Намунаи Ҳуҷҷатҳо

Намунаи навиштани такриз

Намунаи тақриз барои рисолаи хатм ва кори дипломи

Тақриз

ба рисолаи хатми донишҷӯи гурӯҳи 26576 “Б” Салмонов О.

“Тарҷумаи ҳамзамон: хусусият ва истифодаи он дар замони муосир”

Рисолаи мазкур ба яке аз бахшҳои муҳими тарҷума, яъне тарҷумаи ҳамзамон бахшида шудааст. Бояд гуфт, ки роҷеъ ба тарҷумаи ҳамзамон дар Федератсияи Россия ва кишварҳои дигар пажӯҳишҳои зиёд ба анҷом расонида шуда бошанд ҳам, вале дар Тоҷикистон ба истиснои як-ду мақола, китоби дарсӣ, рисола ва дастуре навишта нашудааст. Аз ин рӯ, интихоби мавзӯъ тавассути Салмонов О. саривақтӣ ва муҳим буда, он аз аҳамият холӣ нест.

Рисола аз муқаддима, ду боб ва хулосаю рӯйхати адабиёт иборат мебошад.

Салмонов О. дар боби аввали рисола, ки “Пайдоиши назарияи тарҷумаи муосир” ном дарад, аз таърихи тарҷума ва таснифоти психолингвистии тарҷума мухтасаран сухан меронад.

Дар боби якуми рисола Салмонов О. инчунин аз таърихи пайдоши назарияи тарҷума, дарки аҳамияти иҷтимоию фарҳангӣ доштани тарҷума, такмилдиҳии усули омӯзиши тарҷума, тарҷумаи мошинӣ ва амсоли инҳо бо далелҳои мушаххас сухан меронад. Як хусусияти ҷолиби рисола он аст, муаллиф ҷо-ҷо фикрҳои шахсии хешро шогирдона иброз медорад, ки ин яке аз меъёрҳои рисолаи илмӣ мебошад.

Яке аз зербобҳои рисола “Тарҷумаи шифоҳӣ ва намудҳои он” мебошад. Муаллиф вижагиҳои тарҷумаҳои шифоҳӣ-шифоҳӣ, хаттӣ-шифоҳӣ, шифоҳӣ-хаттӣ, тарҷумаи пай дар пай, тарҷумаи яксамта, тарҷумаи дусамта, тарҷумаи ҳамзамон ва амсоли онҳоро дар асоси тадқиқотҳои тарҷумашиносони русӣ таҳлил намуда, хулосаҳои лозимӣ мебарорад.

Боби II-юми рисола “Тарҷумаи ҳамзамон ва нақши он дар ҷомеаи имрӯза” ном дошта дар он қариб тамоми вижагиҳои тарҷумаи ҳамзамон дар асоси консепсияҳои илмии А. Ширяев, П. Палажченко, А. Чужакин, Линн Виссон барин мутахасисони барҷаста ба риштаи тадқиқот кашида шудааст.

Чун рисолаи номбурда қадами аввалини Салмонов О. дар майдони илм аст, он аз баъзе норасогиҳо орӣ нест. Ҳарчанд рисола характери назариявӣ дорад, вале хуб мешуд дар мавридҳои зарурӣ мисолҳо ба забони англисӣ меовард.

Дигар, дар баъзе саҳифаҳои рисола хатоҳои техникӣ, услубӣ ва имлоӣ во мехӯранд, ки ислоҳи онҳо чандон мушкил нест.

Бо дарназардошти далелҳои боло метавон гуфт, ки рисолаи тақризшаванда як рисолаи томи хатмшуда буда, он сазовори баҳои арзанда мебошад.

Роҳбарӣ илмӣ: // // Р. Раҳими

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *