Намунаи Ҳуҷҷатҳо

Намунаи хулосаи рохбари кори дипломи ва рисолаи хатм

Хулоса

оид ба рисолаи хатми донишҷўи соли 4-уми факултети забонҳои романию германӣ, ихтисоси тарҷумони забони англисӣ Ному насаби донишчу дар мавзўи » номи мавзуъ»

Донишҷўи соли чорум, факултети забонҳои романию германӣ Ному насаби донишчу рисолаи хатми худро дар асоси нақшаи тақвимӣ, воситаи методӣ ва супоришоти ба ў додашуда, ки даркафедраифилологияианглис ва муоширати касбӣ тасдиқ кардааст, иҷро намудааст.

Чунин меҳисобам, ки рисолаи хатм умуман ба талаботи асноди меъëрӣ–ҳуқуқии забоншиносон ва дастурҳои методии соҳаи забоншиносӣ ҷавобгў буда, он аз дониши аниқ, муфассал ва васеи назариявию амалии донишҷў дарак медиҳад. Аз омўзиши рисолаи мазкур бармеояд, ки муаллиф корро мустақилона иншо намуда, ба талаботи сохтор ва таркиби рисолаи илмӣ риоя кардааст. Матни рисола бо мундариҷаи он мувофиқат мекунад.

Дар асоси омўхтани адабиëти илми соҳавӣ, маводи таълимию методӣ, гузаронидани таҳлилҳо, муқоисаву таҷрибаҳо рисоланавис ба ҳалли мавзўи дар наздаш гузошташуда муваффақ шудааст. Мавзўи рисола то ҳанўз ба пуррагӣ дар илми забоншиносии муосир ҳаллӣ худро наёфтаст, бинобар ин интихоби онро дуруст ва мубрам ҳисобидан мумкин аст. Натиҷаҳои таҳқиқ имконият медиҳанд, ки дар натиҷаи татбиқи мавзўи номбурда дар соҳаи филология дигаргунии сифати тарҷума ва миқдории мусбат ба амал меояд.

Дар рисолаи хатм феҳристи адабиëти истифодашуда мавҷуд аст, ки он пурра ва тибқи тартиби муқарраргардида таҳия шудааст. Рисолаи хатми мазкур кори мантиқан ба анҷом расида буда, дар ҳамин асос аз Шумо хоҳишмандам, ки онро барои ҳимоя иҷозат диҳед.
Роҳбари илмӣ, ассистенти кафедраи

филологияи англис. Сафаров Р.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *