Фанни Иқтисоди миллӣ

Фирма ҳамчун субъекти бозорӣ

«Фирма ҳамчун субъекти бозорӣ»

1.Фаъолияти фирма дар раванди истеҳсолот

2.Фарқияти мутақобилаи байни бозор ва фирма

Идоранамоии истехсолот дар дохили фирма таъсиррасонии ботартиббиёрии максаднокро ба раванди меҳнати кооператия шуда дар назар дорад. Идоранамои барои таъминнамоии барориши босамари молҳо ва хизматҳо равона гардидаанд ва ин мақсадҳо дар корхонаҳои ҳозиразамони идоранамои тарафҳои ҳалкунандаи ҳаёти хоҷагидориро танзим менамояд.

— таъмини материалӣ ва фуруши махсулотҳои тайёр;

— татқиқотҳои илмӣ – таҳия ва чоринамоиҳои навовариҳо дар истеҳсолот;

-фаъолияти маркетингӣ: омӯзишии бозорҳо муаяннамоиҳои бозори фуруши молҳо ва хизматҳо, нархгузорӣ ва рекламаи маҳсулоти баровардашуда, хизматҳо:

— кор бо ҳайати корхона : ҷудонамоӣ. чобачогузорӣ, омӯзиши коргарон ва ғайра;

-ҷамъоварӣ, коркардабарорӣ ва таҳлили маълумотҳо оиди кори фирма ва мақсади беҳнамоии фаолияти он.

Менечмент- системаи донишҳои назариявӣ- тачрибавӣ оиди принсипҳо, воситаҳо ва шартҳои идоранамоӣ, истеҳсолот ва мақсади баланднамои самарананокӣ ва зиёднамоии даромад.

Менеджер кист?- ин корманди ихтисоисие мебошад, ки барои идоранамои фирма дар асоси илмӣ кодир аст.

Оиди фирмаи ҳозиразамон пеш аз ҳама аз рӯи соҳибкорӣ баҳо медиҳанд. Шаклҳои зуҳур ва механизми фаъолияти фирма хеле ҳам мураккаб буда, мувофиқи банду басти рушди низоми иқтисодӣ ва гуногуншаклии моликият ҳархела сурат мегирад.

Одатан, ба фаъолияти истеҳсолӣ аксарияти субъектҳои иқтисодӣ банд мебошанд. Ба фаъолияти соҳибкорӣ (истеҳсолӣ) хоҷагиҳои хонадорӣ, ё ки ба таври озод, тибқи иҷозат ё бидуни он, фармоиш ё ба таври дилхоҳ машғуланду неъматҳои иқтисодию хадамот тавлид менамоянд ва пешкаши истеъмолгарон мегардонанд ва дар ин асос дархост ва эҳтиёҷоти худро қонеъ мегардонанд, дохил мешаванд.

Ин тарз ва мубодилаи фаъолият бо мурури амиқ гаштани раванди хоҷагиҳои бозорӣ ботадриҷ густариш ва минбаъд ба расмият даромада, ҳамчун дастҳои ноаён (Конунҳои иқтисодӣ) ташаккул меёбад.

Заминаҳои айнии ба вуҷуд омадани фирма аз давраи андӯхти ибтидоии капитал (сармоя) оғоз ёфта, дар замони таҳаввули истеҳсолоти калони мошинӣ (инқилоби саноати капитализм) ҳамчун корхонаҳои хусусии аз ҳам ҷудо, барои ташкил гардидани фаъолияти соҳибкорӣ таҳкурсӣ гузоштааст. Дар замони муосир мо фирмаро ҳамчун институт ё ташкилоти бузурге медонем, ки қодир аст захираҳои иқтисодиро дигаргун созад ва аз онҳо неъматҳо тавлид намояд, тасаввур карда мешавад.

Аз нигоҳи баъзе аз олимони иқтисоддон фирма ҳамчун:

-шакли мушаххаси ташкили истеҳсолот;

-субъекти мустақили иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ, ки бо фаъолияти соҳибкорӣ банд мебошад;

-масоили хоҷагидориро дар чочубаи ҳалли масъалаҳои асосии иқтисод: чӣ?, чӣ хел?,барои кӣ истеҳсол намуд?, дар куҷо? , барои кӣ?, бо кадом нарх онро фурӯхт? ва ғайра ба роҳ мемонад, тасаввур карда мешавад.

Чавҳари марказии онро меъёрҳои гуногун, хусусан, истифодаи захираҳо, кам кардани хароҷот, ба даст овардани фоида ва ғайра ташкил медиҳад.

Истеъмолгар ва фирма агентҳои асосии муносибатҳои бозорӣ, ду қутби мутақобилаи ин муносибат мебошанд. Аз дигар тараф, фирма худ маҳсули муносибатҳоли бозорӣ ба ҳисоб меравад. Иқтисоддонок ақида доранд, ки фирма дар натиҷаи мубодилаи бозорӣ сурат мегирад.

Рақобати мутақобилаи байни бозор ва фирма оид ба ҳамоҳангии фаъолияти хоҷагидории одамон зуҳур меёбад. Инро дар нақшаи зер мушоҳида кардан мумкин аст.

БОЗОР ФИРМА
1. Аз ҳам ҷудо будани воситаҳои истеҳсолотро дар назар дорад 1.Дар асоси тамарказии истеҳслот ташкил карда мешавад.
2.Хукмронии шакли ғайри мустақими алоқаро дар байни одамон бо воситаи нарх, пул ва ғайра ифода мекунад. Хукмронии мустақими шакли равобитро дар байни ҳамкасбон ифода мекунад.
3.Фишангҳои ҳавасмандгардонии иқтисодӣ (моддӣ)-ро бидуни фармон ва дахолат истифода мекунад. Дар асоси пинсипи яккаҳукмронии усулҳои маъмурии идора амал мекунад.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *