Намунаи Ҳуҷҷатҳо

Намунаи навиштани ДАРХОСТ

ДАРХОСТ (ЗАЯВКА)

Дархост санадест, ки дар он ягон чизи мавриди ниёз,
эҳтиёҷ (пул, мол ва ҳоказо) зикр мешавад. Вай ба унвони
мақоми расмии муассиса (созмон) навишта мешавад.
Ҷузъҳои асосии дархост:

  1. Вазифа, ном, номи падарӣ ва номи хонаводагии

мақоми расмӣ;

  1. Номи санад;
  2. Матн;
  3. Вазифа, ном, номи падарӣ ва номи хонаводагии

дархосткунанда;

  1. Имзои дархосткунанда;
  2. Таърих.

Намун:

Ба мудири корпардозии Донишгоҳи
омўзгории шаҳри Душанбе
Зиёи Субҳонзод.

Дархост

Озмоишгоҳи зистшиносӣ ба 10 дона миз ва 20 дона
курсӣ эҳтиёҷ дорад. Хоҳишмандам, онҳоро ба ихтиёри
озмоишгоҳ қарор диҳед,

Бо эҳтиром,
мудири озмоишгоҳ имзо Амони Холзод
29.01.1997

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *