Ситемаҳои пардохти электронӣ дар асоси пулҳои электронӣ
1. CyberPlat (www.cyberplat.ru) – ин системаи универсалии байнибонкии пардохтҳо тариқи интернет буда аз тарафи мутахассисони бонки «Платина» ва ширкати «Инист» коркард шудааст. CyberPlat системаи аввалини федератсияи Руссия ба ҳисоб меравад, ки пардохтҳои электрониро тариқи интернет дар реҷаи пайвастшавӣ ба амал меорад.
Хусусиятҳои асосии системаи CyberPlat:
- интегриронидашуда. Система якчанд зерсистемаҳоро барои фаъолияти соҳибкорӣ дар интернет муттаҳид месозад: CyberCheck – зерсистемаи хизматрасонии трансаксияи B2B; CyberPOS – зерситемаи хизматрасонии трансаксияи синфи B2C барои пардохтҳо бо воситаи кортҳои пластикӣ; Internet-Banking – зерсистемаи идоракунии суратҳисобҳо дар бонк.
- мултибонкӣ. Система имконияти иштироки зиёди бонкҳоро дорад. Барои ҳамкорӣ бо ҳаргуна системаҳои пардохтӣ кушод аст.
- хусусияти чандирӣ. Система имконияти истифодабарии ҳаргуна кортҳои ппастикии байналмилалӣ ва системаҳои пардохтии Россия монанди: Visa, Europay, Diners Club, JCB, American Express ва ғ. дорад.
- Assist. Системаи интернет-пардохтҳо (www.assist.ru) он имконияти пардохтҳоро аз ҳама гуна компутере, ки ба интернет пайваст аст, медиҳад, бо ёрии кортҳои кредитӣ ва ё ҳисобҳои шахсии мизоҷони интернет. Барои истифодабаронда танҳо браузер зарур дигар таъминоти барномавӣ лозим не.
- ЭлИТ-Карт (www.elit.ru) – ин лоиҳаи муштараки корхонаҳои «АйТи» ва «Автобанк» аст. «АйТи» вазифаи корхонаи технологиро иҷро мекунад ва интегратсияи системаи ЭлИТ-Карт-ро бо системаҳои тиҷоратии интернет таъмин мекунад. «Автобанк» хизматрасонии ташкилотҳоро иҷро мекунад. Система имконияти гузаронидани пардохтҳоро тариқи интернет бо воситаи кортҳои пластикӣ системаҳои ҷаҳонии пардохтӣ медиҳад, ба монанди: Visa, MasterCard, EuroCard, AmericanExpress, UnionCard ва ғ.
- Intant аз тарафи корхонаи «Интерфейс» ва корхонаи амрикоии PayBot коркард шудааст. Ин системаи пардохтӣ чунин имкониятҳоро дорад:
- пардохт кардан дар реҷаи вақти ҳақиқӣ бо воситаҳои кортҳои пластикӣ барои молҳо ё хизматрасонӣ ва маълумотҳои кортҳои платикӣ аз мизоҷон ба фурӯшандагон намеравад;
- пардохт кардан дар реҷаи вақти реалӣ молҳо ва хизматрасонии гуногун аз ҳисобҳои виртуалии харидорон дар системаи пардохтӣ.
- тафтиши воридоти пардохтҳо барои фурӯшандагони мол ё хизматрасонӣ ва расонидани молҳо барои харидорон.
5. WebMoney Transfer ба системаҳои дебетӣ дар асоси пулҳои электронӣ дохил мешавад. Системаи ҳисобии WebMoney Transfer имконияти гузаронидани ҳисобҳоро бо воситаи воҳидҳои ҳисобӣ – аломати титулӣ WebMoney (WM) медиҳад. Идоракунии аломатҳои титулӣ аз тарафи истифодабаранда бо ёрии барномаи WM Keeper ба амал оварда мешавад.
Система якчанд намуди аломатҳои титулиро таъмин мекунад, ки онҳо дар ҳамёнҳои электронӣ ҷойгир мебошанд:
- WMR – эквиваленти RUR дар R-ҳамён;
- WME – эквиваленти EUR дар E-ҳамён;
- WMZ – эквиваленти USD дар Z-ҳамён;
- WMU – эквиваленти UAH дар U-ҳамён;
- WM-C ва WM-D – эквиваленти WMZ барои амалиётҳои кредитиии дар C ва D ҳамёнҳо.
Дар системаи WebMoney Transfer ду намуди пардохт вуҷуд дорад: оддӣ ва дузинагӣ. Пардохти оддӣ барои пардохти ахборот ё хизматрасонӣ, ки дастраскунии ҷисмониро талаб намекунад, пешбинӣ шудааст. Пардохти дузинагӣ дастраскунии ҷисмониро талаб мекунад. 6. PayCash (www.paycash.ru) – лоиҳаи муштарак мебошад, ки он аз тарафи бонки «Таврический» ва корхонаи калони «Ал-кор-Холдинг» коркард шудааст. Системаи PayCash воситаи гузаронидани пардохтҳои пулҳои электронӣ тариқи интернет ба ҳисоб меравад. Пулҳои электронӣ дар барандаҳои ахбории истифодабарандагон нигоҳ дошта мешавад ва он барои пардохти молҳо ва хизматрасонӣ тариқи интернет имконият медиҳад.