Фанни Педагогика

Қонуниятҳои раванди педагогӣ

Методология ва методҳои тадқиқоти педагогӣ

Зермавзӯъҳо:

  1. Қонуниятҳои раванди педагогӣ
  2. Марҳилаҳои раванди педагогӣ
  3. Асосҳои методологии инкишофи назарияи педагогӣ
  4. Методҳои тадқиқотӣ – илмии педагогӣ
  1. Дар қонуниятҳои раванди педагогӣ алоқамандии объективӣ, зарурат, воқеият, такрорёбӣ инъикос меёбад.

Қонунияти раванди педагогӣ – ин қонун ҳамкори байни

педагог ва тарбиягирандаро муайян мекунад.

Дар байни қонуниятҳои раванди педагогӣ инҳоро нишон додан мумкин аст:

  • Қонунияти инкишофи шахсият – инкишофи шахсро аз рӯи ирсият, муҳити тарбия ва таълим меомӯзад.
  • Қонунияти идоракунии раванди таълиму тарбия – алоқамандии бозгашти байни талаба ва педагог, баланд бардоштани ахлоқии онҳоро муайян мекунад.
  • Қонунияти ҳавасмандкунӣ – меҳнати педагогӣ аз рӯи таълиму тарбия баҳо дода мешавад.
  • Қонуниятҳои ягонагии ҳисси мантиқӣ ва амалӣ дар раванди педагогӣ – самаранокии раванди таълиму тарбия, сифат ва ҳисси фаҳмидагирӣ, мантиқан истифодабарии маводи даркшуда муайян карда мешавад.
  • Қонунияти ягонагии фаъолияти зоҳирӣ ва ботинӣ – вобаста ба сифатҳои фаъолияти педагогӣ, сифатҳои фаъолияти шахсии хонанда дар раванди таълиму тарбия омӯхта мешавад.
  • Қонунияти аз раванди педагогӣ вобаста ба талаботҳои ҷомеа ва шахсият — имкониятҳои моддӣ, техникӣ, иқтисодӣ, шароитҳои маънавӣ-рӯҳӣ, санитарӣ-гигиенӣ, эстетикӣ ва ғайра омӯхта мешавад.
  1. Марҳилаҳои раванди педагогӣ – ин пайдарҳамии инкишофи раванди педагогӣ мебошад. Марҳилаҳои асосии раванди педагогӣ инҳоянд: тайёрӣ, асосӣ, хотимавӣ.

Дар марҳилаи тайёрӣ вазифаҳои зерин ҳал карда мешавад: мақсаднокӣ, шароитҳои ташхисӣ, пешгӯи кардани комёбиҳо, тарҳрезӣ ва банақшадарории инкишофи раванд.

Марҳилаи асосӣ гузариш ва баёнкунии мақсад, вазифаҳои ояндаи фаъолият, ҳамкории омӯзгорон ва хонандагонро дар бар мегирад.

Дар марҳилаи хотимавӣ силсилаи раванди педагогӣ ва ҷамъбасткунии таҳлил ва натиҷаҳои комёбшуда ба анҷом мерасад.

  1. Асосҳои методологӣ омили муҳими коркард ва инкишофи назарияи гнесологӣ ва мантиқиест, ки принсипҳо, маҷмӯи тадқиқу ҳодисаҳои табиӣ ё иҷтимоӣ фаҳмида мешавад.

Педагогика аз қадимулайём дар таҳти ду консепсияи бо ҳам муқобили методологияи фалсафӣ – идеалистӣ ва материалистӣ инкишоф ёфта истодааст. Мувофиқи методологияи материалистӣ инкишофи инсон ҳамчун шахсият на дар худи ӯст, балки ташаккулёбии вай тибқи «Барномаи иҷтимоӣ» сурат мегирад. Аз рӯи нишондоди методологияи идеалистӣ ҳар кас дар асоси сарнавишт умр ба сар мебарад.

Ин мубориза аз қадимулайём то ба имрӯз вуҷуд дорад ва дар коркарди назарияи педагогӣ ва инкишофи он сабаб шудааст.

  1. Ҳар фан методҳои тадқиқотӣ-илмии худро дорад. Ба методҳои тадқиқотӣ-илмии педагогика инҳо дохил мешаванд: мушоҳида, сӯҳбат, мусоҳиба, озмуни педагогӣ, тадқиқоти назариявӣ, омӯхтани ҳуҷҷатҳои мактабӣ, омӯхтану ҷамъбаст кардани таҷрибаҳои пешқадами педагогӣ, методҳои сотсиологии тадқиқот.

Мушоҳида тибқи нақшаи дақиқ ва нишондод ба мақсад бурда мешавад.

Тибқи сӯҳбату мусоҳиба муҳаққиқ фикру андеша ва муносибати тарбиядиҳанда ва тарбиягирандаро фаҳмида мегирад.

Озмуни педагогӣ барои тадқиқоти дурусти исботи ҳақиқати воқеӣ ва фарзияи педагогӣ истифода бурда мешавад.

Ба методи тадқиқотҳои назариявӣ таҳлили муқоисавию таърихӣ, мафҳум ва тарҳсозӣ дохил мешавад.

Омӯхтани ҳуҷҷатҳои мактабӣ — рӯзномаи синф санадҳои шахсӣ, варақаҳои азхудкунӣ, табелҳои пешрафт, рӯзномаҳо; натиҷаи фаъолияти хонандагон: дафтари кори хонагӣ, корҳои контролӣ, мустақилона барои тадқиқотчӣ маводҳои зиёде медиҳад.

Таҷрибаи пешақадами педагогӣ аз зинаҳои муайян кардани объект, омӯзиш, ҷамъбаст ва паҳн кардан гузаронида мешавад.

Дар гузаронидани тадқиқотҳои сотсиологӣ аз саволнома ва ҳисоби математикӣ баҳраманд шудан мумкин аст.

Адабиёт:

  1. Баранов С.Т., Болотина Л.Р. Педагогика. — Москва, 1987.
  2. Загвинский В.И. Методология и методики дидактического исследования педагогика. — Москва, 1982.
  3. Журавлёв В. И. Методы педагогических исследовании. — Москва, 1987.
  4. Подласни И. П. Педагогика. — Москва, 2000.
  5. Рывклин Р.В. Роль и значения эксперимента. — Москва, 1964.

#

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *