Намунаи Ҳуҷҷатҳо

Намунаи Тавсифномаи психологи

Тавсифномаи психологи.

Тавсифномаи психологи дода шуд ба хонандаи синфи 6”а” мактаби тахсилоти миёнаи умумии №25 Саимова Гулбиби Солиевна соли таваллудаш 31-05-2003-миллаташ точик.Муносибати оилавиашон хеле хуб мебошад. Шароити оилави низ дар сатхи миёна карор дорад.Падараш Абонов Мех Ибоевич соли таваллудаш 10-08-1969- ба хайси рузноманигор дар шабакаи телевизори сафина-и Чумхури Точикистон кор ва фаъолият мекунад.Модараш Чумъаева Шаходат Кулдошевна соли таваллудаш 10-08-1970- ба хайси муаллимаги кор ва фаъолият мекунад.Дар оила 3 нафар мебошанд, 2- писар ва 1- духтар.Синф аз 31- нафар хонанда иборат мебошад. Дарачаи коллективии синф он кадар назаррас нест. Зеро синф ба гурӯх чудо шуда, баъзан мутахид ва гохе дигар чудогона рафтор мекунанд. Дар чорабинихои мактаби фаъолияти хуб нишон медихад. Нисбати корхои чамъияти муносибати чидди дорад. Акидаи коллективии мактаб нисбати синф гуногун аст. Хонандагон нисбати омӯзгорон фикру акидахои гуногун доранд. Аз рӯи синну соли психологи, ин ба максад мувофик аст. Онхо коидахои таълимиро дар мактаб хуб ичро мекунанд. Хулоса маъмурияти мактаб нисбати онхо андешахои хуб баён намуданд. Лекин ман хамчун тачрибаомӯз фикру акидахои гуногун дорам. Саимова Гулбиби Солиевна аз чумлаи хонандагони фаъоли синф мебошад. Ӯ нисбати фанхо рафтори чидди дошта, хамеша кӯшиш менамояд, ки дар синф пешкадам бошад. Хангоми сӯхбат ӯ ба мо фанхои дӯстдоштаашро чунин баён кард: забони модари, алгебра, физика, рӯси, англиси ва адабиёти точик ва дигарон мебошад. Хамсабаконаш фикру акидахои мусбат дорад. Саимова Гулбиби Солиевна дар байни хамсинфон мавкеъ ва эътибори хосса дошта, хамеша ба мактаб бо тайёрии хуб меомад ва ба дарсхо фаъолияти баланд нишон медод. Ба корхои берун аз синфи ва чамъиятии мактаб хамеша камар баста буд. Ӯ ба корхои таълими муносибати чидди дошта ва нисбати мактаб илму дониш майлу рагбати хосса дошт.Хусусияти инкишофи чисмони ва фаъолияти маърифатии ин хонанда, бинобар мушохида намудам хеле оли ва чашмрас мебошад. Вазъияти тандурусти, мувофики ташхиси духтурони пуртачриба, хам аз чихати рӯхи ва хам аз чихати чисмони пурра солим мебошад. Иннро муаллими тарбияи чисмони низ хангоми сӯхбат тасдик намуд.Хусусияти шахсии талаба гуногун ба чашм мерасид. Аз он лахзае ки кори тачрибаомӯзиамро огоз намудам, барои муайян намудани хусусиятхои психологиаш методи мушохидаи пушидаро истифода бурдам ва сохиби хеле маълумот гардидам. Талабаи мазкур чахонбинии васеъи бошуурронаро дар бар дошта, нисбати тамоми мавзуъ фикру андешахои худро пешниход карда метавонист. Табъаш хеле вазнин буда, аз андак чиз зуд намеранчад ва иннро боороми ва табъи на он кадар хуш нишон медод. Яъне каъру газабашро дар дил нихон дошта ором менишаст. Аз ин холат мушохида кардан чоиз буд, ки ӯ аз чизе ранчидааст. Хусусаияти ачиби ӯ дар он дида мешуд, ки вазифаи супоридашударо зуд ва дар ваташ ичро менамуд. Ман хамчун рохбар бо ӯ бисёр кор мекардам ва гуфта метавонам. Ки вай сохиби иродаи кави ва акли расо аст, ки ин хусусияташ барои расидан ба орзухояш кӯмаки арзанда медихад. Орзухояш дар оянда интихоби касбашро бехтару хубтар амали кардан аст. Яъне коркуни сохаи рузноманигор шуданист. Дар тӯли фаъолияти тачрибаомӯзиам чунин акида дорам, ки ӯ барои расидан ба хадафи хеш лаёкати муносиб дорад ва масъулияти худро хеле хуб дарк мекунад. Хулоса аз мушохидахои тачрибаомӯзиам чунин бар меояд, ки хонанда ба хаёти мустакилонаи дар пеш истодааш пурра омодааст. Ӯ зинахои психологиро дуруст ва бехамто тай намуда, сохиби малака ва махорати инкишофёфта мебошад. Аз инчо бар меояд, ки ӯ хамчун шахси фаъол дар оянда фаъолият намуда метавонад. Чи тавре, ки дар боло зикр намудаам хонанда дорои тамоми хусусиятҳои нишондод мебошад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *