Фании Информатика

Таъминоти барномавии компютер

Таъминоти барномавии компютер

Нақша:

3.1. Системаҳои амалиётӣ.

3.2. Маълумоти умумӣ оиди САWindows XP.

3.3. Бартарӣ ва камбудиҳои САWindows XP.

3.4. Мизи корӣ. Лавхаи супоришҳо; «ПУСК».

3.1. Системаҳои амалиётӣ

Системаи амалиётӣ ин маҷмӯи воситаҳои барномавии махсус мебошад, ки барои идоракунии дохилкунӣ, оғоз ва иҷроиши дигар барномаҳои истифодабарандагон, инчунин банақшагирӣ ва идоракунии кори компютер ва қисмҳои вай хизмат мекунад. Он қисмати барномаҳое, ки бо воситаҳои таёизотӣ ҳамкории бевосита мекунад ва бояд доимо дар хотираи компютер нигоҳ дошта шавад, ядрои системаи амалиётӣ ном дорад. Системаи амалиётиро миёнарави байни истифодабарандаи компютер ва компютер низ меноманд.

Дар байни ҳамаи барномаҳои системавӣ, ки истифодабарандагони компютерҳо бо онҳо сару кор доранд, системаҳои амалиётӣ мавқеи махсус доранд. Системаҳои амалиётӣ барои иҷрои вазифаҳои гуногун, ба монанди идоракунии компютер, ба кор омодакунии барномаҳо, таъмини муҳофизати ахбор ва иҷрои ҳар гуна амалиётҳои дигар аз рӯи дархости истифодабаранда ва барномаҳо истифода мешаванд.

Ҳамаи барномаҳои дигар бо воситаи системаи амалиётӣ ба кор омода карда мешаванд. Барои ҳамин ҳам интихоби системаи амалиётӣ кори хеле масъулиятнок аст, зеро аз он имконияти бо ин ё он барнома кор карда тавонистани истифодабарандаи компютер, самаранокии кор, дараҷаи ҳимояи ахбор, коршоямии воситаҳои ёрирасони компютер вобаста аст.

Дар компютерҳои ҳозиразамон бисъёртар системаҳои амалиётии зерин истифода мешаванд,

Системаи амалиётии MS DOS-и ширкати Microsoft ;

Системаи амалиётии Novel-и ширкати Novel;

Системаи амалиётии Windows-и ширкати Microsoft;

Системаи амалиётии MacOS-и ширкати Apple;

Системаи амалиётии Linux – системаи амалиётии озод.

Истифодабарии ҳар як намуди системаи амалиётӣ аз имконият ва ғунҷоиши хотираи компютер вобастагӣ дорад.

3.2. Маълумоти умум оиди САWindows XP

Системаи амалиётии Windows соли 1985 аз тарафи ширкати Microsoft тартиб дода шуда, вай барои таъмин намудани истифодабарии имкониятҳои васеи компютер хизмат мекунад. То имрӯз тафсирҳои гуногуни Windows сохта шудаанд, Масалан, Windows 3.10, Windows 3.11, Windows 95, Windows 98, Windows 2000, Windows XP ва ғайраҳо.; Тафсирҳои ин системаи амалиётӣ аз ҷиҳати имкониятҳои васеаш аз якдигар фарқ менамояд. Яъне тафсири пасоянда аз пешояндааш имкониятҳои васеъ дорад. Ҳамаи маълумотҳое, ки мо дар оянда пешкаш менамоем ба системаи амалиётии Windows XP мансуб аст.

Системаи амалиётии Windows XP барои иҷрои вазифаҳои гуногун, ба монанди идоракунии компютер, ба кор омодакунии барномаҳо, таъмини муҳофизати ахбор, тафтиши коршоямӣ ва корношоямии сохторҳои компютер ва иҷрои ҳар гуна амалиётҳои дигар аз рӯи дархости

истифодабаранда ва барномаҳо истифода; мешаванд. ;Дар вақти ба; кор омодашавии системаи амалиётии Windows XP дар экран аввал номи ин система навишта шуда, сипас дигар амалиётҳо иҷро карда мешавад.

3.3. Бартарӣ ва камбудиҳои САWindows XP

Ҳар як барнома бартарӣ ва камбудиҳо дорад, аз он ҷумла Windows XP.

Ба бартарии ин барнома инҳо дохил мешаванд:

– истифодабарии якчанд барномаҳо;

– бо зуди гузаштан аз як барнома ба барномаи дигар;

– ивазкунии ахборҳо байни барномаҳо;

– осонии кор бо барномаҳо ва ҳуҷҷатҳо;

– истифодабарии рамзҳо дар вақти зарурӣ;

– зиёдкунии хотираи оперативии компютер;

– ҳимояи барномаҳои амалӣ;

– муроҷиат кардан ба сохторҳои иловагӣ бо воситаи системаи амалиётӣ;

– имконияти истифодабарии картаҳои овозӣ ва тасвирҳо;

– ва ғайраҳо

Ба камбудиҳои ин барнома дохил мешаванд:

– ҳаҷман калон будани барнома;

– дар вақти то ба охир нарасонидани гузоштани барнома, дар вақти истифодабарӣ, аз кор баровардани дигар барномаҳои амалӣ;

– ва ғайраҳо

Барои он, ки дар компютер истифодабаранда аз барномаи Windows XP истифода карда тавонад, бояд сохторҳои компютер ба якчанд талаботҳо ҷавобгӯй бошад. Монитораш ранга бошад, микропросесори тамғаи Pentium 4 бошад, зуди тактиаш аз 800 мегагерс кам набошад, хотираи оперативиаш 256 Мбайт, хотираи умумиаш 2 Гбайт ва ғайра бошад. Қайд намудан мумкин аст, ки дар ҳолати аз ин ҳам паст будани ин нишондодҳо аз ин барнома истифода кардан мумкин аст, лекин суръати кораш каме суст мешавад.

3.4. Мизи корӣ. Лавхаи супоришҳо; «ПУСК»

Дар вақти истифодаи компютерҳои фардӣ, ҳар як истифодабаранда бояд аз кадом барнома истифода карданро донад, чунки шумораи барномаҳои компютерӣ хеле зиёд аст ва ҳар яки онҳо таъиноти махсус доранд. Имрӯз қариб ҳамаи истифодабарандагон аз барномаи Windows XP истифода мебаранд. Ба асосҳои кор бо барномаи Windows XP, мизи корӣ, тугмачаи Пуск, лавҳаи масъалаҳо, менюи асосӣ, ба кор омодасозӣ ва баромадан аз ин барнома, иҷроиши амалиётҳои гуногун бо ҳуҷҷатҳо, папкаҳо, дискҳо дар барномаи Проводник, менюи дархости ва системаи маълумотӣ, барномаҳои хизматӣ ва стандартии Windows XP ва ғайраҳо дохиланд.

Мизи корӣ. ;;;;; Баъди ба кор омодасозии компютери фардӣ ва иҷрои вазифаи системаи амалиётии Windows XP, дар экран манзарае пайдо мегардад, ки онро Мизи корӣ (Рабочий стол) меноманд.

Мизи корӣ одатан аз барномаҳои(расмҳои) гуногун иборат аст, ки дар қисми поёниашон номи онҳо оварда мешаванд. Ин расмҳоро нишонаҳои мизи корӣ мегӯянд.

Нишонаи аввалине, ки дар мизи корӣ ҷойгир аст, ҳуҷҷатҳои ман (Мои документы) мебошад. Ин ҷои стандартии системаи амалиётии ;;

Windows XP мебошад, ки дар он метавонанд ҳамаи ҳуҷҷатҳои даркорӣ, яъне файлҳо ва папкаҳои истифодабаранда ҷойгир карда шаванд.

Дигар нишонае, ки дар он расми компютер тасвир ёфтааст номаш Компютери ман (Мой компёютер) мебошад. Он имконият медиҳад, ки аз дискҳо барномаҳои даркорӣ кофта ёфта шуда, ба кор омода карда шаванд.

Нишонаи “Сетевое окружение” (шабака) барои кор кардан дар шабакаи локалӣ лозим аст. Тавассути он ҳамаи истифодабарандагоне, ки ба шабакаи локалӣ пайвастанд метавонанд бо якдигар кор кунанд, яъне файлҳо ва папкаҳои якдигарро кушоянд.

Нишонаи Сабад (Корзина) барои нигоҳ доштани файлҳо ва папкаҳое, ки аз системаи амалиётии Windows XP хориҷ карда шудаанд, истифода карда мешавад. Яъне агар ягон файл ё папкаро мо нафаҳмида хориҷ кунем бо ёрии Сабад онро барқарор намудан мумкин аст.

Дар қисми поёнии мизи корӣ аз тарафи чапи он тугмае вуҷуд дорад, ки номи он “Пуск” мебошад. Он барои кушодани ҳар гуна барномаҳо, ҳуҷҷатҳо, мувофиқкунии системаи амалиётӣ, кофтукоби файлҳо ва папкаҳо ва ғайраҳо лозим аст. Ҳангоми нишондиҳандаи мушакро ба ин тугмача гузоштан, ахбороти ёрирасоне пайдо мешавад, ки дар он корро аз пахш намудани ин тугмача шурӯъ намоед (Начните работу с нажатия этой кнопки) навишта шудааст.

Дар давоми тугмаи “Пуск” сатре мавҷуд аст, ки он “Лавҳаи масъалаҳо” (Панель задач)

ном дорад. Дар лавҳаи масъалаҳо одатан нишонаҳои хурдкардашудаи папкаҳо, барномаҳои кушодашуда ва ҳуҷҷатҳо нишон дода мешаванд. Барои корро бо онҳо давом додан, кифоя аст, ки нишонаи даркориро аз лавхаи масъалаҳо ҷудо намоем.

Дар лавхаи масъалаҳо ҳамчунин метавонад тугмачае намудор бошад, ки он барои аз реҷаи алифбои русӣ (Ru) ба лотинӣ (En) ва баръакс, баргардонидани клавиатура хизмат мерасонад. Роҳи дигари аз як забон ба дигар забон гузаштаи ин аз клавиатура якҷоя пахш намудани тугмачаҳои Shift ва Alt мебошад. Лавҳаи масъалаҳоро метавонем дар ҷои дилхоҳи мизи корӣ ҷойгир намоем.

Баъди пахш намудани тугмаи “Пуск”дар экран менюи асосии Windows XP пайдо мешавад.

Дар менюи асосӣ пайдарпаии нишонаҳо (бандҳо) дар шакли сатрҳои таг ба таг оварда шудаанд. Дар ин сатрҳо номи ин ё он амалиёти ба воситаи система иҷрошаванда нишон дода шудааст. Аз тарафи чапи менюи асосӣ рӯйхати

барномаҳое навишта мешавад, ки бо онҳо истифодабаранда кор карда буд ва дар вақти даркоӣ онҳоро боз кушодан мумкин аст. Дар сатри аз ҳама охирини рӯйхати барномаҳо сатри “Все программӣ” ҷойгир аст. Дар тарафи рости

баъзе сатрҳои менюи асосӣ аломати тирча гузошта шудааст. Ин аломат далели он аст, ки ин сатри меню ба иҷрокунии якчанд амалҳо вобаста мебошад. Барои дидани рӯйхати ин амалиётҳо нишондиҳандаи мушакро ба сатри тирчадор гузошта, лаҳзае интизор мешавем. Пас аз гузаштани муддати каме рӯйхати амалиётҳо ба экран бароварда мешавад, ки онро зерменюи ин банди меню меноманд.

Тартиби интихоби сатрҳои менюи асосӣ чунин аст;

  1. Нишондиҳандаи мушакро ба сатри даркорӣ мегузорем;
  2. Агар сатри интихобшуда фақат ба як амалиёт вобаста карда шуда бошад, он гоҳ тугмачаи чапи мушакро як маротиба пахш карда, зуд cap медиҳем;
  3. Агар дар сатри интихобшудаи меню аломати тирча мавҷуд бошад, он гоҳ ба зерменюи он гузашта, сатри даркориро интихоб менамоем ва тугмачаи чапи мушакро як маротиба пахш менамоем.

Ба ғайр аз менюи асосӣ боз менюи горизонталӣ (менюи барномаҳои амалӣ, ки дар равзанаи онҳо ҷойгир аст) ва менюи иловагӣ (ҳангоми пахш намудани тугмачаи рости мушак пайдо мегардад) мавҷуд мебошад.

менюи горизонталӣ (фаврӣ)

Мазмуни сатрҳои менюи асосӣ ва таъиноти онҳо

Барномаҳо (Программы) ҳангоми интихоб намудани ин сатр дар экран рӯйхати барномаҳое пайдо мешавад, ки мешавад, ки онҳо дар; системаи Windows XP ба қайд гирифта шудаанд. Барои ба кор омода намудани барномаҳо кифоя аст, ки номи онро аз рӯйхат интихоб карда шуда, тугмачаи чапи мушак пахш карда шавад.

Масалан, ба кор омодакунии барномаи Microsoft Word 2003,

Расми 3.8. ;Менюи Пуск ҳангоми кушодани барнома

  1. Бояд нишондиҳандаи мушак ба банди “Программы” оварда шавад;
  2. Аз банди кушодашудаи “Программы” Microsoft Office интихоб карда шавад;
  3. Баъди он нишондиҳандаи мушакро ба болои калимаи Microsoft Office Word 2003 оварда тугмачаи чапи мушакро як маротиба пахш намудан зарур аст.

Тарафи рости менюи асосӣ аз “Мои документӣ” сар мешавад. Дар бораи ин барнома мо дар боло маълумот дода будем.

Ҳуҷҷатҳо (Документы)

Дар мавриди интихоб намудани ин сатр, аз маҷмӯи ҳуҷҷатҳои дар хотираи компютер мавҷудбуда, ба эк­ран танҳо рӯйхати 15 ҳуҷҷате пешниҳод карда мешавад, ки истифодабарандагони компютер бори; охирин маҳз бо онҳо кор кардаанд. Агар аз рӯйхати пешниҳодкардашуда ягон ҳуҷҷат интихоб карда шавад, он гоҳ аввал барномае ба кор медарояд, ки ин ҳуҷҷат ба воситаи он сохта шудааст. Пас аз он дар равзанаи ин барнома ахбори дохили ҳуҷҷати интихобкардашуда пайдо мешавад. Сипас, аз имкониятҳои равзана истифода бурда ҳуҷҷатро таҳрир ва аз нав ба диск сабт намудан мумкин аст.

Тасвирҳои ман ;(Мои рисунки)

Баъди интихоби ин сатр ба экрани монитор папкае кушода мешавад, ки дар он ҳамаи тасвирҳое, ки истифодабаранда сабт кардааст пайдо мешавад.

Компютери ман (Мой компёютер)

Айнан монанди нишонае, ки дар мизи корӣ вуҷуд дорад кор мекунад.

Шабака (Сетевое окружение). Айнан монанди нишонае, ки дар мизи корӣ вуҷуд дорад кор мекунад.

Лавҳаи идоракунӣ; (Панель управления)

Бо воситаи ин сатр истифодабаранда метавонад копютерро тавре, ки ба ӯ маъқул аст мувофиқ кунонад. Сатри Панелё управления яке аз калидҳои асосии таъсиррасонӣ ба қисмҳои компютер ва имкониятҳои системаи амалиётии Windows XP ба шумор меравад. Ҳангоми интихоби ин сатр равзанае кушода мешавад, ки дар дохили он нишонаҳои гуногун ҷойгир шудаанд. Ба воситаи онҳо ин ё он қисми компютерро ба система пайваст ё аз он ҷудо кар­дан ва имкониятҳои барномавии системаро мувофиқи завқи худ идора кардан мумкин аст.

Пайвастшавӣ (Подключение). Бо воситаи ин сатри меню истифодабаранда метавонад, ки ба интернет ё шабакаи дигар пайваст шавад. Аммо барои пайвастшавӣ дар компютери истифодабаранда ин ё он шабака бояд мувофиқ кунонида шуда бошад.

Принтерҳо ва факсҳо (Принтеры и факсы)

Ин сатри меню барои принтери навбатиро ба системаи Windows XP пайваст кардан ва ба параметрҳои он таъсир расонидан вобаста карда шудааст.

Маълумотнома (Справка и поддержка)

Бо воситаи ин сатри меню истифодабаранда доир ба саволи дилхоҳе, ки ба системаи амалиётии Windows XP тааллуқ дорад метавонад маълумот гирад.

Кофтуков (Поиск)

Азбаски дар дискҳои компютер миқдори хеле зиёди маълумотҳои табиати гуногундошта сабт карда мешаванд, бинобар ҳамин ҳам ин сатри меню барои бо осонӣ ва зуд кофта ёфтани папка ё ҳуҷҷат пешбинӣ карда шудааст.

Иҷрокунӣ (Выполнить)

Ин сатри меню имконият медиҳад, ки ба воситаи он фармон ё барномаи даркорӣ якбора ба иҷрошавӣ равона карда шавад.

Баромадан аз система (Выход из системы)

Барои аз системабаромадани истифодабаранда лозим аст. Баъди иҷрои ин сатри меню истифодабаранда метавонад ба система бо ном ва пароли дигар ворид шавад.

Анҷоми кор; (Выключение)

Имконияти ин сатри меню аз он иборат аст, ки ба воситаи он кори системаи Windows XP ба охир расонида шуда, компютер хомӯш карда мешавад.

Ҳаминро қайд кардан зарур аст, ки он номгӯи сатрҳое, ки дар ин ҷо дар бораи онҳо маълумот дода шуд метавонад каме дигаргун бошад. Ин аз мувофиқкунии системаи амалиёти вобаста аст.

Саволҳои санҷишӣ

  1. Вазифаҳои асосии системаи амалиётиро фаҳмонида диҳед.
  2. Тафриқаҳои(тафсирҳои) системаи амалиётии MS Windows аз якдигар чӣ гуна фарқ мекунанд.
  3. Менюи асосии системаи амалиётии MS Windows –ро маънидод кунед.
  4. Қисмҳои таркибии лавхаи масъалаҳои MS Windows -ро шарҳ диҳед.
  5. Компютерҳои фардӣ кадом вазифаҳоро иҷро менамояд.
  6. Ба кор омодасозии ибтидоии компютер аз ба кор омодасозии барнома чӣ фарқ дорад.
  7. Қоидаҳои асосии техникаи бехатариро номбар кунед.
0 Downloads

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Похожие статьи

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *