Мавзухои точики

Функсияҳои асосии идоракунӣ дар корхона

Функсияҳои асосии идоракунӣ дар корхона

Менеҷмент ҳамчун илми идоракунии ҷараёни иҷтимоию иқтисодӣ функсияеро иҷро менамояд, ки барои фаъолгардонии амалиёти одамон дар соҳаи идоракунӣ барои ба мақсади ниҳоӣ расидан кўмак мерасонад.

Дар фаъолияти менеҷменти имрўза панҷ функсияи асосӣ ҷудо карда мешавад (расми 1):[1]

  1. Ояндабинӣ ва банақшагирӣ.
  2. Ташкилӣ.
  3. Фаъолгардонӣ ва ҳавасмандкунӣ.
  4. Ҳамоҳангсозӣ ва батанзимдарорӣ.
  5. Баҳисобгирӣ, таҳлил ва назорат.

Расми 1. Функсияҳои идоракунӣ.

  1. Ояндабинӣ ва банақшагирӣ – асоси фаъолияти менеxмент ва давраи якуми он ба шумор меравад. Дар ин давра мақсади фаъолият ва роҳҳои амалӣ гардонидани он нишон дода мешавад.

Ояндабинӣ пештар аз банақшагирӣ пайдо мегардад. Ин тадқиқоти ояндаи ташкилот аст, ки барои ҳалли масъалаҳои стратегӣ ва дарозмуддат равона карда шудааст. Дар асоси нишондиҳандаҳои ояндабинӣ вазифаи банақшагирӣ ҷорӣ мегардад, ки дар он захираҳо муайян карда мешаванд. Дар ин замина натиҷаҳои оянда ба назар гирифта шуда, муҳити фаъолияти корхона дар шароити рақобати бозор муайян карда мешавад.

Сарчашмаи асосии ояндабинии ташкилот ин тадқиқоти худи корхона, ё ташкилоти махсус, ки аз рўи фармоиши корхона ояндабинии онро муайян месозанд, маҳсуб мегарданд.

Нақшаи кории ташкилот бояд ба саволҳои зерин ҷавобгўй бошад:[2]

  • Чӣ бояд кард. (мазмуни ояндабинӣ);
  • Кадом вақт. (давра ва вақти чорабинӣ);
  • Кӣ иҷро мекунад. (иҷрокунандаи касбӣ);
  • Дар куҷо иҷро мекунад. (ҷои иҷрои чорабинӣ);
  • Чӣ хел иҷро мекунад. (бо кадом захираҳо иҷро мекунад.).

Танҳо баъд аз он, ки нақшаи кории ташкилот ба саволҳои боло ҷавобгў бошад, нақша ба барномаи корӣ табдил меёбад.

Дар ин нақша мо бояд имконоти назоратро низ дар назар дошта бошем. Барои ин менеҷмент ҷамъбасти нақшаро дар шакли миқдорӣ дошта бошад, ки тафтиш карданаш осон гардад.

Шакли имрўзаи банақшагирии менеҷмент барномасозии мақсаднокро ба худ гирифтааст. Дар чунин ҳолатҳо нақша дар асоси қоидаи иерархияи мақсадҳо тартиб дода мешавад:

Аз мақсади асосӣ мақсадҳои поёнӣ тартиб дода мешаванд, ки ба занҷири сохтори ташкилӣ — идоракунии ташкилот то коргари охирин омада бояд расад. Бинобар ин, барои ҳар як мақсади пай дар пай захираҳо, мўҳлати иҷроиш ва шахсони иҷрокунандаи масъул таъин карда мешаванд.

Дар ташкилоти на он қадар калон (то 100 нафар коргар) хуб мебуд, аз системаи зерини нақшаҳо пайгирӣ карда шавад:[3]

  • Нақшаи ояндасозӣ барои 2-3 сол;
  • Барномаҳои мақсадноки масоилҳои рўзмарра;
  • Нақшаҳои солона;
  • Нақшаҳои моҳона;
  • Нақшаҳои фардии ҳар як коргар.
  1. Функсияи ташкилӣ – ин фаъолияти роҳбарияти корхонаро вобаста ба мақсадҳо ва нақшаҳояш зимни ташаккул ва таъмини фаъолияти сохторҳои он дарбар дорад.

Ҳангоми иҷрои функсияи ташкилӣ бояд, ки чунин корҳо ба сомон расонида шаванд.[4]

  • Кор карда баромадани сохтори ташкилии корхона, ки имконоти иҷрои мақсад ва вазифаҳоро таъмин карда тавонад;
  • Муайян намудани муносибатҳои ташкилии байни коргарон вобаста ба таҳлили тақсимоти меҳнат ва вазифаҳо;
  • Ташкили системаи идоракунии корхона;
  • Ташкили штатҳои расмии корхона;
  • Муайян кардани ўҳдадориҳои функсионалии коргарон (тартиб додани дастурамал ё низомнома доир ба шахсони вазифадор);
  • Коркарди системаи ташкилии корхона аз нигоҳи инкишофи он.
  1. Фаъолгардонӣ ва ҳавасмандкунӣ. Ин функсия омили асосии омўзиши ҷараёни мотиватсионӣ дар корхона, муайян кардани роҳҳои самараноки мотиватсияи корӣ ва фаъолгардонии кории коргарони коллектив ва ҳар як коргар дар алоҳидагӣ ба шумор меравад.

Омўзиши талаботи одамон барои менеҷменти корхона яке аз функсияҳои асосии фаъолият буда, менеҷерҳо бояд фаъолияташонро бо назардошти чунин масъалаҳо ҷорӣ намоянд, зеро механизми фаъолгардонӣ ва ҳавасмандкунии одамон, асосан бо роҳҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва психологӣ, тарбиявии фаъолияти менеҷмент амалӣ мегардад.

  1. Ҳамоҳангсозӣ ва батанзимдарорӣ — ин функсияи менеҷмент бо мақсади нигоҳдории дараҷаи инкишофи корхона аз рўи нақшаи муайяншуда мебошад.

Вазифаи ҳамоҳангсозӣ мувофиқгардонии фаъолияти ташкилот ва табақаҳои он барои иҷрои нақша мебошад. Дар фаъолияти менеҷмент зимни ҳамоҳангсозӣ бартарияти зиёдро усули иқтисодии идоракунӣ нисбат ба маъмурӣ – идоракунӣ, доро мебошад. Вазифаи асосӣ — ин ташкил намудани шароити хуби истеҳсолӣ барои иҷрои мақсадҳои оптималӣ ва эҷодӣ фаъолият аст.

Батанзимдарорӣ ислоҳ намудан, ё худ дохил намудани тағйирот дар фаъолияти объектҳои идоракунӣ вобаста ба ҳолат ва талаботи иҷрои мақсадҳои корхона аст. Батанзимдарорӣ ҳамоҳангсозии фаъолиятро пурра мегардонад, вақте, ки дуюмин нокифоягӣ мекунад.

Барои ташкили самараноки ҳамоҳангсозӣ ва батанзимдарорӣ менеҷменти корхона бояд, ки ахбори пурраи дурустро бо дарназардошти монеаҳои садди роҳ, дошта бошад. Чунин монеаҳо метавонанд нақшаҳои рўякии беасос, ё ин ки норасоии доимии ахбори идоракунӣ, инчунин қарори идоракунии бесифати гурўҳҳои поёнии идоракунӣ бошанд. Ҳолатҳои суст будани тартиботи иҷрои вазифа, нокифоя будани баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлили фаъолияти корхона низ боиси батанзимдарорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолият аз тарафи менеҷменти корхона мегардад.

  1. Баҳисобгирӣ, таҳлил ва назорат – функсияҳои асосии иқтисодии менеҷмент ба ҳисоб мераванд. Мақсади асосии иҷрои ин функсия таъмин намудани меҳнати самараноки фаъолияти корхона мебошад. Дар навбати худ баҳисобгирӣ, таҳлил ва назорат бояд, ки самаранокии фаъолияти корхонаро таъмин намояд, яъне:[5]
  • Таъмини пурраи ахбори корхона;
  • Истифодаи самараноки захираҳо;
  • Саривақт аниқ кардани камбудию норасоӣ ва бартараф кардани онҳо;
  • Муайян кардани захираҳои иловагии корхона ва сарчашмаҳои фаъолгардонии истифодаи онҳо.

Функсияи назорат барои менеҷмент моҳияти махсус дорад: Ин масъала дар таълифоти донишмандон М.Х. Мескон ва М. Алберт хеле хуб зикр ёфтааст: «Назорат ҳамчун ҷараёни таъмин намудани ба мақсад расидани ташкилот муайян карда шудааст».

Назорат дар фаъолияти менеҷер барои аз байн бурдани номаълумии ахбор доир ба ҳолати ҷории фаъолияти корхона ва барои огоҳ кардани пайдоиши ҳолатҳои касодӣ, ва басти номуайянии ахбори корхона, инчунин барои мунтазам нигоҳ доштани шароити хуби фаъолияти корхона, зарур мебошад. Дар ин росто се шакли назорат ҷудо карда мешавад: назорати пешакӣ, ҷорӣ ва хулосавӣ.

Назорати пешакӣ – қоида, қоида ва стратегияро ба худ дорад. Объекти назорати пешакӣ асосан захираҳои молиявӣ, моддӣ ва меҳнатӣ мебошанд.

Назорати ҷорӣ – асосан байни сардор ва итоаткунандагон нисбат ба фаъолияти ҳаррўзаи онҳо назаррас аст.

Назорати хулосавӣ, ё худ натиҷавӣ – баъди як давраи муайяни истеҳсолӣ ё худ пас аз ба анҷом расидани давраи корӣ гузаронида мешавад.

Ин шакли назорат аз се давра иборат мебошад:[6]

  1. Кор карда баромадани ченакҳо ва стандартҳо.
  2. Муқоисаи нишондиҳандаҳо ва натиҷаи гирифташуда.
  3. Иҷрои фаъолиятҳои батанзимдарорӣ ва ҳамоҳангсозӣ.

Назорати самаранок талаботи зеринро бояд дарбар гирад:

  • Саривақтӣ будани назорат;
  • Қобилияти тағйир додани шароити фаъолиятро доштан;
  • Ба натиҷаи охирон равонашуда;
  • Дараҷаи баланди касбӣ доштан;
  • Сода ва сарфакорона будани назорат.

Аз гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки ҳар як функсияи идоракунӣ вазифаҳои хоси худро доранд. Аммо дар маҷмўъ ин функсияҳо стратегияи ягонаи идоракуниро ташкил медиҳанд, ки барои ба мақсади асосии стратегӣ расидан кўмак мерасонанд.

Стратегияи идоракунӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ бояд омили пурқуввате бошад, ки корхона ба воситаи он ба рақобати озоди бозор тоб оварда тавонад.

[1] Ѓаниев Т.Б. Менеҷмент. Душанбе, 2004. қисми 1. с. 356.

[2] Ѓаниев Т.Б. Менеҷмент. Душанбе, 2004. қисми 1. с. 357.

[3] Ѓаниев Т.Б. Менеҷмент. Душанбе, 2004. қисми 1. с. 357.

[4] Ѓаниев Т.Б. Менеҷмент. Душанбе, 2004. қисми 1. с. 361.

[5] Ѓаниев Т.Б. Менеҷмент. Душанбе, 2004. қисми 1. с. 360.

[6] Ѓаниев Т.Б. Менеҷмент. Душанбе, 2004. қисми 1. с. 361.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *