Намунаи Ҳуҷҷатҳо

ГУЗОРИШНОМА ва намунаи навиштани он

ГУЗОРИШНОМА (ДОКЛАДНАЯ ЗАПИСКА)

Гузоришнома санадест, ки ба унвони роҳбари муассиса ё
мақомоти боло навишта мешавад. Дар он ягон масъала
муфассал баёи мегардад. Ҳамчунин таҳиякунандаи гузориш
метавонаддар он натиҷагирӣ ва пешниҳодезикр намояд.

Ахаргузоришнома мутааллиқ ба худи корхона бошад, он
гоҳ метавон онро дар шакли дастнавис таълиф намуд. Дар
ин навъ гузоришнома шумора зикр намешавад,
хотирнишон сохтани таърих ва имзо кифоя аст.

Агар гузоришнома ба унвони мақомоти боло навишта
шавад, он гоҳ вайро чоп намуд ва бояд роҳбари муассиса
(созмон) имзо намояд. Дар ин навъ гузоришнома зикри
таърихи таҳияи санад, шумораи судур ва унвони матн
ногузираст.

Ҷузъҳои асосии гузоришнома

  1. Номи муассисас (созмон), ки гузоришнома
    медиҳад.
  2. Шумора ва таърихи таҳияи санад;
  3. Вазифа, ном, номи падарӣ ва номи хонаводагии
    роҳбари мақоми боло;
  4. Номи санад;
  5. Унвони матн;
  6. Матн;
  7. Вазифа, ном. номи падарӣ ва номи хонаводагии
    таҳиягари санад;
  8. Имзои таҳиягари санад.

Намуна:

Ба декани факултаи
муҳандисӣ-технологӣ
дотсент Ҳакимов Ғ.Қ.

Гузоришнома
дар бораи ба охир расидани таҷрибаомӯзии техникии
донишҷўёни факултаи муҳандисй-технологӣ дар
Корхонаи нассоҷии Тоҷикистон

Ба огоҳии Шумо мерасонем, ки таҷрибаомӯзии техникӣ
дар Корхонаи нассоҷии Тоҷикистон, ки 1 январи соли
2003 тасдиқ шуда буд. ба охир расид.

Ба таҷрибаомӯзии техникӣ 150 нафар донишҷӯёни
факултаи муҳандисӣ-технологӣ иштирок карданд.

Дар ҷараёни таҷрибавии техникӣ Корхонаи нассоҷии
Тоҷикистон Хушдилов Насим ва Абдуллоева Маҳина
саҳми фаъол гирифтанд. Хоҳишмандам, дар сурати
мавҷуд будани имкон, масъалаи бо подош сарфароз
намудани техникони номбурда баррасӣ гардад.

Бо эҳтиром,
Сардори гурӯҳ имзо Пулатова М.О
28.02.03

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Як шарҳ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *