Намунаи Ҳуҷҷатҳо

Намунаи навиштани Баёнот (тавзехнома)

Баёнот (тавзеҳнома). Баёнот чунин ҳуҷҷатест, ки дар он соҳиби ҳуҷҷат (хонанда, донишҷӯ, корманди ягон муассиса) барои вайрон намудан ё халалдор гардидани интизоми муқарраршудаи муассиса (ҷойи таҳсил, ҷойи кор) маълумот медиҳад. Вайроншавии интизом метавонад аз ҷониби худи баёнотнавис бошад ва ё мумкин аст аз ҷониби дигарон сурат гирад ва соҳиби ҳуҷчат бо он алоқаманд бошад ё аз ин вайроншавӣ интизоми кораш халалпазир гардад. Масалан, дар МОТ (муассисаи олии таълимӣ)- ҳо мумкин аст як ё чанд донишҷӯ рафти дарсро халалпазир ва интизоми кориро вайрон намоянд. Дар ин сурат, он донишҷӯ (ё он донишҷӯён) дар назди садорат ё маъмурияти факулта барои такроран содир накардани чунин амали номатлуб баёнот менависад ва амали содирнамудаашро дар баёнот қайд менамояд ва аз он изҳори пушаймонӣ мекунад ва хаттӣ ваъда медиҳад, ки дар ҳолати дуввумбора содир намудани ҳамчунин амал ба ҷазои расмии садорат ва маъмурият розӣ аст. Ё худи устоди дарсдиҳанда ҳолати аз ҷониби донишҷӯе халалпазир гаштани дарс ва вайрон шудани одоби кориро шахсан ба садорат ё маъмурияти факулта ба тарзи хаттӣ баён манамояд, то ин ки барои ислоҳи интизоми корӣ ва хуб гаштани низоми таълим дар муассиса садорат ё маъмурият ягон чора биандешад.

Нақшаи навишти баёнот бад- ин сурат аст:

1. Гӯшаи унвонӣ. Дар ин гӯша (аз ҷониби рост) унвони садр ё роҳбар, вазифаи ӯ, ному насабаш, унвони ҳуҷҷатнавис бо ному насабаш қайд мегардад.

2. Номи ҳуҷҷат (дар байн)

3. Мӯҳтавои матни ҳуҷҷат

4. Имзо ва ному насаби соҳиби ҳуҷҷат

5. Сабти таърихи навишти ҳуҷҷат

Намуна:

Ба декани факултаи

кимиёи ДМТ

проф. Мӯъминов А. С.

аз донишҷӯйи соли дуввуми

ҳамин факулта Шамшеров А.

Баёнот

Ба Шумо бо пушаймонӣ баён медорам, ки ман дар таърихи 12. 06. 10, соати 11 дар ҷуфти сеюм дар дарси устод Сафаров Т. В. аз фаннии фалсафа бо амалҳои номатлуби худ ба вайроншавии интизоми корӣ ва халалпазирии ҷараёни дарс роҳ додам. Ман худ ба амалҳои кардаам шаҳодат медиҳам ва аз он изҳори таассуф менамоям. Дар ҳолати дуввумбора содир кардани ҳамчунин амали номатлуб ман ба ҷазои расмиву маъмурии садорати факулта розӣ ҳастам.

/имзо / Ному насаб

таърихи навишти ҳуҷҷат

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *