Фанни Иқтисоди миллӣ

Моҳияти моликияти зеҳнӣ ва таснифоти он

Мафҳуми моликият дар назарияи иқтисод чун муносибати ҷамъиятие дониста мешавад, ки маънои азхудкунӣ ва тақсимоти неъматҳои моддиро мефаҳмонад. Моликият маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие мебошад, ки неъматҳои моддиро ба субъекти муайян вобаста намуда ҳифз менамояд.

Ҳуқуқи моликият дар навбати худ се намуд ҳуқуқро дар бар мегирад:

  • ҳуқуқи соҳибгаштан, яъне амволи мазкурро пурра ихтиёрдорӣ намудан;
  • ҳуқуқи истифодабарӣ – яъне истифода ва истеъмоли амволи мазкур, инчунин гирифтани фоида аз истифодабарӣ;
  • ҳуқуқи амрдиҳӣ аз рӯйи амволи мазкур, яъне муайян намудани тақдири ҳуқуқии амвол бо роҳи пеш бурдани муносибатҳои амволӣ.

Амволи зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун намуди нави моликият дар Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон. Қисми 3, фасли 5 Моликияти зеҳнӣ дарҷ ёфтааст. Дар қонунҳои вобаста ба моликият зеҳнӣ ба маънои натиҷабахшии фаъолияти кормандони илмӣ, зиёиён, барои тавсифи иқтидори илмию техникии мамлакат, корхонаи алоҳида истифода мешавад.

Амволи зеҳнӣ чун маҷмӯи ҳуқуқҳои афрод ва намуди нави муносибатҳое, ки ба моликият вобастаанд ва ба натиҷаҳои фаъолияти интеллектуалӣ ва эҷодӣ вобаста мебошанд,тавсиф мешавад.

Масоили моликияти зеҳнӣ дар ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ сабт гардида, ҳуқуқи он ҳифз мешавад. Яке аз идораҳои бонуфуз – ин Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ)1)[1]* мебошад. Конвенсия дар бораи таъсиси ин Созмон, ки дар Стокголм 14 июли соли 1967 (бо дохил намудани тағйиротҳо 2 октябри соли 1979) қабул гардид, моликияти зеҳниро чун ҳуқуқдорӣ ба объектҳои мушаххас маънидод намуда, ба унсурҳои зайл вобаста менамояд:

  • асарҳои адабӣ, бадеӣ ва илмие, ки бо ҳуқуқи муаллиф ҳифз мешаванд;

– фаъолияти иҷрокунии ҳунарпешагон, сабти овоз, барномаҳои

  • радиошунавонӣ ва телевизионӣ, ки чун ҳуқуқи омехта ҳифз мешаванд;
  • кашфиётҳои илмӣ, ихтироот, намунаҳои саноатӣ, нишони мол, ки аз ҷониби ҳуқуқи патентӣ ва ҳуқуқи моликияти саноатӣ ҳифз мешаванд, инчунин ҳифз аз рақобати бевиҷдонона, ки тибқи қонунгузории зиддиинҳисорӣ ҳифз мешаванд;
  • ба моликияти зеҳнӣ инчунин дигар ҳуқуқҳои вобаста ба фаъолияти зеҳнӣ дар бахши истеҳсолӣ, илмӣ, адабӣ ва бадеӣ дохил мешаванд.

Ингуна таснифоти моликияти зеҳнӣ соли 2000-ум ба қарори СУМЗ тағйир дода шуд. Ба мафҳуми моликияти зеҳнӣ ҳар гуна намудҳои моликияте ворид гаштанд, ки агар онро чун зеҳнӣ маънидод кунанд ва ингуна моликият мавриди ҳифз қарор гирад. Яъне минбаъд мазмуни моликияти зеҳнӣ васеъ гардида, бо ихтирои илмию техникӣ, асарҳои адабӣ ё бадеӣ, нишони мол ва тамғаи корхонаҳои соҳибкор, намунаҳои саноатӣ ва нишондодҳои ҷуғрофӣ маҳдуд намешавад.

Дар вақтҳои охир ҳарчӣ бештар зарурати бунёди низоми ҳуқуқии ҳамаи намудҳои дастовардҳои зеҳнӣ ба назар мерасанд. Дар эъломияи умумиҷаҳонӣ оид ба моликияти зеҳнӣ (соли 2000-ум) зарурати гузариш аз танзими объектҳои алоҳидаи моликияти зеҳнӣ ба танзими муносибатҳои васеи дониш ҷиҳати муносибатҳои ҳуқуқию шаҳрвандӣ вобаста ба фаъолияти зеҳнӣ пешниҳод гаштанд.

Кодекси Граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қисми III, фасли 5) мафҳуми моликияти зеҳниро чунин маънидод мекунад: «Моликияти зеҳнӣ ин ҳуқуқҳои амволӣ ва (ё) ғайриамволии шахсӣ нисбат ба натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ, воситаҳои фардикунонии иштирокчиёни аҳдҳои гражданӣ, фардикунонии маҳсулот, корҳо ё хизматрасонии иҷрошаванда (воситаҳои фардикунонӣ) ва ҳамчунин объектҳои дигари ба онҳо баробаркардашуда мебошад.

Мазмун, асосҳои ба миён омадан, тартиби татбиқ ва қатъ намудани ҳуқуқҳои амволӣ ва ғайриамволии шахсӣ нисбат ба объектҳои алоҳидаи моликияти зеҳнӣ бо ҳамин Кодекс ва қонунҳои дигар муайян карда мешаванд».

Тибқи Кодекси Граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба объектҳои ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ инҳо дохил мешаванд:

  1. натиҷаҳои фаъолияти эҷодии зеҳнӣ:
  • асарҳои илмӣ, санъат ва адабиёт, аз ҷумла барномаҳо барои мошинҳои электронии ҳисоббарор, барномаҳои компютерӣ ва маҷмӯи маълумот;
  • иҷро намудан, фонограммаҳо, ташкили намоиши эфирӣ ё намоиши кабелӣ;
  • ихтироот, моделҳои муфид, намунаҳои саноатӣ;
  • дастовардҳои селексионӣ;
  • топологияи микросхемаҳои интегралӣ;
  • маълумоти дорои сирри давлатӣ ё тиҷоратӣ.
  1. воситаҳои фардикунонии иштирокчиёни аҳдҳои гражданӣ, молҳо, корҳо ва хизматрасонӣ:
  • номи фирмавӣ;
  • тамғаи молӣ ва тамғаи хизматрасонӣ;
  • номи маҳалли истеҳсоли мол ва нишондоди истеҳсолӣ.
  1. натиҷаҳои дигари фаъолияти зеҳнӣ ва воситаҳои фардикунонии ба онҳо баробаркардашуда, ки мутобиқи қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд.

Соҳиби ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ ба натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ ё воситаҳои фардикунонӣ ҳуқуқҳои мустасноие дорад, ки нисбати ҳама ва ҳар кас ҳифз карда мешавад. Ҳуқуқи истисноӣ ба натиҷаи моликияти зеҳнӣ ё воситаи фардикунонии ваколатҳои амволӣ ва ғайриамволии шахсиро дар бар мегирад. 1)[2]*.

Мафҳуми «Моликияти зеҳнӣ» дар Кодекси граждании ҷумҳурӣ таърифи нави худро ёфта бошад ҳам, ба тарзи маҳдуд маънидод мешавад. Моликияти зеҳнӣ дар ҳайати худ дороиҳои (активҳои) ғайримоддиро низ дар бар мегирад. Ба ҳайати ингуна дороиҳое, ки арзишашон муайян гашта, ба сифати воҳиди ҳисобот пешбарӣ мешаванду дар фаъолияти хоҷагидорӣ бо гирифтани фоида истифода мешаванд, чунин объектҳои моликият ворид мешаванд:

  1. Ихтироъкориҳо ва намунаҳои саноатие, ки бо ҳуқуқи патентӣ ҳифз мешаванд.
  2. Объектҳои ҳуқуқи муаллифӣ ва ҳуқуқи омехтае, ки бо ҳуқуқи муаллифӣ ҳифз мешаванд.
  3. Тамғаи мол, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаи мол, тамғаи хизматрасонӣ ва номи маҳалли истеҳсоли мол» ҳифз мешавад.
  4. Дастовардҳои селексионие, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастовардҳои селексионӣ» ҳифз мешаванд.

Ҳуқуқи амвол ба объектҳои номбаршуда дар ҳолати гардиш қарор дошта, дар асоси шартномаҳои муаллифӣ, литсензионӣ ва ғайра гардиш мекунанд.

Таснифоти номбурда, таснифоти саҳеҳ набуда, бояд чунин ҳуқукҳои ҷузъии объектҳои моликияти зеҳниро дар бар гирад:

  1. Ҳуқуқ ба ҳамагуна асарҳои илмӣ, адабӣ, санъат чун ҳуқуқи муаллиф. 1)[3]*.
  2. Ҳуқуқи иҷроиш, басаҳнагузорӣ, сабти овоз, ба фазо баровардан ё ба тариқи кабелӣ паҳнкунӣ.
  3. Ҳуқуқи барномасозӣ барои мошинҳои электронии ҳисоббарор ва базаи маълумотҳо.
  4. Объектҳои мулки зеҳние, ки ҳамчун объекти моликияти саноатӣ ҳифз мешаванд.
  5. Ҳуқуқи кашфиёт ва намунаҳои саноатӣ.
  6. Ҳуқуқи василаи инфиродбахшӣ, ба монанди – нишони мол, нишони хизматрасонӣ, унвони фирма ва ғайра.
  7. Ҳуқуқи дастовардҳо дар бахши селексионӣ, зотпарварӣ.
  8. Ҳуқуқи сирри тиҷоратӣ ва ноу-хау. 1)[4]*.

Ҳуқуқи пешгирии рақобати бевиҷдонона.

Таснифоти объектҳои моликияти зеҳниро чун объектҳои анъанавӣ ба ду гурӯҳи калон ҷудо кардан мумкин аст:

  1. Объектҳои ҳуқуқи муаллифӣ.
  2. Объектҳои моликияти саноатӣ.

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллифӣ ва ҳуқуқи омехта» асарҳои зерин дорои ҳуқуқи муаллифӣ шуда метавонанд:

  • ҳуҷҷатҳои расмӣ (қонунҳо, қарорҳои судӣ, матнҳои дигари хусусияти қонунгузорӣ, маъмурӣ ва судӣ дошта), инчунин тарҷумаи расмии онҳо;
  • нишону аломатҳои давлатӣ (парчам, нишон, орденҳо, пул ва ғайра);
  • хабару маълумотҳои хусусияти иттилоотӣ дошта;
  • асарҳои эҷодии халқ.

Ҳайати объектҳои моликияти саноатӣ аз рӯйи Низомномаи конвенсияи Париж оид ба моликияти саноатӣ, ки соли 1883 қабул шудааст, таснифот мешаванд. Дар ин ҷо бояд эзоҳ дода шавад, ки :

  • ба ҳайати ихтироот усулҳои техникии ҳалли масъала дохил карда мешаванд;
  • ба гурӯҳи намунаи саноатӣ намунаи маснуот аз рӯйи намуди берунаи худ ва мувофиқат ба талаботҳои конструкторию бадеии маҳсулот маънидод мешавад;
  • нишони мол, нишони хизматрасонӣ, номгӯи фирмавии мол ё мавқеи ҷойгиршавии мол, нишонаҳо ва унвонҳоеро дар бар мегирад, ки барои молҳои якранг фарқкунанда бошанд, ё ин ки истеҳсолкунандаи онҳо аз якдигар фарқ кунад;

– дастовардҳои селексионӣ эҷоди навъҳои наботот ва зоти нави ҳайвонотро дар бар мегирад;

– иттилооти тиҷоратӣ, аз ҷумла ноу-хау, ки гарчанде ба объектҳои моликияти саноатӣ дохил карда мешавад, бояд чун объекти алоҳидаи хоси моликияти зеҳнӣ маънидод шавад.

Дар ин ҷо бояд зикр намуд, ки дар масъалаи моликияти зеҳнӣ Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ҷиҳати тиҷоратии ҳуқуқи моликияти зеҳниро баррасӣ намуда, дохил намудани ҳуқуқи вобаста ба «иттилооти пӯшида» (яъне иттилооти ба шахси сеюм дастнорас ва пинҳонӣ)- ро ба ҳайати моликияти зеҳнӣ муқаррар сохт.

Ҳуқуқи пешгирии рақобати бевиҷдонона ба гурӯҳи моликияти саноатӣ дар он асос дохил мешавад, ки санадҳои рақобати бевиҷдонона аксар вақт ҳуқуқвайронкунии объектҳои моликияти саноатӣ мешаванд.

Рақобати бевиҷдонона дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол» дарҷ гардидааст.

Натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ ва василаҳои инфиродсозӣ объекти ҳуқуқӣ боистисно буда, истифодаи онҳо танҳо бо розигии соҳиби ин ҳуқуқ сурат мегирад. Маҷмӯи мулки зеҳнӣ новобаста аз намуди мушаххаси он хусусиятҳои умумиро дорост, яъне:

  1. ҳамаи онҳо дар натиҷаи фаъолияти зеҳнии кормандони мутаносиб ба вуҷуд меоянд;
  2. ҳамаи онҳо маҷмӯи ҳуқуқҳои амволӣ ва ғайриамволӣ мебошанд;
  3. дар давоми мӯҳлати тӯлонӣ метавонанд истифода шаванд;
  4. метавонанд чун манбаи даромадорӣ хизмат кунанд;
  5. дар бозори моликияти зеҳнии мамлакат мавқеъ дошта бошанд.

Низоми миллии ҳифзи иншооти моликияти зеҳнӣ ва натиҷаҳои дигари фаъолияти илмию техникӣ дар ҷумҳурӣ, ки дар марҳилаи нави ташкил шудан қарор доранд, бояд минбаъд ҳар чӣ тезтар мукаммал гардонида шаванд.

  1. 1) СУМЗ дар ҷараёни инкишофи фаъолияти худ ба мақоми мустақили байниҳукуматӣ табдил ёфта, ба худ ҳукми идораи махсусии СММ-ро гирифт. Аз рўйи Оинномаи СУМЗ ҳадафи таъсисёбии ин Созмон ба моликияти зеҳнӣ додани статуси характери володоштаи минтақавию миллӣ, риояи меъёрҳои ягонаи моликияти зеҳнӣ ва бо онҳо мувофиқа намудани қонунгузориҳои миллӣ мебошад. Давлатҳои ҷаҳон аъзои ин Созмон гашта, фаъолияти худро дар бахши моликияти зеҳнӣ ҳамоҳанг месозанд.
  2. 1) Кодекси Граждании Љумҳурии Тоҷикистон (Ќисми Ќисми III, фасли 5. Моликияти зеҳнӣ) – «Љумҳурият», 5 марти соли 2005.
  3. 1) Баъзе мафҳумҳои моликияти зеҳние, ки дар Ќонуни Љумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» оварда шудаанд:

    муаллиф – шахси воқеие мебошад, ки асар дар натиҷаи меҳнати эҷодии ў офарида шудааст;

    асари аудиовизуалӣ – асаре, ки аз миқдори муайяни бо ҳам алоқаманди кадрҳо (боовоз ё беовоз) иборат буда, барои дарки биноӣ ва шунавоӣ (дар сурати боовоз будани он) тавассути дастгоҳҳои техникии дахлдор таъин шудааст; асарҳои аудиовизуалӣ аз асарҳои кинематографӣ (синамоӣ) ва ҳамаи асарҳои дигаре, ки бо васоили ба он монанд офарида шудаанд, иборат мебошад: филмҳои телевизионӣ ва видеоӣ, диафилмҳо, филмҳои слайдӣ ва ғ., сарфи назар аз тарзу усули нигориши аввалин ё минбаъдаи онҳо;

    таҷдиди асар – таҳияи як ё якчанд нусхаи асар ё қисме аз он дар ҳама гуна шакли моддӣ, аз ҷумла, дар шакли сабти овозӣ ва видеоӣ: сабти асар барои нигаҳдории доимӣ ё муваққатӣ, ҳамчунин ба хотираи дохилӣ ё берунии МЭЊ дохил кардани он низ таҷдид ба ҳисоб меравад;

    фонограмма – ҳаргуна сабти сирф, овози иҷроишҳо ё дигар садоҳо ё инъикоси онҳо, ба ғайр аз сабти овоз, ки ба асари аудиовизуалӣ дохил карда шудааст;

    таҷдиди фонограмма – таҳияи як ё якчанд нусхаи фонограмма ё қисме аз он дар ҳар гуна шакли моддӣ, ҳамчунин нигаҳдории доимӣ ё муваққатӣ дар хотираи МЭЊ ва дигар дастгоҳҳои компютерӣ;

    сабт – нигориши овозҳо ва (ё) тасвирҳо ё инъикоси онҳо тавассути васоити техникӣ дар ягон шакли моддӣ, ки имконияти бисёркаратаи амалӣ сохтани дарк, таҷдид ё дастрас кардани онҳоро фароҳам меорад;

    иҷро – тавассути бозӣ, суруд, рақс дар шакли иҷрои ҳақиқӣ ё бо ёрии ягон василаи техникӣ (барномаҳои телевизион ва радио, телевизиони кабелӣ ва ғ.) пешкаш кардани асар, фонограмма, иҷро, намоиш; нишон додани кадрҳои асари аудиовизуалӣ; иҷрогар – актёр, овозхон, мусиқинавоз, раққос (раққоса) ё шахси дигаре, ки нақш иҷро мекунад, суруд ё матн мехонад, суханронӣ мекунад, асбоби мусиқӣ менавозад ё бо ягон тарзи дигар асари адабиёт ва санъат (аз ҷумла барномаҳои эстрада, сирк ё лўхтакӣ) ва ё ифодаи фолклорро иҷро мекунад

    воситаҳои техникии ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба онҳар гуна дастгоҳҳои босамари техникӣ ва қисмҳои онҳо, ки дастрасиро ба асар ё объектҳои ҳуқуқҳои вобаста ба он назорат менамоянд ва амалҳоеро, ки нисбати асар ё объектҳои ҳуқуқҳои вобаста ба он, ки аз ҷониби дорандагони ягон ҳуқуқи аз тарафи қонун ҳифзшаванда иҷозат дода шудаанд, пешгирӣ ва маҳдуд мекунанд.

  4. 1) Профессор Комилов С.Љ. ва Алиева Г.Ш. истифодаи мафҳуми «ноу-хау»-ро шарҳ дода менависанд, ки дар зери ин мафҳум, амалан, донишҳои техникӣ, таҷриба ва асрори истеҳсолот фаҳмида мешавад. Агар дар кишварҳои хориҷӣ дар тавсифи таҷрибаи истеҳсолӣ мафҳуми «ноу-хау» истифода шавад пас дар кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил, яъне ҷумҳуриҳои собиқ шўравӣ ба ҷои ин мафҳумҳои «таҷрибаи пешқадам» ва «таҷрибаи пешқадами истеҳсолӣ» истифода карда мешавад. Таърихи истифодаи ин мафҳумро даст зада, онҳо мефаҳмонанд, ки дар таҷрибаи байналхалқии тиҷоратӣ истилоҳи «ноу-хау» якумин маротиба дар ҳуқуқи амрикоӣ соли 1916 дар парвандаи Дюранд ба муқобили Браун истифода шуда, аз ҳамон сол бе тарҷума ва айнан мавриди истифода қарор гирифтааст. Аз соли 1953 ин истилоҳ дар созишномаҳои байналмилалӣ ва адабиёти иқтисодӣ ба таври расмӣ истифода мешавад. Истилоҳи «ноу-хау» (know-how) айнан маънои «чӣ тавр иҷро кардан, донистан»- ро дорад.

    Мавқеҳои мухталиферо, ки дар адабиёти муосир таҳти мафҳуми «ноу-хау» ҷой доранд, таҳлил намуда муаллифон дар маҷмўъ чунин таърифи «ноу-хау»-ро пешниҳод мекунанд: «Ноу-хау» – ин донишҳо, таҷриба ва малакаҳо дар соҳаи кор карда баромадан (лоиҳасозӣ), азхудкунии саноатӣ, истеҳсолот, фурўш, истифодабарӣ, хизматрасонӣ, таъмири ҷориву асосӣ, такмил додани техникаи нав, инчунин донишҳои ба онҳо алоқаманд ва таҷриба дар соҳаи идора, иқтисодиёт, молия ва ғайра мебошад, ки онҳо метавонанд мавриди истифода қарор гиранд ё арзише дошта бошанд».

    Комилов С.Љ., Алиева Г.Ш. Менеҷмент ва рушди фаъолияти навҷорисозӣ (инноватсионӣ). Рисолаи илмӣ. – Душанбе: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Љумҳурии Тоҷикистон, 2005, саҳ. 60- 61.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Похожие статьи

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *