Фан ва вазифаҳои таърихи педагогикаи ҷаҳон
Фан ва вазифаҳои таърихи педагогикаи ҷаҳон
Зермавзўъҳо:
- Моҳият ва вазифаҳои курси «Таърихи педагогикаи чаҳон»
- Қисматҳои таърихи педагогикаи ҷаҳон
- Омузиши курси «Таърихи педагогикаи ҷаҳон» ва саҳми мутафаккирони тоҷик дар он.
-
Моҳият ва вазифаҳои курси «Таърихи педагогикаи ҷаҳон»
Курси «Таърихи педагогикаи ҷаҳон», таҷрибаи фарҳангию маънавии инсониятро дар ҷодаи таълиму тарбия аз ибтидо то замони муосир вобаста ба давраҳои гуногуни таърихи омўхта қонуниятҳои таърихии инкишофи назария ва амалияи тарбияро муайян мекунад. Назарияи философӣ ва педагогии мутафаккирони гузашта ба донишҳои таърихӣ — педагогӣ ворид гашта, асоси методологии равандҳои муосири курси мазкурро ташкил медиҳад. Омўзиши таърихи «Педагогикаи ҷаҳон», барои инкишофу ташаккули башардустонаи ҷаҳонбинии касбии донишҷў кумак расонида, вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:
- Такмили мазмун, восита ва таърихи таълиму тарбия.
- Куллан баланд бардоштани сифати дониш ва имкониятҳои эҷодии мутахасисон — омузгорони оянда.
- Донишҳои тахассуси, қонуниятҳои таърихӣ, инкишофи назария ва амалияи тарбияро такмил додан.
- Дар тайёр намудани омузгорони баландихтисос барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ, касбӣ ва маҳсус саҳми арзанда гузоштан.
- Тарғибу ташаккули анаъанаҳои педагогикаи инсонпарвариро (гумманистӣ) дар раванди нкишофи умумии анъанаҳои афкори шарқу ғарб омўхтан.
Барои амали гардондани ин вазифаҳо қабл аз ҳама аз сарчашмаҳои асосии таърихии педагогикаи ҷаҳон: маводҳои бойгонӣ, ёдгориҳои хатии қадим, эҷодиёти халқӣ, асарҳои педагогӣ, хуҷҷатҳои муҳими давлатӣ, китобҳои дарсӣ, барномаҳо, дастурҳою раҳнамо ва гайраҳо зарур аст.
-
Қисматҳои курси «Таърихи педагогикаи ҷаҳон»
Курси «Таърихи педагогикаи ҷаҳон », аз қисматҳои зерин иборат мебошад:
Кисми I . Пайдоиши тарбия ва моҳияти он дар тамаддуни шарқу ғарб.
Кисми II. Таърихи инкишофи мактабу маориф, таълиму тарбия ва педагогика дар кишварҳои ҷаҳон.
Кисми III. Ақидаҳои педагогии мутафаккирони ҷаҳон.
Кисми IV. Инкишофи мактабу маориф дар давраи шуравӣ ва ҷомеаи муосир.
Бидуни донистани инкишофи назарияи таълиму тарбияи насли наврас дар гузашта, ҳалли илмии тарбияи ҷавонони имрўза ғайри имкон мебошад.
3.Омузиши курси «Таърихи педагогикаи ҷаҳон» ва саҳми мутафаккирони тоҷик дар он.
Омузиши курси умумии таърихи педагогика дар нақшаи таълимии мактабхои олӣ мавқеи махсусро ишғол менамояд. Азхуд намудани ин курс дар тайёр намудани омузгорони оянда кумаки босазое хохад расонид. Омўзиши ин фан малакаю махорати донишчуёнро доир ба таълимӣ фанҳои соҳаи педагогикаю психология васеъ намуда, онҳоро бо таърихи мактаб ва афкори тарбиявии мутафаккирони олам ошно месозад.
Қайд бояд намуд, ки то соҳибистииқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишҷуёни мактабхои олӣ ва омузишгоҳҳою коллеҷҳои омузгории мамлакатамон асоан аз таърихи мактаб ва афкори педагогии Россия, кишварҳои Аврупо ва дигар мамлакатҳои хориҷӣ сабақ меомухтанданд. Аз сабаби барзиёдии маводи таълим дар барномахои мактабҳои олӣ ва омузишгоҳҳои омузгорӣ имконияти дохил намудани омузиши таърихи инкишофи таълиму тарбия, мактабу маориф имконият набуд. Дар барномаи таълимии ин фан ва китоби дарсии «Таърихи педагогикаи ҷаҳон»-и /1982/ бошад оиди ақидаҳои педагогии мутафаккирони тоҷик маълумот дода нашуда буд.
Қайд намудан ҷоиз аст, ки дар барномаи умумии ин фанни «Таърихи педагогикаи ҷаҳон» дохил намудани мавзўъҳои махсус доир ба омузиши таърихи мактабу маориф ва ақидаҳои педагогии мутафаккирони тоҷик зарур аст. Ин вазъият дар давоми дахсолаҳо ба он оврда расонд, ки толибилми тоҷик аз таърихи мактаб, маориф ва афкори педагогии гузаштагони худ бенасиб монд. Имрўз, ки имконияти омузиши мероси педагогии гузаштагонамон даст додаст, мо бояд аз ин вокеияти таърихӣ истифода бурда, омузишу таълими таърихи мактаб ва ақидаҳои педагогии мутафаккирони халки точикро дар мактабҳои олӣ ва омузишгоҳҳои педагогии худ ҷори намоем.
Таърихи тарбия, мактаб ва ақидаҳои педагогии халқи тоҷик хеле қадима буда, ба қарнҳои пеш аз мелод мерасад. Таърихи таълиму тарбия дар мардуми эронинажод /тоҷикон/ роҳи тулонии тараққиётро аз сар гузаронидааст. Ақидаҳои педагогӣ дар ин сарзамин аз давраҳои қадим сар шуда, дар замони пайдоиши дини зардуштӣ ва китоби мукаддаси эронинажодҳо «Авесто» тақвият ёфтааст. Аз асри VIII сар карда то замони мо ба авҷи камолоти худ расидааст. Фикрҳои баланди таълиму тарбия ва панду ахлоқие, ки А.Рудакӣ, А.Фирдавсӣ, А. Сино, С. Шерозӣ, А.Ҷомӣ ва дигар бузургони форсу тоҷик дар тули асрҳо гуфтаанд, ҳоло ҳам қиммати тарбиявии худро гум накардааст, аз ин лиҳоз саҳми мутафаккирони тоҷик дар пешравии илми таърихи педагогикаи ҷаҳон, назарияи таълиму тарбия хеле калон аст.
Адабиёт:
1.Константинов Н.А «Таърихи педагогика» М., 1982
2.Энсиклопедияи педагогӣ. Ҷилди 1-4 М.,1980
3.Харламов И.Ф. Педагогика учебное пособие. — Москва, 1990.
4.Хайрулло Раҳимов. Педагогика. — Душанбе, 1997.