Намунаи Ҳуҷҷатҳо

Намунаи Ваколатнома

Ваколатнома. Ваколатнома чунин навъи ҳуҷҷат аст, ки дар он соҳиби ҳуҷҷат ба ҳайси як шахс ё як идораву корхонаи салоҳиятддор ҳуқуқ ва ваколати молӣ ё пулии худро ба ягон шахс ё идораву корхонаи дигар вогузор мекунад. Шахси фоил, яъне соҳиби ваколатро ваколатгузор ва шахси мафъул, яъне шахсе, ки ҳуҷҷат ба номи он навишта мешавад ва ҳуқуқи чиз ба ӯ вогузор мегардад, ваколатгир мегӯянд.

Дар ваколатнома тамоми мушаххасоти шахси фоил ва шахси мафъул дақиқан қайд карда мешаванд.

Мушаххасоти ин ҳуҷҷат чунинанд:

1. Номи ҳуҷҷат

2. Мӯҳтавои матни ҳуҷҷат:

а) аввалан, сабти ному насаб, ҳайсияти иҷтимоӣ, шиноснома, суроғаи шахси фоил ва, баъдан, шахси мафъул;

б) қайди дақиқи миқдори чиз (мол, пул), агар мол бошад, овардани рақамҳои шаҳодатномаи мол, агар пул бошад, овардани рақамҳои махсуси он

3. Имзо ва ному насаби ваколатгузор

4 Сабти таърихи навишти ҳуҷҷат

5. Тасдиқи муассиса ё шӯъбаи марбути ин навъи ҳуҷҷат аз ҷониби шахси масъул

6. Мӯҳр, имзо ва ному насаби шахси масъул ва тасдиқкунанда

7. Сабти таърихи навишти ҳуҷҷат

Намуна:

Ваколатнома

Ман, Собиров Сорбон Акрамович, донишҷӯйи соли якуми факултаи таърихи ДМТ, дорои шиносномаи таҳти № … ва силсилаи … ба Салимова Нафиса Далеровна, донишҷӯйи соли дуввуми факултаи дандонпизишкии ДДТТ, дорои шиносномаи таҳти № … ва силсилаи … ваколат медиҳам, ки бастаи аз шаҳри Маскав ба номи ман фиристодаро аз шӯъбаи № 3 Маркази алоқаи ш. Душанбе бигирад.

/имзо/ Ному насаби соҳиби ҳуҷҷат (ваколатгузор)

Таърихи навишти ҳуҷҷат

Имзои Собиров С. А.- ро

тасдиқ мекунам. Сармуҳосиби

шӯъбаи алоқаи № 3 Маркази

алоқаи ш. Душанбе

Мӯҳр /имзо / Ному насаб

Таърихи тасдиқи ҳуҷҷат

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *