Намунаи Ҳуҷҷатҳо

Намунаи навистани такриз барои кори дипломи ва рисолаи хатм

ТАЌРИЗ

ба рисолаи хатми донишҷўи курси IV, гурўҳи 247 факултети номи факультет Дмт номи донишчу “Тамринӣ инкишофи ҳофиза ва шунавоӣ ҳангоми тарҷума”

Рисолаи хатм дар мавзўи « Тамринӣ инкишофи ҳофиза ва шунавоӣ ҳангоми тарҷума» омода шудааст. Мавзўи мазкур дар илми назарияи ва амалияи тарҷумаи муосир мубрами рўз буда, аз нигоҳи илмӣ- тадқиқотӣ ва амалӣ таърихи инкишофи тарҷума ва навъҳои он ва ҷойи онҳо дар тарҷума мебошад. Мавзўи рисолаи хатм хуб интихоб шуда, тадқиқоти масъалаҳои мубрамӣ ва муҳимияти қоидаҳои тамрини шунавоӣ дар инкишофи тарҷумаи забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ дар илми забоншиносии муосир аҳамияти хосаро доро мебошад.

Рисолаи хатми номи донишчу, ки аз муқаддима, ду боб, хулосаи умумӣ ва рўйхати адабиёт иборт буда, мақсадҳои гузошташударо амалӣ намудааст. Донишҷў дар сарсухан моҳияти илмии мавзўъро хуб арзёбӣ намудааст.

Њар як фаслу зерфаслҳои рисола бо хулосаву натиҷагириҳо ба таври мушаххас муайян намудааст. Азбаски тарҷума аз нигоҳи илми забоншиносӣ нишон дода шудааст .

Боби якум хусусиятҳои машқи ҳофиза ва навъҳои он ҳангоми тарҷума ва хусусиятҳои ҳофизаи кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат: мутақобилаҳо ва ҳамзамонҳо комилан мушахас арзёбӣ гардидааст.

Дар боби дуюм усулҳои шунавоӣ дар тарҷума ва хусусиятҳои мақсади тарҷума ва тафсири касбӣ нишон дода шудааст. Муайян намудани таъсири забони русӣ дар рушди тарҷумонӣ мулоҳизоти муқаддимавӣ нишон дода шудааст.

Дар навишти рисолаи хатм рисоланавис аз адабиёти мухталиф истифода бурда, қайдҳои лозимаро дар рисола муфассал ҷой додаст.

Бо вуҷуди арзиши баланди илмиро соҳиб будан рисоланавис аз камбудиву норасоиҳо холи нест. Дар рисолаи хатм дар саҳифаи 12-и рисолаи хатм аз рухати адабиёти 23-юм саҳифаи 55 нодуруст қайд шудааст

Новобаста ба камбудӣ ва эродҳои зикрдоштаи мо, ки дар ҳошияи рисола ишора шудааст, муаллифи он сазовори баҳои хуб буда, ба ў пас аз дифои кор дараҷаи бакалавр аз рўи ихтисоси забони англисӣ-тарҷумон додан мумкин аст.

Муқарриз, саромўзгори

кафедраи забони англисӣ ва

типологияи муқоисавии

ДДОТ ба номи С. Айнӣ / / Сафаров С.

“Тасдиқ мекунам”.

сардори шўъбаи кадрҳои ДДОТ

ба номи Садриддин Айнӣ / / Самадов И

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *