Мавзухои точикиФанни География.

Афзалияти танзими оила дар шароити имрӯзаи ҶТ

Мохияти танзими оила

Танзими оила — ин тарафи зану шавхар (фард) қабул намудани қарори оид ба теъдоди оила, хусусан оид ба теъдоди атфол, ба фаъолияте, ки барои амали кардани чунин қарорхо мусоидат мекунад.

Пояи ахлоқи ва хуқуқии танзими, оиларо волидайнии бошуурона ташкил медихад, яъне ба оила пешкаш кардани хуқуқ доир ба муайян намудани теъдоди фарзандон дар оила, муайян кардани фосилаи вақти таваллуд шудани фарзандон (тақвими таваллуд).

Низоми оила ва воситаи танзимсозии дохили оилавии таваллуди фарзандор амали мегардад, ки он назорат аз болои фаъолияти репродуктиви, ки ба бордоршави ва хифзи чанин вобаста аст, пешгири ва қатъи хомиладориро дар назар дорад. Танзими оила натанхо барои таваллуд шудани адади дилхохи фарзандон дар оила ва хифзи онхо, балки барои муайян намудани вақти таваллуди фарзанд вобаста аз синну соли волидайн ва шароити ичтимои – иқтисоди, танзими сохтани фосилаи байни таваллудшавии фарзандон ва рох надодан ба хомиладории ғайридилхох, ахамият дорад.

Танзими оила барои кам шудани фавти кўдакон, тахкими саломатии модару фарзанд, камшавии безуриётии дубора мусоидат мекунад. Самаранокии танзими оила аз огохии одамон дар бораи усулхои назорати таваллуди қудакон, дастрас ва қобили қабул будани ин усулхо барои навъхои гуногуни оила, вобастаст.

Дар баъзе давлатхои хоричи ва ташкилотхои байналмиллали зери унвони банақшагирии оила барномахои танзими оила, ки баъзан онхо барномахои «Назорати тавлид» ном доранд, фахмида мешаванд,яъне мачмўи иқдомоте, ки барои ташвиқи махдудкунии таваллуд дар оилахо равона карда шудаанд.

Барномаи қабулшуда пастравии тавлидро дар натичаи таъмин ва густариш додани тачрибаи махдудкунии тавлид, маълумоти санитари, таъмини ахоли бо маводи зидди бордоршави, ташвиқи бартариятхои оилахои камфарзанд бо усулхои маъмури ва иқтисоди, дар назар дорад. Баъзе давлатхо (Хиндустон, Малайзия, Непал, Покистон ва ғайра) ба хайси яке аз усулхои махдудкунии афзоиш оила стерилизатсияи ихтиёриро ичозат дода амали гардидани онро иаъмин менамоянд. Дар он мамлакатхое, ки масири пасткунии тавлидро пеша карданд, барномахои банақшагирии оила як қисми барномахои тараққиёти иқтисодиро ташкил медиханд, яъне феълан худуди ин барномахо васеътар аст. Барномахои банақшагирии оила аз тарафи муассисахои гуногуни махсус ва махалли чун Федератсияи байналмиллали оид ба танзими оила, Шурои нуфус ва ғайра дастгири карда мешаванд. Вучуд надоштани хавасмандии ичтимои – иқтисоди барои махдудкунии тавлид барои бомуваффақият амали гардонидани ин барномахо монеъ мешавад. Амали гардидани ин барномахо бо сабаби нарасидани маблағ ва маводи техники, норасоии мутахассисони ин соха, ба таърих меафтад.

Хуқуқи танзими оила ё мувофиқи таърифи дурусттар ё «Хуқуқ ба волидайнии ихтиёри ва масъулиятнок» хуқуқе мебошад, ки эътирофи байналмилали дошта хаққи мусаллами хар як инсон аст.

Ин хақ дар хуччатхои мухимтарини СММ сабт гардидааст.Хуқуқи шахсони алохида ва зану шавхар барои қабули ихтиёрии қарор оид ба теъдоди фарзандхояшон, вақт ва фосилаи байни тавлидшавии онхо ва вобаста ба ин истифодаи маълумот ва маводи зарури дар барномаи амалиён, ки дар конфронси байналмиллали оид ба нуфуст ахоли ва тараққиёт (Қохира, с.1994) қабул шудааст.

Дар хол ин маънои эътирофи хуқуқи мардону занон ба пайдо кардани маълумоти зарури, дастрас будани усулхои безарару таъсирбахши танзими тавлид, дастрас будани хизмати махсуси сохаи хифзи саломатиро дорад.

Модари дар Чумхурии Точикистон аз тарафи давлат ташвиқ ва химоя карда мешавад. Ба зан хуқуқ дода мешавад, ки масъалаи модаршавиро мустақилона хал намояд.

Бо мақсади хифзи саломати ба зан бо хохиши худаш маводи хозиразамони зиддибордоршави, ки ба манъи хомиладории ғайридилхох равона шудаанд, пешкаш карда мешаванд. Дар территорияи собиқ СССР, аз чумла дар Чумхурии Точикистон аборт (яъне қатъи сунъии хомиладори) аз соли 1955 қонуни карда шудааст. 23 ноябри соли 1955 Укази Президиуми Совети Олии СССР «Дар бораи ботил сохтани манъи аборт» қабул шуд.

Қатъи сунъии хомиладори бо хохиши худи зан дар мўхлати хомиладории то 12 хафта гузаронида мешавад, аз рўи нишондодхои ичтимои – дар мўхлати хомиладории то 22 хафта, дар холати мавчуд будани нишондодхои тибби ва хохиши зан қатъи сунъии хомиладори новобаста аз мўхлати хомиладори гузаронида мешавад.

Фехристи нишондодхои тибби барои қатъи сунъии хомиладори аз тарафи вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад, фехристи нишондодхои ичтимои бошад, бо қарори тасдиқкардаи Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

Қонуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи хифзи саломатии ахоли” аз с.1997, дастрас кардани маълумотро оид ба банақшагирии оила, аз чумла дар бораи аборт кафолат медихад (м.33). Барои амали гардидани хуқуқи танзими оила барои ахоли аз тарафи вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон, Марказхои саломатии репродуктиви, аз чумла, марказхои чумхурияви, вилояти, шахри, райони, ки дар онхо бо масъалахои танзими оила, таъмини маводи зидди бордоршави, табобати безурёти ва ғайра машғуланд, ташкил карда шудаанд.

Қонуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи хифзи саломатии ахоли» зери рақами 419, ки аз тарафи мачлиси Оли 15 май с.1997 қабул шудааст, дар назар дорад, ки бо мақсади хифзи саломатии занон, бо хохиши худи онхо шавад ва усулхои муосири зидди бордоршави, ки манъи хомиладории ғайричашмдошт равона шудаанд, ба онхо пешкаш карда мешаванд, аз чумла, стерилизатсияи тибби (моддаи 33). Стерлизатсияи тибби чун усули барнагардондаи контрасептиви ба зан дар холати розигии ихтиёрии ва хаттии зану шавхар гузаронида мешавад, ба зане, ки дар қайди ақди никох нест, стерилизатсия дар холати розигии хаттии худи ў гузаронида мешавад. Фехристи нишондодхои гузаронидани стерлизатсияи тибби аз тарафи Вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

Усул ва воситахои танзими оила

Барои амали гардидани танзими оила усул ва маводхои гуногуни контрасептиви истифода мешаванд. Контрасепсия (аз лотинии нав – contraceptio – зиддихомиладоршави) пешгири кардани бордоршави. Контрасепсия бо роххои гуногун ичро карда мешавад: боздоштан аз алоқаи чинси; алоқаи чинсии нотамом карда; якчанд намуди воситахои механикии пешгирии бордоршави (презерватив, спирал ва ғайра) ; воситахои химияви ва гармонали.

Умуман, таъминоти контрасептиви дар Чумхурии Точикистон дар с. 1998 31,0 %-ро ташкил дод, аз чумла: ВМС-22,1 %, Депо-провер-2,7 %, призерватив-2,2%буд. Қайд кардан лозим аст, ки дар Чумхурии Точикистон асосан ВМС1–70% — 80%-и хамаи заноне, ки истифода-барандаи контрасептивхомебошанд, истифода бурда мешавад.

Мувофиқи маълумоти СММ аз нўх усул ва маводи эътирофшуда ва пахнгаштаи контрасептиви чои аввалро стерилизасия (мардона ва занона) ишғол менамояд – 30% баъдан ВМС – 21%, дорухо – 14%, презирватив – 9%. Дар давлатхои мутараққи чойгиршавии онхо дигархел аст: дору – 22 %, презирватив – 22 %, стерлизатсия – 7 %, ВМС – 8 %.

Аммо дар байни давлатхои мутараққи низ структураи контрасепсия гуногун аст: дар Великобритани ва ШМА чои аввалро стерилизасия ишғол менамояд ва вар Япония – истифодаи презирватив дар чои аввал аст. Аз чихати тарзи истифодабарии намудхои гуногуни контрасептивхо давлатхои гуногуни дунё чунин чойгиранд: тавачўххи бештарро ба стерилизатсия Хитой, Ветнам, Куба, Германия, Белгия, Нидерландия, Австрия, Венгрия зохир карданд; Япония, Финляндия ва Шветсия истифодаи презирватив бартари дорад. Аз соли 1995 дар Чумхурии Точикистон усули стерилизатсия хирурги, ки дар аксари давлатхо бо муваффақият истифода мешавад, ичозат дода шудааст. Холо яке аз усулхои маъмули танзими тавлид контрасепсияи гормонали ба шумор меравад.

Исбот шудааст, ки контрасепсияи гармонали дар мавриди истифодабарии дурусти он, қариб таъсири контрасептивии садфоиза дорад. Мувофиқи маълумоти Федератсияи байналмиллалии оид ба танзими оила, ин усулро 200 млн занони олам истифода бурданд. Мутаассифона, бояд қайд кард, ки дар чумхурии мо ин намуди контрасепсия ба дарачаи лозими маъмул нагаштааст. Онро танхо 1,9 % занон истифода мебаранд, ки сабаби ин огохии кофи надоштани коркунони тиб ва ахоли дар бораи ин навъи контрасепсия мебошад.

Дар замони хозира контрасептивхои гармонали аз рўи таркиб ва усули истифодабариашон ба 2-гурўх чудо мешаванд:

1.Препаратхои махлутомехта , ки ба моно -, ду-, ва сефаза чудо мешавад.

2.Контрасептивхои гестагени, ки ба онхо таалуқ доранд: мини-пили, ки аз миқдори камтарини гестаген (0,3-0,5 мг) таркиб ёфтаанд; прогестерон; имплантхо ва ғайра.

Гурўхи сеюмро дорухои посткоитали ташкил медиханд, ки аз миқдори муайяни эстроген, гестоген, карткостероид таркиб ёфтаанд. Маводи муосири контрасепсияи гармонали дорои таъсирнокии калон, истифодабарии ғайримушкил, набудани таъсири манфи ба организм бо назардошти зараровари ба организм аст, хусусан агар онхо аз тарафи табиби тайёрии махсусдошта баъд аз муоличаи лозимаи занон таъин крда шаванд. Дар Чумхурии Точикистон усули маъмултарини контрасептиви ВМС мебошад, ки мувофиқи маълумоти расми дар с.1998 онро 21,1 % занон истифода бурдаанд. Мувофиқи пурсишхо 35 % занон хохиши истифодаи ин усулро доранд, зеро ин усули контрасепсия дастрас, боэътимод ва аз чихати иқтисоди мувофиқ буда, ба организм таъсири манфи надорад. Бо сабаби авч ёфтани беморихое, ки аз тариқи узвхои таносул пахн мегарданд, дар вақтхои охир усулхои монеадори контрасептиви ахамияти назаррас пайдо карданд, ки аз рўи эътимоднокии контрасептивиашон ба усулхои гармонали ва дохилибачадони (ВМС) баробар шуда метавонанд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *