Сухани оиша дар бораи марде, ки аз зӯҳди нодуруст қариб мурда буд
Аз Мусъаб ибни Усмон ривоят аст, ки Оиша(р) рӯзе мардеро дид, ки ниҳоят заиф буд. Гуё, ки ҳозир мемирад. Пас гуфт:
- Ин чӣ ҳол аст ва чаро ин мард ба ин ҳолат гирифтор шудааст.
Гуфтанд:
- Зоҳидест, ки тарки дунё кардаст ва зӯҳд[1] вайро ба ин аҳвол гирифтор кардааст.
Оиша гуфт:
- Ин зӯҳд нест, балки Умар ибни Хаттоб зоҳид буд, ки чун сухане мегуфт аз таъсири зӯҳдаш ҳама ба вай гӯш фаро медоданд ва чун роҳ мерафт, бо суръат роҳ мепаймуд, зеро харобу лоғар набуд ва ба зӯҳди нодуруст қувваву нерӯяшро аз даст надода буд. Ва чун ба хотири иҷрои ҳадди шаръӣ ва ҷазо додани гунаҳкор касеро ҳад мезад, зарбааш дарднок буд. Аз ин рӯ, зӯҳди ҳақиқӣ, зӯҳди Умар аст на зӯҳди ин марди худро ба ҳалокат андохта.
(Балоғатуннисо, с. 25.)
ЁДЕ АЗ ФАСОҲАТУ СУХАНВАРИИ ОИША (Р)
Оиша дар сухандонию суханварӣ ва фасоҳату балоғат даст бар қуллаи баён ниҳода буд ва чунон дорои фасоҳату балоғати воло буд ва нерӯйи суханварию ширинбаёниаш олӣ буд, ки ҳеҷ зане дар ин маврид бо вай баробарӣ карда наметавонист. Ҳадиси Умми Заръ, ки дорои фасоҳату балоғат аст ва Оиша ровии он аст, далели равшанест бар суханварии вай.
[1] Зўњд бераѓбати ба лаззатњои дунёст. Дар ривояти Ибни Моља аст, ки «Зўњд ин нест, ки њалолњоро тарк кунї ва молро ќадр надонї, лекин ин аст, ки боварият ба он чї дар дасти Худост зиёдтар бошад аз боварият ба он чизе, ки дар дасти туст.