Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Дуъои хатми Қуръон ва фотиҳа барои Гузаштагон

Дуьои хатми Қуръон ва фотиҳа барои Гузаштагон

Парвардигоро, ҳидоят кун моёнро бо ҳидояти Қуръон, икром кун моёнро бо каромати Қуръон, бошараф кун моёнро бо шарофати Қурон, осон гардон корҳои диниву дунёии моёнро бо баракати Қуръон, равшан гардон дилҳои хастаи моёнро бо нури Қуръон, бикшо синаҳои моёнро бо тиловати Қуръон, зиннат деҳ ахлоқи моёнро бо зиннати Қуръон, бипӯшон ҷисмҳои нотавони моёнро бо хилъати Қуръон, бимурз гуноҳҳои моёнро бо инояти Қуръон, осон гардон азоби ҷонкандани моёнро бо фазилати Қуръон, вазнин гардон паллаи тарозуи аъмоли неки моёнро бо бузургии Қуръон. эмин дор моёнро аз ҷамеъи балоҳои дунёву охират бо ҳурмати Қуръон, раҳмат кун ба ҷамеъи уммати Муҳаммад саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам ба раҳматат, эй беҳтарини бахшояндаго*. Омин. Бираҳматика ё арҳамар-роҳимин.


Дуъои Дуюм

Илоҳӣ, омин, ҳадя кардем савобу самараи ин оятҳои каломи Раббониро ба ризоии Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло ба рӯҳонияти ҷамеъи анбиёи мотақаддам ва анбиёи мурсалин,. хусусан ба рӯҳи пурфутӯҳи мутаҳхари мунаввари ҳазрати рисолатпаноҳй саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам. Ва ба рӯҳонияти хулафои рошидин ва ҷамеъи саҳоба ва тобиъин ва табаъа тобиъин. Ва ба рӯҳонияти ҷамеъи муҷтаҳидин, хусусан Имоми Аъзами куфиву суфӣ раҳматуллоҳи ъалайҳ. Ва ба рӯҳонияти падарону модарон ва ҷамеъи мӯъминину мӯьминот ва муслимину муслимот, хусусан ба гузаштагони ин манзилу макон. Аллоҳуммаҳфазно ё файёз мин ҷамиъил- балоёи вал-амроз. Ва саллаллоҳу таъоло ъало хайри халқиҳи муҳаммадив-ва ъало олиҳи ва асҳобиҳи аҷмаъин. Омин.

Бираҳматика ё арҳамар-роҳимин.


Дуъои Сеюм

Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон. Аввал такя ба зоти поки Лллоҳи Лҳаду Аллоҳи Самад ва ба ризогии Ҳақ субҳонаҳу таборак ва таьоло. Бахшидем савобу самараи тиловати оятҳои каломи раббониро ба ризогии Худои ъазза ва ҷшша ба рӯҳонияги ҷамсьи пайгамбарони гузашта. алалхусус ба рӯҳонияти Одами Сафийюллоҳ, Нӯҳи Набийюллоҳ, Иброҳими Халилуллоҳ, Мӯсои Калимуллоҳ, Довуди Халифатуллоҳ, Исои Рӯҳуллоҳ ва алалхусус ба рӯҳи пурфутӯҳи мутаҳҳари мунаввари хазрати рисолатпаноҳ, дастгири осиён дар рӯзи ҷазо-Муҳаммади Расулуллоҳ саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам ва ба рӯҳонияти ҷамеъи хулафои рошидин, саҳобагону тобиъин ва табаъа тобиъин, хусусан ба рӯҳи Имоми Лъзам раҳмагуллоҳи ъалайҳ. Бахшидем ба рӯҳи поки 124-ҳазор пайгамбарони мурсалин, ба рӯҳи анбиёхои сиҳибмӯъҷиза ва авлиёҳои соҳибкаромоти мутақаддам. Бахшидем савоби каломи раббониро аз Одам то ба Хотам ва аз Хотам то ба ин дам ва ба рӯҳонияти сайидону шаҳидон, гарибону бекасон ва мустамондону фотиҳаҷӯёни аҳли ислом. Бахшидем савобашро ба гузаштагони ҳамин манзилу макон аз падару модарон, бобову бибиён, пиру устодон ва хешу ақрабоён, аз ҳафт пушт то ҳафтод пушташонро тариқи раҳмат ва шоистаи ҷаннат кунад. Омин. Бираҳматика ё арҳамар-роҳимии.


Дуъои Чаҳорум

Тиловати Қуръон, ҳаловати имон, хушнудии Холиқи Раҳмон, камоли кӯдакон, бақои пиру ҷавон, сиҳҳату саломатии мусофирони аҳли ислом. Парвардигоро, бирасон савобу самараҳои оятҳои тиловатшудаи Қуръони азимушшаънро ба Ҳазрати Одами Сафийюллоҳ, ба Нӯҳи Набийюллоҳ, ба Шиси Набийюллоҳ, ба Иброҳими Халилуллоҳ, ба Мӯсои Калимуллоҳ, ба Довуди Халифатуллоҳ, хусусан ба рӯҳи пурфутӯҳи Ҳазрати Муҳаммади Мустафо саллаллоху ъалайҳи ва саллам ва олу асҳобу хонаводаашон. Ҳафт қорӣ, чаҳордаҳ ровӣ, даҳ ёри биҳиштй, нӯҳ ҷуфти пок, азвоҷи мутаҳҳирот, саҳобагони кибор, табаъа тобиъин, ҷамеьи муҷтаҳидин, Имоми Аъзами кӯфиву сӯфй ва раҳматуллоҳи ъалайҳ. Хусусан шаҳидону ғарибону бекасон, шаҳидони дашти Карбало, пирони тариқаи нақшбандия, пирони тариқаи қодирия, хусусан падарону модарон ва бобоёну бибиён, фарзандону хешону ақрабон, гузаштагони ин манзилу макон, гузаштагони ин ҷамоати муслимин на устодони илму касб. Ва саллаллоҳу таьоло муҳаммадин ва ъало олиҳи ва асҳобиҳи тайибина ват- тоҳирин. Парвардигоро, биёмурз тамоми уммати ҳабибатро ба раҳмати файзбори худ, зеро ки дарёи раҳмати ту бепоён аст. Омин. Бираҳматика ё арҳамар-роҳимин.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

4 Шарҳҳо

  1. Я очен рад хароши книга

  2. Салом бехтари аст. Аммо хатогихои техникиро ислох кунед. Масалан, «Парнардигоро» неву Парвардигоро мешавад. Ва чандтои дигар

  3. Привет! Ошибка, которую вы нам прислали, уже исправлена. Спасибо за комментарии. Если вы обнаружите какие-либо другие ошибки, обязательно сообщите нам. С уважением, Консультант №43

  4. Ассалам алейкум во рохматуллох бехтарин факат дар Дуьои сеюм хатогихо бисёр ислох кунед !

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *