Муносибати одамон ба вазифаи ҷамъиятӣ, ба уҳдадории ҷамъиятиест, ки онҳо дарк гардида, бо майли ботинии маънавӣ иҷро карда мешаванд;

— Супориши роҳбарият;

#Шуури ахлоқӣ чист?

+ Дарки меъёрҳои рафтори худ, характери муносибатҳои тарафайн дар ҷомеа ва арзишҳои сифатҳои инсонӣ;

— Ақидаҳо, тасаввурот ва эҳсосу одатҳо;

— Асосноккунии ҷамъбастии назариявӣ- мафкуравӣ;

— Бо инсон ҳамеша сару кор доштан;

— Ташаккули ақоиди ахлоқии омӯзгор;

#Дар ибтидо вожаи этика чиро ифода мекард?

+ Сукунати муштарак, манзил, лона;

— Расму оин, урфу одат;

— Ахлоӣ;

— Илми адаб;

— Ахлоқ, рафтору кирдор, расму оин, урфу одат;

#Муҳаббат чист?

— Дӯст доштан, одат кардан;

— Меҳри зиёд доштан;

— Эҳсосоти қалбӣ, ки ба муносибатҳои умумият ва қаробат, манфиатдории байни одамон мувофиқ аст;

+ Эҳсосоти комилан солимию зоҳирии инсон, меҳри зиёд доштан, дӯст доштан, одат кардан;

— Мувофиқати хирад бо амал;

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *