Фании Информатика

Ҷуcтуҷӯи ахбор дар шабакаи глобалии интернет

Системаҳои ҷустуҷӯӣ дар шабакаи Интернет

Дар шабакаи Интернет доимо миқдори ахбор меафзояд. Аз ҳамин сабаб муаммоҳои ҷустуҷӯи ахбор пайдо мешаванд. Дар шабаки глобалии Интернет ду намуди системаҳои ҷустуҷӯӣ — классификаторҳо ва мошинҳои ҷустуҷӯӣ мавxуд аст. Вобаста ба ахборе, ки ёфтани вай зарур аст, аз ситемаҳои ҷустуҷӯи ин ва ё он намуд истифода намудан мумкин аст.

Классификаторҳо рӯйхатҳои ботартиби истинодҳоро дар Wев — узелҳо нигоҳ медоранд. Одатан ҳар як инстинод навишти кӯтоҳро тасвир мекунад. Рӯйхатҳо аз рӯи қисматҳои матнӣ дар серверҳои ҷустуҷӯи бо тартиб оварда шудаанд. Аз рӯи дарахти каталогҳо нигоҳ карда, пайдарпай соҳаи ҷустуҷӯеро маҳдуд намуда, дар натиxа, рӯйхати истинодҳоро дар -ҳо пайдо кардан мумкин аст, ки ба мавзӯи талаб намудаи истифодабаранда монанд аст.

Истифода намудан классификаторҳо танҳо дар он маврид мувофиқ мебошад, ки агар мавзӯъ барои ҷустуҷӯи кифояю умумӣ бошад. Масалан, «мактабҳои олии Санкт Петербург» дар қисмати «Маълумот (Образование):Мактабҳои олӣ (Вузы): Мактабҳои олии Санкт Петербург( Вузы Санкт Петербурга) » ва дар қисмати дуюм — Саноат (Промышленность): Мошинсозӣ (Машиностроение): Саноати авиатсионӣ (Авиационная промышленность).

Ҳангоми истифода намудани маълумоти классификаторон дар вақти ҷустуҷӯи бояд ба таври дақиқ нишон дода шавад, ки ин ахбор ба кадом категорияҳо дохил карда мешавад. Дар баробари ин гурӯҳбандии захираҳо аз тарафи одамон гузаронида мешавад, бинобар ин бисёр субъективӣ мешавад. Мошинҳои ҷустуҷӯи ин камбудиҳоро надоранд. Мошинҳои ҷустуҷӯи саҳифаҳои дар Интернет xойгир бударо дида мебароянд ва индекси калимаҳои истифодашавандаро тартиб медиҳанд. Истифодабаранда калимаи ҷустуҷӯи ё ифодаи мантиқиро ворид мекунад ва бо ин пурсиши вай мошини ҷустуҷӯи рӯйхати истинодҳоро дар саҳифаҳое медиҳад, ки ин калима истифода мешавад.

Яке аз xузъҳои асосии мошинҳои ҷустуҷӯи индексатор (баъзан истилоҳи анкабуд истифода мешавад) мебошад — ин модули барномавие мебошад, ки Интернетро барои xамъоварии маълумотҳо оиди ҳолати захираҳои ахборӣ давра ба давра нусхабардорӣ мекунанд. Ин маълумотҳо барои ташкил ва навгардонии индексҳо истифода бурда мешавад, ки индексҳо — массиви маълумотҳои системаи ҷустуҷӯи барои ҷустуҷӯи суроғаи системаи ахбории захираҳо истифодашаанда мебошад. Асоси ташкилдиҳанадаи индексҳо — ин рӯйхатҳои роста ва инвертатсияшуда мебошанд, ки дар байни истилоҳотҳои ҷустуҷӯи ва ҳуxxатҳои мундариxавии онҳо мувофиқатро барқарор менамояд.

Xузъи сеюми мошини ҷустуҷӯи ин дастгоҳи ҷустуҷӯи мебошад, ки кори бевоситаи истифодабаранда бо индексҳоро таъмин менамояд. Дар зери маънои ин истилоҳот забони ахборӣ-ҷустуҷӯии система, интерфейси истифодабаранда ва механизми амалигардонии пурсишҳо дар назар дошта мешавад.

Барои он ки андозаи луғатҳо ва индексҳоро калон кунанд, мафҳуми нав бо номи истилоҳот дохил карда шудааст. Вай дар раванди индексиронӣ муайян карда мешавад ва аз усули индексиронӣ, ки дар мошини ҷустуҷӯии зерин истифода бурда мешавад, вобастагӣ дорад.

Усулҳои индексиронӣ ба намудҳои оморӣ, назариявӣ-ахборӣ ва эҳтимолӣ xудо карда мешаванд. Дар усулҳои оморӣ ҳуxxатҳо ҳамчун нуқтаҳо дар фазои ахборӣ дида баромада мешаванд. Барои ҷустуҷуи ахбор дар шабакаи глобалии Интеренет системаҳои гуногун коркард шудаанд.

Гурӯҳи истилоҳотҳо ва ҳуччатҳои таркиботӣ чӣ қадар наздик бошанд, ҳамон қадар инъикоси нуқтаҳои онҳо наздиктар мегардад. Ба сифати истилоҳотҳои индексатсия фазои ҳуxxатҳои камкунандаи зичӣ истифода бурда мешавад.

Барои ҷустуҷӯи ахбор дар шабаки глобалии Интернет системаҳои гуногун коркард намуда шудаанд. Ин системаҳо имконият медиҳанд, ки ахбор дар Wев — саҳифаҳо, гурӯҳи хабарномаҳо ва манбаъи файлҳо ҷустуҷӯи карда шаванд.

Стратегияи серверҳои муосири ҷустуҷӯӣ дар се рафтор асос меёбад:

  • ташкили индексҳо;
  • ташкили каталогҳо;
  • усули пайвандӣ (гибридӣ).

Барои ҷустуҷӯӣ ахбор системаҳои ҷустуҷӯӣ ва каталогҳо истифода мешаванд. Агар то имрӯз ними ҷустуҷуҳо бо ёрии системаҳои ҷустуҷӯи иxро карда мешуду нисфи дигар бо ёрии каталогҳо, он гоҳ ҳоло ин муносибат ба нисбати 4:1 ба фоидаи ҷустуҷуй менамудагиҳо тағир ёфтааст.

Системаҳои ҷустуҷӯи пешқадам ва калонтарин инҳо мебошанд: www.aport.ru, www.googlе.ru ва www.yandex.ru мебошанд. Ин

системаҳо дорои каталогҳои захираҳои Интернетӣ ва роботҳои ҷустуҷӯӣ мебошанд.

Мошини ҷустуҷӯии стандартӣ аз се қисмат иборат мебошад. Аввалаи он — робот мебошад. Ин гуна барномаи системаи ҷустуҷӯи сайтҳоро бефосила дида мебарояд, нави онҳоро мекобад ё пешингаи онҳоро тафтиш мекунад. Аз рӯи ин маълумотҳо базаи индексиро месозад, ки дар он маълумот оиди захираҳои ёфташудаи интернетӣ нигоҳ дошта мешаванд. Пас аз ин ҷустуҷукунак (поисковик) ба кор шурӯъ менамояд, ки индекси захираҳо ба дархостдиҳанда мувофиқро ҷустуҷуй менамояд. Яъне вақте ки дархост фиристода мешавад, ҷустуҷӯи дар базаи маълумотҳои саривақт омода кардашуда иxро карда мешавад. Бинобар ин системаҳои ҷустуҷӯи зудамал мебошанд. Аммо камбудии доштаи ин гуна системаҳо дар он мебошад, ки бо тавасути ин мошинҳо ахбори навинро ёфтан амалан ғайриимкон аст. Истинод низ моро ба ахбори захираи мавxуд буда овардамерасонад.

Системаҳо ва каталогҳои бузурги ҷустуҷуи дар шабакаи интернет

Каталогҳои шабакаи глобалии Интернет монанди каталогҳои китобхонаҳо мебошанд. Дорандаҳои каталогҳо истинодро ба сайтҳо медиҳанд, суроғаи онҳоро нусха мекунанд, шарҳи кӯтоҳи онҳоро баён мекунанд. Чунин каталогҳо бо ёрии сарлавҳаҳои иерархӣ ё хаттӣ таъмин карда мешаванд.

Намунаи сарлавҳаи иеархӣ каталоги YAHOO!, www.list.ru шуда метавонанд. Сарлавҳаи хаттӣ дар www.rumbler.ru истифода бурда мешавад.

Каталогҳо бофармоиши дорандагони сайтҳо пур карда мегшаванд. Тағиротҳо ба каталог бо таври автоматикӣ сурат мегирад.

Барои самаранок ҷустуҷуй кардани ҳам мошинҳои ҷустуҷӯи ва ҳам каталогҳо истифода бурда мешаанд.

Базаи индексии мошини ҷустуҷӯи нисбати каталогҳо дорои истинодҳои зиёде дар сайтҳо мебошанд. Аммо каталогҳое, ки бо сарлавҳаи хуб таъмин гаштаанд, давраи ҷустуҷӯеро кӯтоҳтар менамоянд. Чунин гурӯхи каталогҳоро калимаҳои асосиро барои сайтҳои додашуда муайян менамоянд.

Агар ҷустуҷӯи натиxаи дилхоҳ надода бошад, он гоҳ онро аз нав такро карда дархостро дурустар сохтан лозим аст. Дар ин маврид ба истифодабарандагон амалиётҳои ҷустуҷӯи васеъ ёрии калон мерасонад, системаҳои имрӯзаи ҷустуҷӯии калонтарин бо онҳо таъмин карда шуданнд. Ҳарчанд худи вазифаҳои ҷустуҷӯи васеъ дар системаҳо гуногун бошанд, ҳам мақсад як то , яъне тартиб додани дархости дурустар мебошад. Барои ин мақсаҳо системаҳоро бо забони дархостҳо пурра менамоянд.

Имрӯзҳо бештар системаҳои ҷустуҷӯии хурдтар бо сайтҳои забони русӣ ва системаҳои глобалиашон бо тамоми торҳои интернетӣ кор

мекунанд. Яъне барои кори беруна аз системаҳои ҷустуҷӯии дигар васеъ истифоджа мебаранд.

Сайтҳои www.yahoo.com, www.altavista.com, YAHOO!, www.вritanica.com ба каталогҳо дохил карда шуда, ба системаҳои глобалӣ бошад, www.hotвot.com, AltaVista бошанд, ба системаҳои глобалии ҷустуҷӯи дохил карда мешавад.

Барои ҷустуҷӯи ахбор бо ёрии системаи ҷустуҷӯии AltaVista, ки дорои базаи маълумотҳои калонтарин ва механизми ҷустуҷуии зудтарин мебошад, зарур аст, ки корҳои зерин анxом доа шаванд:

  • бо таъминкунандагони хизмати Интернет алоқа пайдо кард;
  • барномаи Internet Explorer-ро ба кор даровард;
  • тугмачаи Поиск-ро пахш намуд. Дар экрани монитор рӯйхати системаҳои ҷустуҷӯи бо майдони ҷустуҷуи ахбор пайдо мешаванд;
  • Барои дархост ба майдони воридкунии системаи AltaVista ахбори заруриро ворид карда боз бояд Поиск-ро пахш намуд. Дар натиxа боз дар экран саҳифа бо натиxаҳои ҷустуҷӯи пайдо мешаванд. Дархостҳиои оддӣ низ дохил кардан мумкин аст, аммо дар ин ситема имконияте вуxуд дорад, ки истифодабаранда метавонад операторҳои мантиқӣ ва ифодаҳои систаксисиро ҳам истифода барад.

Ифодаҳои систаксисӣ — ин дилхоҳ калима ва ибора буда метавонад. Дар ифодаҳои систаксисӣ истифодаи амалҳои мантиқи бо ёрии операторҳои зерин имкон дорад:

And -оператори мантиқии Ё; Or — оператори мантиқии ВА;

Near — мавxудияти аргументҳои дорои даҳто симворо ифода мекунад; Not — мавxудияти набудани аргументҳоро ифода мекунад.

AltaVista — якто системаи ҷустуҷӯи глобалӣ ба ҳисоб меравад. Дар давраи муосир шумораи зиёди чунин воситаҳои ҷустуҷӯи мавxуданд. Аммо дар бисёр мавридҳо донистани баъзе суроғаҳои муроxиат ба онҳоро донистан ба маврид мебошад. Якчандтои онҳоро меорем:

рӯйхати роботҳои WWW-и http:/wев.nехоr.со.uk/mak/doc/robots/active.html

  • системаи ҷустуҷӯии Yahoo:http://www.yahoo.com;
  • системаи ҷустуҷӯии Lycos:http://www.Lycos:com;
  • системаи ҷустуҷӯии Rambler:http://www.rambler.ru;
  • системаи ҷустуҷӯии WebCrawler:http://www.webcrawler.com;
  • системаи ҷустуҷӯии Infoseek:http://www.Infoseek.com ва ғайраҳо.

8. Хифзи ахбор хангоми кор дар шабакаи интернет

  1. Вирусхои компютери
  2. Барномахои антивируси.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *