Фании Информатика

Инфоматика ва компютер

Нақша:

  • Мафуми информатика, предмети илми информатика.
  • Ахборот (информатсия), воҳидҳои ченкунии ахбор.
  • Таърихи инкишофи МЭҲ.
1.1. Мафуми информатика ва предмети илми инворматика ченкунии ахбор

Асри XXI – ро асри информатика ва технологияи компютерӣ меноманд. Ин маънои онро дорад, ки бояд дар ин аср тамоми самтҳои фаъолияти инсон аз дастовардҳои техникаи ҳисоббарорӣ замонавӣ ва технологияи навтарини компютерӣ ба таври васеъ истифода карда шавад. Истифодабарии техникаю технологияҳои навин, соҳаҳоро ба дараҷаи баландтарини тараққиёт мерасонад.

Истифодабарии компютерҳои ҳозиразамон дар соҳаҳои комплекси агросаноатӣ барои ба даст овардани муваффақиятҳои навтарин кӯмак мерасонад. Дар шароити иқтисодиёти бозорӣ компютерро воситаи асосии кории иқтисодчӣ, агроном, муҳандис, духтур ва ғайраҳо ҳисобида, онро барои ба даст овардани натиҷаҳои самаранокӣ дар ҳалли масъалаҳои соҳавӣ истифода намудан мумкин аст. Мутахассиси замонавӣ аз технологияи иттилоотии имрӯза истифода бурда, онро барои дастрас намудани технологияи навтарин дар соҳаҳои гуногун истифода карда тавонад.

Информатика фанни техникӣ буда, қонунҳо ва усулҳои ғункунӣ, нигоҳдорӣ, коркардабароӣ ва интиқоли маълумотҳои (ахборҳои) илмиро бо ёрии техникаи ҳисоббарори имрӯза меомӯзад.
Информатикаи имрӯза ба се самтҳои асосии зерин нигаронида шудааст,
1). истифодаи усулҳо ва алгоритмҳое, ки ба ҳалли масъала оварда мерасонанд;
2). ҷустуҷӯи усулҳо ва алгоритмҳои нав, ки ба тезонидани ҳалли масъ-алаҳо оварда мерасонанд;
3). техникаи ҳисоббарори замонавӣ зарур аст, ки барои расидан ба ду мақсади дар боло зикрёфта кӯмак намояд.
Предмети илми информатика
Ҳар як илм предмети омӯзиши худро дорад. Дар физика ҳодисаҳои табиат, дар фалсафа –қонунҳои умумии тараққиёти табиат ва ҷомеа омӯхта мешавад. Информатика ҳам предмети худро дорад ва он информатсия ном дорад.

1.2 Ахборот (информатсия), воҳидҳои ченкунии ахбор

Информатсиямафҳуми фундаменталӣ мебошад, аз ин рӯ пурра муайян кардани он ба воситаи мафҳумҳои нисбатан оддӣ ғайриимкон аст. Ҳар як тафсири муайянкунии информатсия дорои ягон ҷиҳати номукаммалӣ мебошад.

Ба таври оддӣ информатсия маҷмӯи маълумот ва донишҳоест, ки мо аз он истифода мебарем.

Ба маънои васеъаш информатсия инъикоси олами воқеӣ буда, дар шакли ишораҳо (сигналов) ва нишонаҳо (знаков) ифода меёбад. Ишораҳо хусусиятҳои физикии протсессҳо ва объектҳоро инъикос менамоянд.

Ниҳоят, предмети информатика – информатсия мебошад.

Усулҳои омӯзиши он – тарз ва технологияи дастрас кардан, нигоҳ доштан, коркарда баромадан ва паҳн намудани информатсия мебошад.

Воситаи кор бо информатсия – компютер мебошад.

Се намуди ахбор вуҷуд дорад, ки онҳоро сарчашмаҳои он низ ҳисобидан мумкин аст ва онҳо инҳоянд,

– даҳонӣ;

– матнӣ;

– графикӣ.

Воҳидҳои ченкунии ахбор

Ахбор- ахбор низ монанди дигар бузургиҳо воҳиди ченкунии худро дорад. Якчанд намудҳои воҳидҳои ченакунии ахбор мавҷуд аст. Воҳиди хурдтарини ахбор бит мебошад, ки вай ба 0 ё 1 баробар аст.

Пайдарпайии 8 битро байт мегӯянд. Зеро ки байт ҳам ченаки нисбатан хурд аст, бинобар он барои ба ҳаҷми хотираи компютер баҳо додан, аз ченакҳои калонтари байналмилалӣ истифода мебаранд, ки онҳо инҳоанд, килобайт, мегабайт, гигабайт, терабайт, оксобайт,

  • 1 Килобайт (1Кб) = 210 байт = 1024 байт;
  • 1 Мегабайт (1Мб) = 210 Кб=1024 Кб;
  • 1 Гигабайт (1Гб) = 210 Мб=1024 Мб;
  • 1 Терабайт (1Тб) = 210 Гб=1024 Гб;
  • 1 Оксобайт (10б) = 210 Тб = 1024 Тб;
  • 1 Мб = 400 саҳифа 1,44Мб=600 саҳифа.
1.3. Таърихи инкишофи МЭҲ

Дар тамоми давраҳои мавҷудият инсон аз воситаҳои ҳисобкунӣ истифода мебурд ва мебарад. Ин воситаҳои ҳисоббарор низ таърихи пайдоиши худро дорад, ки онро аз давраи пайдоиши инсон ҳисоб намудан мумкин аст.

Дар соли 1642 олими франсуз Блез Паскал мошини механикии ҳисобкуниро ихтиро намуд, ки вай ададҳои то ҳашт рақам доштаро ҷамъ мекард.

Дар соли 1694 математики олмонӣ Готфрид Вилёгелм Лейбниқ мошини ихтирокардаи Паскалро такмил дода, мошини механикиро сохт, ки вай амали ҷамъ ва зарбро иҷро мекард. Олими франсуз Чарлз Калмар дар соли 1820 арифмометрро сохт, ки вай чор амали арифметикиро иҷро мекард. Муҳандиси рус Вилёголд Однер дар соли 1880 арифмометри навро ихтиро кард, ки баъдтар дар асоси вай дар Иттиҳоди Шӯравии собиқ арифмометр бо номи «Феликс» сохта истифода карда мешуд.Хизмати шоиста дар тараққиёту пешрафти техникаи ҳисоббарор ба олими намоёни англис Чарлз Беббиҷ тааллуқ дорад.

Наслҳои МЭҲ
Насли аввал
Компютерҳо бо лампаҳои электронӣ

Ихтирои лампаҳои электронию вакуумӣ ба олимон имконият дод, ки идеяи сохтани мошинҳои ҳисоббарорро ба амал оранд. Компютерҳо дар асоси лампаҳои электронӣ, солҳои 40-ум

дар асри ХХ пайдо шуд.То солҳои 30-юм лампаҳои электронии вакумӣ одатан дар радиотехника истифода мешуд. Истифодабарии лампаи электронӣ ба сифати элементи асосии МЭҲ проблемаҳои зиёдеро ба миён овард. Бо сабаби он, ки баландии шишаи лампа 7 см аст, андозаи мошинҳо калон буд. Дар ҳар 7-8 дақиқа яке аз лампаҳо аз кор мемонд ва азбаски дар компютерҳо миқдори чунин лампаҳо ба

15-20 ҳазор мерасид, ҷустуҷӯ ва иваз кардани лампаҳо вақти зиёдеро талаб мекард.

Ба ғайр аз ин, онҳо миқдори зиёди гармӣ хориҷ мекарданд ва барои истифодабарии компютерҳои нави ҳамон замон системаҳои махсуси хунуккунӣ лозим буд. Барои сарфаҳм рафтан ба схемаҳои компютери азим бригадаҳои муҳандисон лозим буданд. Компютерҳо таёизоти воридсозӣ надоштанд, аз ин рӯ маълумот ба хотира бо кӯмаки пайваст кардани калиди махсус ба сӯрохии махсус анҷом дода мешуд.

Мисоли мошинҳои насли аввал Mark 1, ENIAC, EDSAC мебошад. UNIVAC аввалин мошинест, ки информатсияро дар хотир нигоҳ медошт. Инчунин компютерҳое ҳам сохта шуда буданд, ки дар онҳо ба ҷойи перфокарта лентаи магнитӣ истифода мешуд.

Насли дуюм
Компютерҳои транзисторӣ

Олими физик Ҷон Бардин ва муҳандис Уолтер

Браттен аввалин транзистори амалкунандаро истеҳсол карданд.

Аввалин компютерҳо дар асоси транзистор дар охири солҳои 50-уми асри гузашта сохта шуд. Дар миёнаҳои солҳои 60-ум бошад аллакай таҷизотҳои нисбатан хурдҳаҷм истеҳсол шуд. Ширкати Digital Equipment соли 1965 аввалин мини-компютери PDP-8-ро, ки баробари яхдон буд, истеҳсол намуд.

Ҳамчун як таҷҳизоти асосии МЭҲ истифода шудани транзистор ба даҳҳо маротиба хурд шудан ва дилпуртар гаштани компютерҳо оварда расонд.

Хусусияти муҳими транзистор аз он иборат аст, ки метавонад ҷойи 40 лампаи электрониро иваз намояд ва бо суръати баланд кор кунад, илова бар ин аз худ гармии кам хориҷ менамояд.

Насли сеюм
Нақшаҳои интегралӣ

Тавре, ки транзисторҳо ба бунёди насли дуюми компютерҳо мусоидат намуд, нақшаҳои интегралӣ ба давраи нави тараққиёти техникаи ҳисоббарорӣ –тавлиди мошинҳои насли сеюм асос гузошт. Аввалин нақшаҳои интегралӣ соли 1964 ихтироъ гардид.

Дар ибтидо онҳо танҳо дар техникаи кайҳонӣ ва ҳарбӣ истифода мешуд. Ҳоло чунин нақшаҳоро дар ҳама ҷо, аз ҷумла дар тачхизотҳои маишӣ ҳам вомехӯрем. Компютерҳои муосирро бе нақшаҳои интегралӣ тасаввур кардан душвор аст.Пайдоиши нақшаҳои интегралӣ воқеан инқилобе буд дар соҳаи техникаи ҳисоббарорӣ. Танҳо чунин нақшаҳо метавонанд ҳазорҳо транзисторҳоро иваз кунанд. Транзистор бошад ҳамагӣ 40 лампаи электрониро иваз мекард. Суръати МЭҲ-ҳои насли сеюм 100 маротиба афзуда, ҳаҷми мошинҳо якчанд маротиба хурд шуд.

Боз як бартарии мошинҳои насли сеюм аз он иборат аст, ки истеҳсоли онҳо нисбат ба мошинҳои насли дуюм борҳо арзон шуд. Тавассути ҳамин бисёр ташкилотҳо тавонистанд соҳиби компютер шаванд. Ҳамин ҷиҳат ба он оварда расонд, ки талабот ба МЭҲ-ҳои барои иҷрои вазифаҳои мухталиф пешбинишуда афзуд.

Насли панҷуми МЭҲ

Дар назди насли панҷуми МЭҲ вазифаҳое гузошта мешавад, ки нисбат ба вазифаҳои дар назди МЭҲ-ҳои наслҳои пешин гузошташуда комилан фарқ мекунад. Агар дар назди мошинҳои наслҳои I ва IV вазифаи маҳсулнокии зиёдтар дар ҳисоббарорӣ, калонтар кардани ҳаҷми хотира гузошта шуда бошад, пас дар назди мошинҳои насли панҷум дорои фаросати сунъӣ (имконияти аз андешаҳои пешниҳодшуда хулосаи мантиқӣ баровардан), тараққиёти хирадмандсозии компютерҳо, аз байн бурдани монеаи байни одам ва компютер гузошта шудааст.

Компютер ҳоло дар манзили зист ҳам истифода мешавад. Бозиҳои компютерӣ, мусиқӣ, тамошои филмҳо аз тариқи компютер басо қуллай мебошад. Аллакай ҳоло компютерҳо метавонанд информатсияро аз дастхат ё мошиннавис, аз овози одам хонанд, овози соҳибашонро шиносанд ва аз як забон ба забони дигар тарҷума кунанд. Ҳамин ҷиҳат имконият медиҳад, ки тамоми одамон, ҳатто онҳое, ки дар ин соҳа дониш надоранд аз компютер метавонанд истифода баранд.

Саволҳо:

  1. Мақсади омӯзиши фанни Информатикаро фаҳмонида диҳед.
  2. Алоқаи фанни Информатикаро бо дигар фанҳо номбар кунед.
  3. Алоқаи фанни Информатика ва прогресси илмӣ – техникиро маънидод кунед.
  4. Технологияҳои иттилоотии имрӯза гуфта Шумо чиро мефаҳмед.
  5. Намудҳои асосии ахборро номбар кунед.
  6. Мазмуни ченаки ахборро баён кунед.
  7. Воситаҳои ҳисоббарориро номбар кунед.
  8. Наслҳои компютерҳоро шарҳ диҳед.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Похожие статьи

Один комментарий

  1. Адади 3446 дода шудааст. Дар сестимаи дуй адад ба чанд баробар аст

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *