Масрафи зиёдии истеъмолкунанда ва истеҳсолкунанда
Масрафи истеъмолкунанда – фарқи байни нархи ҳадди аксар, ки истеъмолкунанада омода аст барои воҳиди мол пардохт бикунад ва арзиши воқеии он.
Нарх – ифодаи пулии арзиши мол, ки аз хароҷоти истеҳсолаш ва таносуби тақозо ва арзааш дар бозор муайян мегардад.
Арзиш – таҷассуми меҳнати ҷамъиятӣ нисбати мол, бузургии он ба миқдори вақти кори зарурии ҷамъиятӣ муайян карда мешавад.
Пайдоиши масрафи зиёдатии истеъмолӣ дар ҳолатҳои зерин рўй медиҳад:
1. Истеъмолкунанда ягон молро ба миқдоре харид мекунад, ки он айниятро бо ҳадди аксари фоиданокии воҳиди охирини маҳсулоти харидашаванда, ки бо пул ва нархи мол ифода ёфтааст, таъмин мекунад.
Ҳадди аксари фоиданокӣ – фоиданокие, ки бо истеъмоли ҳар як воҳиди иловагии неъмат, ки талаботи муайянеро қонеъ мегардонад, вобаста аст.
Дар ин ҳолат амали қонуни ҳадди аксари фоиданокии коҳишёбандаро дар назар доштан лозим аст.
Дар Қонуни ҳадди аксари фоиданокии коҳишёбанда гуфта мешавад: дараҷаи қаноатмандӣ бо айни як маҳсулот, агар аз он доимо истифода бикунанд, тадриҷан кам мешавад ва ахиран серӣ аз он фаро мерасад.
2. Нархи тақозо барои баъзе ашё (ҳаҷм) бо ҳадди аксари фоиданокии воҳиди охирини харидашаванда мувофиқ меояд.
Вале на ҳамеша мувофиқати дақиқ доштани нархи тақозо ва ҳадди аксари фоиданокӣ имконпазир аст. Дар ин ҳолат ду вариант имконпазиранд:
1) маҳсулот дискретӣ аст. Дискретӣ – бузургиест, ки беохир тақсимнашаванда нест. Ҳаҷми маҳсулоти дискретӣ бо адади бутун ифода карда мешавад. Дар ин ҳолат пайдо кардани ҳамон ҳаҷми маҳсулоте, ки ҳадди аксари фоиданокии воҳиди ягонаи охирини харидашавандааш ба нархи он баробар бошад, имконпазир нест. Ҳадди аксари фоиданокии воҳиди моли охирини харидашаванда, одатан, аз нархи он зиёдтар ва ё баробар аст;
2) маҳсулот ба таври беохир тақсимшаванда аст. Ҳаҷми маҳсулоти беохир тақсимшавандаро метавон бо адади бутун ва ё касрӣ ифода кард. Масрафи зиёдатии истеъмолкунандагонро масрафҳои зиёдатии истеҳсол-кунандагон муайян месозанд.
Масрафи зиёдатии истеҳсолкунанда – категорияи иқтисодист, ки бузургии бурди истеҳсолкунандаи маҳсулотро дар ҷараёни фурўхта шуданаш ба даст овардааст, нишон медиҳад.
Масрафи зиёдатии истеҳсолкунандаро инчунин бурди истеҳсолкунанда меноманд.
Ба масрафи зиёдатии истеҳсолкунанда омилҳои гуногун таъсир мерасонанд. Аз инҳо, махсусан, тағйири нархҳои маҳсулот аҳамияти калон доранд.
Аз ҷониби дигар, масрафи зиёдатии истеҳсолкунанда маблағи даромади ўро нишон медиҳад, ки аз навъи асосии фаъолият (фурўши маҳсулоти истеҳсолкарда) мегирад.