Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Ҳикояте аз сахо ва бахшиши Талҳа‎ (Р)

Ҳазрати ‎Талҳа‎ (р) тоҷири моҳир ‎ ва сарватманди машҳур‎ буд, ки ба сабаби зиракӣ дар муомилот судҳои ‎ калоне ба даст меовард. Рӯзе дар муомилае ки бо ҳазрамавтиҳо ‎анҷом дод, суди калоне муъодили ҳафтсад ҳазор дирҳам ‎ ‎ насибаш шуд. ( Пуле, ки ҳар‎ инсоне аз доштани он эҳсоси роњатӣ  ва оромиш мекунад. Хушҳол ‎ аз ин ки дар як муъомила ин гуна муваффақ ‎шуда, ки пули калоне ба даст овард, аммо оё ҳазрати ‎Талҳа‎ (р) ин дастпарвардаи мактаби Расулуллоҳ ‎(с) низ чунин бинише дошт? Оё ба хотири хушҳолӣ аз муваффақият аз як муомилаи дунявӣ хобаш намебурд?! Ё баръакс….) Оре! Он шаб ҳазрати ‎Талҳа‎ (р) бисёр нигарону беқарор ‎буд. Ҳам‎сари фидокору дилсӯзаш, яъне Умми Кулсум,  духтари ҳазрати ‎Абубакри Сиддиқ ‎(р), Вақте ‎ мутаваҷҷеҳи ‎нигарониву   парешнонии ҳам ‎ ‎сараш шуд наздик рафта, пурсид: Ё Абумуҳаммад! Туро чи  шуда?  Чаро нигаонӣ ?  Оё аз мо нохушнудӣ?  Мо бароят беқарорӣ  эҷод кардаем?! 

Ҳазрати ‎Талҳа‎ (р) ҷавоб дод: На. ( аз ту нохушнуд нестам) ту намунаи як ҳам ‎ ‎сари некӯ в меҳрубон ‎ҳаст‎ӣ. Аз аввали шаб дар андеша будам, ки фарде, ки ин ҳам ‎ ‎а сарвату дороиро дар ихтиёр дорад ва осуда ба хоб меравад. Оё лаҳзае ‎аз  Парвардигораш фикр  мекунад?! Ҳамсараш гуфт: Чи чизе сабаби бероҳатӣ  ва   нигарони шумо мешавад?   Магар аз мустаҳиқон, ниёзмандони ақрабо ва дӯстон дурӣ ?

Ҳамин фардо бирав ва ба ниёзмандон кӯмак кун ва сарвататро байни онҳо ‎ тақсим ‎кун.

Ҳазрати ‎Талҳа‎ (р) гуфт: Аҳсанти‎. Худованд туро мавриди омӯрзиши хеш қарор ‎диҳад‎, воқеъан ‎ту як ҳам‎сари намуна ва мӯъмин ҳаст‎ӣ! Субҳи ‎он рӯз ҳазрати ‎Талҳа‎ (р) пулро дар кисаҳое рехта, ба сӯи ниёзмандони муҳоҷир ‎ва ансор ба роҳ афтод ва суде, ки ба даст оварда буд, байни бародаронаш тақсим ‎кард ва бо хушҳол ‎ии тамом ба манзил баргашт.[1] Нақл ‎ мекунанд, ки марде назди ҳазрати ‎Талҳа‎ (р) омада, ба хотири қаробат ва хешовандӣ  тақозои кӯмак кард. Ҳазрати ‎Талҳа‎ (р) фармуд: Аз ин қаробат ва хешовандӣ  иттилое надорам, аммо замине дорам, ки Усмон бини Аффон онро ба сесад ҳазор дирҳам ‎ ‎ аз ман харидорӣ  кардааст. Агар моилӣ  заминро ба ту мебахшам вагарна пулашро ба ту медиҳам. Мард гуфт: Агар лутф кунӣ, пули онро мехоҳам ‎ ‎.

Ҳазрати ‎Талҳа‎ (р) фавран пули онро омода ва ба он мард бахшид.[2] Ин ҳам ‎ ‎ намунаи дигаре аз саховат ва ҷуди ҳазрати ‎Талҳа‎ (р) мебошад.

         Ҳазарти ‎Ҷобир бини Абдуллоҳ ‎(р) яке аз ёрони гаронқадри ‎Расулуллоҳ ‎(с) дар мавриди саховат ва бахшиши ҳазрати ‎Талҳа‎ (р) чунин фармудааст: Ман ҳеҷ  ‎ касеро монанди Талҳа‎ надидам, ки бидуни дархосте аз сӯи мустамандону фуқаро ‎пули  зиёде ба онҳо ‎ бахшад.[3]

         Ҳам‎чунин дар ин маврид аз ҳазрати ‎Соиб бини Зайд (р) низ манқул аст: Ман бисёре аз авқот ‎дар сафару ҳазар Талҳа‎ро ҳамроҳӣ  мекардам. Ба ростӣ  касеро дар бахшиши пӯшок, таъом  ва дирҳам ‎ ‎ аз ӯ саховатмандтар надидам.[4]                                                                                                                                                                                                                              


[1] Суварун мин њаётис-сањоба, сањ.428.

[2] Табаќоти Ибни Саъд љилди 3, сањ. 220.

[3] Риљолу њавлир-расул, сањ.219.

[4] Њамон.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *