Фании Информатика

Маълумоти умумӣ доир ба таҳриргари матнии MS Word

Маълумот оиди барномаи таҳририиMsWord

Соҳаи аз ҳама васеътарини тадбиқи компютерҳо ин сохтан ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои матнӣ аст. Қисми зиёди компютерҳои ҷаҳони имрўза ба офариниши мактубҳо, факсҳо, мақолаҳо, роману достонҳо, бланкаҳо, ҳисоботҳо ва ғайра банданд. Барои тайёр намудани ин гунна ҳуҷҷатҳо, барномаҳои махсус хизмат мерасонанд, ки онҳоротаҳриргари матнӣменоманд. Дар байни таҳриргарони матнӣ барономаи MS Word – яке аз пуриқтидортарин ва машҳуртарини матнӣ ба ҳисоб меравад. Он ба гурўҳи барномаҳои MS Offiсе дохил мешавад. Ин барномаро, ки вазифаҳои беандоза зиёдро иҷро карда метавонад,протсессори матнӣ ҳам мегуянд.

Роҳҳои бакордарории барномаи MsWord

Барои ба кор даровардани MS Word якчанд усулҳо мавҷуд аст:

  • Истифодабарӣ аз Менюи асосии Windows бо пахши яккаратаи муш: Пуск(Оғоз)►Программы(Барномаҳо) ► MS Offiсе► Microsoft Office Word;
  • Истифодабарӣ аз папкаи Компютери ман бо пахши дукаратаи муш: Мой компьютер(Компютери ман) ►Диск С: (Диски С:) ►Program Files► Microsoft Offiсе ►WinWord;
  • Истифодабарӣ аз равзанаи Роҳбалад (Проводник) ►Пуск (Оғоз) ►Программы(Барномаҳо) ►Стандартные (Стандартӣ) ►Поводник(Роҳбалад)Диск С: ► Program Files► MS Offiсе ► WinWord;
  • Истифодабарӣ аз равзанаи Мизи корӣ. Агар дар мизи корӣ папкаи MS Word мавҷуд бошад, он гоҳ бо ёрии пахши дукаратаи муш онро кушода, баъд аз дохили равзанаи он файли иҷрошавандаи WinWord;-ро ба кор даровардан мумкин аст;
  • Истифодабарӣ аз файли дилхоҳи ба воситаи MS Word сохташуда.

Барои корро бо барномаи Ms Word анҷом додан, кифоя аст, дар Сатри сарлавҳаи барнома тугмаиХпахш карда шавад. Корро бо барномаи Ms Word бо истифодабарии фармони зерини барномаФайл®Выход (Файл®Хориҷшавӣ) ё пахши тугмаҳоиAlt+F4 –и клавиатура анҷом додан мумкин аст. Агар шумо пешакӣ тағйиротҳои охирини файли таҳрирнамудаи ҳуҷҷатро дар диск сабт накарда бошед, он гоҳ барномаи Word ба воситаи равзанаи гуфтугўии махсус шуморо дар ин хусус огоҳ месозад. Барои сабткунӣ шумо бояд тугмаи фармонииДа(Ҳа), барои сабт накардани ҳ уҷҷат тугмаиНет(Не) ва барои аз барномаи Word хориҷ нашудан бошад, тугмаиОтмена(Бекоркунӣ) –ро пахш намоед.

Вазифаҳои асосииMsWord

  • Бо ёрии ин барнома амалиёти зеринро иҷро намудан мумкин аст:
  • дохил намудани матни ҳуҷҷатҳо бо ёрии клавиатура;
  • истифодабарии ҳуруфҳои гуногуни андозаашон тағйирёбанда ;
  • таҳрири матни хуҷҷатҳо;
  • ба таври автоматӣ ислоҳкунии хатогиҳои орфографӣ ва граматикии дар матни ҳуҷчатҳо содиркардашуда;
  • форматкунонии (қиббандӣ, батартиборӣ) матни ҳуҷчатҳо;
  • дар матни ҳуҷҷатҳо истифодабарии ҷадвалҳо, диаграммаҳо ва графику расмҳои гуногун;
  • ба матни ҳуҷҷатхо илова намудани объектҳои ба воситаи дигар барномаҳои амалӣ сохташуда;
  • дар диск сабт намудани ҳуҷҷатҳои дохилкардашуда;
  • нусхабардории матни ҳуҷҷатҳо ва бо дигар ном сабт намудани онҳо;
  • дар қоғаз чоп намудани матни ҳуҷҷатҳо ва ғайра.

Равзанаи Ms Word

Баъди ба кор даровардани барнома, равзанаи он ба кор омода мегардад, ки аз чунин қисмҳо иборат аст:

1) Сатри сарлавҳа, 2) Сатри меню, 3)Лавҳаи таҷхизотҳои Стандартӣ(Стандартная), 4)Лавҳаи таҷхизотҳои Форматиронӣ(Форматирование) ,

4) Ҷадвали координатӣ, 5)Майдони корӣ, 6) Тасмаҳои тобдиҳӣ(амудӣва уфуқӣ),

7) Майдони масъалаҳо 8)Реҷаҳои азназаргузаронии саҳифа, 9) Лавҳаи нишонаҳои графикӣ, 10) Сатриҳолат.

Сатри сарлавҳа-дар Сатри сарлавҳа ба ғайр аз номи барнома, яъне MS Word, боз номи ҳуҷҷати таҳриршаванда низ нишон дода мешавад. Дар қисми рости сарлавҳа бошад, тугмаҳои ҷойгир шудаанд.

(Свернуть) – ҳангоми пахш кардани ин тугмача: равзана ба нишонаи

хурдакак табдил дода мешавад ва аз экран ба лавҳаи масъалаҳо

кучонида мешавад;

– (Развернуть) ҳангоми пахш кардани ин тугмача: равзанa пурра

кушода мешавад ва тамоми экранро паноҳ мекунад;

– (Закрыть) – ҳангоми пахш кардани ин тугмача: равзана пушида

мешавад ва аз экран ғайб мезанад.

Пас аз сатри сарлавҳа сатри менюи барнома меояд. Дар поёни сатри меню лавҳаи таҷҳизотҳо ҷойгиранд.Тугмаҳои ин лавҳаҳоро таҷҳизотҳо мегуянд. Таҷҳизотҳо барои тезтар иҷро намудани фармонҳо пешбинӣ шудаанд. Лавҳаҳо, хаткашҳо ва дигар элементҳои равзанаро новобаста аз ҳамдигар аз экран соқит ё ба он илова кардан мумкин аст. Баъзе лавҳаҳо танҳо ҳангоми зарурат ба равзана ҷеғ зада мешаванд. Агар ҳангоми дохилкунии матн ба мо майдони кории васеътар лозим бошад, он гоҳ лавҳаи дар айни ҳол нолозимро метавонем аз экран соқит намоем.

Майдони корӣ-дар мобайни равзана тасвири варақи қоғаз намудор аст. Ин майдони кории MS Word аст. Дохилкунӣ ва таҳриркунии матни ҳуҷчатҳо маҳз дар майдони корӣ амалӣ гардонида мешавад.

Тасмаҳои тобдиҳӣ(Полосы прокрутки).Дар қисми рост ва поёнии равзана тугмаҳои режими тамошо мавҷуд аст: ки барои саҳифагардонӣ истифода мешаванд.

Майдони масъалаҳо (Область задач)-дар қисми рости равзана ба тарзи вертикалӣ ҷойгир буда, барои тезтар иҷро намудани баъзе масъалаҳо, аз ҷумла сохтани ҳуҷҷати нав,кушодани барномаҳои пешаки сохташуда, ҳангоми паваст будани компютер бо шабакаи Интернет шумо метавонед мавзўҳои лозимӣ ё нофаҳморо оиди барномаи Ms Word пайдо кунед, аз маълумотномаи барнома истифода баред, буфери мубодиларо фаъол кунед, расму манзара, файлҳои мусиқавӣ ва видеоиро ба кор дароред, матнро қолиббанди кунед, ҳуҷчатро ҳифз кунед. Ҳангоми ба кор даровардани барномаи MS Word равзанаиМайдони масъаламетавонад мавҷуд набошад. Барои фаъол намудани ин равзана аз менюиВид®Область задачё пахши тугмаҳоиCtrl+F1истифода бурдан мумкин аст.

Лавҳаи таҷҳизотҳои графикӣ-барои сохтан ва истифода бурдани объектҳои графикӣ, масалан истифодаи фигураҳои геометрӣ, гузоштан ва илова намудани расм ва манзараҳо, ранги матн ва рангпуркунӣ, истифодаи хат, ақрабакҳо, ҳаҷм ва ғайра.

Реҷаҳои азназаргузаронӣ-барои осонии кор дар Word якчанд намуди реҷаҳои азназаргузаронии матн мавҷуд аст, ки дар дарсҳои оянда оиди онҳо маълумот медиҳем.

Сатриҳолат-барои нишон додани ҳолати кунунии протсессори матнӣ пешбинӣ карда шудааст. Дар он рақами саҳифаи ҷории ҳуҷҷат, миқдори умумии саҳифаҳои ҳуҷҷат, рақами сатр ва сутуне, ки дар буруши онҳо курсори матнӣ қарор дорад ва дигар ахбороти ҷолиби реҷаи кори протсессор ба қайд гирифта мешаванд.

Саволҳои санҷишӣ

  1. Фарқи протсессори матнӣ аз таҳриргари матнӣ чист?
  2. Роҳҳои бакордарории барномаи Word кадомҳоянд?
  3. Тарзҳои анҷом додани барнома кадомҳоянд?
  4. Равзанаи барнома аз кадом қисмҳо иборат аст?
  5. Кадом намуди функсияҳоро дар Word иҷро кардан мумкин аст?
  6. Ҳуҷҷати навро бо кадом роҳҳо сохтан мумкин аст?
  7. Тарзҳои анҷомдиҳии кори барномаи Word кадомҳоянд?

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Похожие статьи

2 Комментариев

  1. Дар бораи имтихони синфи 8 чавоб дихед

  2. You should take part in a contest for one of the best blogs on the web. I will recommend this site!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *