Фанни Иқтисоди миллӣ

Таҳсилоти фосилавӣ дар интернет

Омӯзиши фосилавӣ – ин чизи нав нест. Омӯзиши ғоибона солҳои зиёд вуҷуд дорад ва васеъ паҳн гардидааст. Инчунин таълимот тариқи телевизион вуҷуд дорад.

Дар марҳилаи ҳозира омӯзиши фосилавӣ бо истифодабарии шабакаи Интернет паҳн шуда истодааст. Потенсиали веб-технологияҳо диққати омӯзгорони тамоми ҷаҳонро ба худ ҷалб менамояд, зеро ин технологияҳо захираҳои таълимотиро, ки дар тамоми ҷаҳон ҳаст, муттаҳид мекунад.

Интернет, воситаи алоқа ва технологияҳои компутерӣ омӯзиши компутериро шавқовар мегардонад. Лоиҳа ва кашфиётҳои нав ба нав дар ин соҳа пайдо шуда истодаанд. Акнун намудҳои муҳими системаҳои таълимиро дар асоси истифодабарии компутерҳо дида мебароем.

Яке аз аввалин кашфиёт дар ин соҳа ин – «китобҳои интернетӣ» ба ҳисоб меравад. Омодагии версияҳои электронии лексияҳо ва китобҳо – ин ҳама роҳи осон ва фаврӣ ба Интернет аст. Дар ин ҳолат дониш дар соҳаи барноманависӣ зарурият надорад ва ё донистани забони махсуси HTML. Махсус барномаҳои ёрирасон вуҷуд доранд, ки аз редактори матнӣ ба HTML мегузаронанд.

Аз ҳисоби тараққиёти тези технологияҳои муосир системаҳои таълимӣ дар асоси веб-технологияҳо хеле паҳн шудаанд. Азбаски Интернет барои тамоми ҷаҳон дастрас аст, ӯ таҷҳизоти қиматро талаб намекунад, компутери фардӣ бо ҳамагуна системаи оператсионӣ, веббраузер, модем ва алоқаи телефонӣ имконият медиҳанд барои пайвастшавӣ ба Интернет ва гирифтани дониш тариқи Интернет.

Системаҳои таълимотӣ дар асоси веб-технологияҳо асинхронӣ мебошанд ва барои ҳамин иштироки яквақтаи омӯзгор ва талабагонро талаб намекунанд. Лексияҳое, ки пешакӣ омода шуда буданд тариқи шабака дода мешавад. Ҳар як шахс метавонад ҳама гуна фанҳоро дар вақти бо худаш қулай омӯзад. Ғайр аз ин вай имконияти додан и саволро ба омӯзгор тариқи почтаи электронӣ дорад.

Се сабаби асосии шавқи зиёди ба омӯзиши дистансионӣ тариқи Интернет вуҷуд дорад:

  1. вуҷуд доштани талабот ба ахбороти аниқ.
  2. Технология барои қонеъ гардонидани ин талабот вуҷуд дорад.
  3. Ҳамаи соҳаҳои фаъолият омӯзиши фосилавиро ҳамчун бозори нави муҳим ва фаъолияти корӣ дида мебароянд.

Албатта камбудиҳо низ бо тариқи омӯзиши фосилавӣ вуҷуд доранд. Дар замони ҳозира аз нуқтаи назари техникӣ ду омили асосӣ ба тараққиёти омӯзиши фосилавӣ таъсир мерасонад:

1) пайвастшавӣ ба Интернет ва сифати алоқа; 2) омӯзиши фосилавӣ бояд интерактивӣ бошад.

Почтаи электронӣ e-mail ин воситаи универсалии гуфтугӯи компутерӣ мебошад. Он ба почтаи муқаррарӣ монанд аст: ҳар як истифодабарандаи Интернет дар шабака почтаи худро бо суроға дорад ва ба он бо ёрии компутер хат фиристода мешавад. Фарқият фақат дар он ки хати электронӣ пас аз фиристодан дарҳол меояд.

Ҳамин тавр, бо почтаи электронӣ натанҳо хат, инчунин расм, видеоматериал, аудиоматериал, файлҳо фиристода мешавад, ки он бениҳоят қулай мебошанд.

Яке аз тахсилоти фосилавй ба забони русй дар сайти Intuit.ru ташкил карда шудааст.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *