Фании Информатика

Усулҳои кори сервер ва мизоҷ дар шабакаҳои ҳисоббарор

Протоколҳои шабакаи глобалии интернет

Протоколҳои ШГ имконият медиҳанд, ки на танҳо компютерҳои алоҳида, балки шабакаҳои локалии аз ҳамдигар дар масофаҳои калон воқеъбуда низ пайваст шаванд.

Протоколи SLIP

Протоколи SLIP – протоколи хатҳои пайдарпай барои таъмини алоқа бо шабакаҳои TCP/IP тавассути шабакаҳои оммавии телефонӣ пешбинӣ шуда буд. Ҳоло, ин протокол барои тавассути телефон алоқа намудан бо Интернет-провайдерҳои системаи UNIX истифода мешавад.

SLIP дар сатҳи физикии модели OSI амал мекунад. Ба татбиқи оддии худ нигоҳ накарда, протоколи мазкур як қатор норасоиҳо дорад:

  • ба сифати нақлиёт танҳо IP истифода мешавад;
  • мувофиқоварии IP-суроғаҳоро дастгирӣ наменамояд;
  • аутентификатсияро таъмин намекунад.

Протоколи РРР

Протоколи пайвасткунии РРР – нуқта ба нуқта (Point-to-Point Protocol) ҳамчун варианти алтернативии протоколи SLIP истифода мешавад. Ин протокол як қатор имкониятҳои сатҳҳои физикӣ ва каналиро доро мебошад. Ба қатори афзалиятҳои он дохил мешаванд:

  • назорати хатогиҳо;
  • дастгирии нақлиётҳои TCP/IP, IPX/SPX, NetBIOS;
  • мувофиқоварии IP-суроға тавассути дастгирӣ намудани протоколи конфигуратсияи динамикии хости DHCP;
  • пурсиши сирркалима барои қайди дохилшавӣ.

Протоколи РРР асосан барои дастрасшавии телефонӣ ба Интернет истифода мешавад.

РРР протоколи стандартии Интернет оиди интиқоли IP-бастаҳо тавассути хатҳои пайдарпай мебошад. РРР-ро хатҳои синхронӣ ва ҳам асинхронӣ дастгирӣ менамоянд.

Протоколи Point-to-Point Protocol барои пурра намудани баъзе норасоиҳои протоколҳои намуди «Point-to-Point IP» таҳия шудааст.

РРР имконият медиҳад, ки дейтаграммаҳо тавассути хатҳои пайдарпайи Point-to-Point интиқол дода шаванд. Он 3 ҷузъ дорад:

  • Тарзи пешниҳод намудани инкапсулятсияи дейтаграммаҳо тавассути РРР-хатҳо бо истифодабарии протоколи HDLC (High-Level Data Link Control) барои омода намудани дейтаграммаҳо тавассути воситаҳои алоқаи РРР.
  • LCP (Link Control Protocol)-и васеъшуда барои насбнамоӣ, конфигуратсия намудан ва санҷидани пайвастшавии физикӣ (test the data-link connection).
  • Оилаи протоколҳо (NCPs) барои насб ва идоранамоии дигар протоколҳои шабакавӣ, яъне: РРР барои дар як вақт дастгирӣ намудани якчанд протоколҳои шабакавӣ.

Ҳангоми оғоз намудани алоқа тавассути алоқаи РРР, дар аввал драйвери РРР бастаҳои LCP-ро барои конфигуратсия намудан ва (мумкин аст) санҷиши хати алоқа ирсол менамояд. Пас аз он, ки имкониятҳои иловагӣ мувофиқи талаботҳои LCP насб шуданд, драйвери РРР барои омода намудани як ё якчанд протоколҳои шабакавӣ NCP-фреймҳоро ирсол менамояд. Баъди ба анҷом расидани чунин амалиётҳо бастаҳои шабакавӣ имконияти интиқолро тавассути алоқаи муайяншуда соҳиб мешаванд. Чунин алоқа то он вақте, ки LCP ва NCP бастаҳо алоқаро қатъ намекунанд, ё то дахолати ҳодисаи беруна (масалан, дахолати истифодабаранда) фаъол мемонад.

Системаи хизматрасонии WWW

World Wide Web (WWW ё ин ки Web) – Торҳои ҷаҳонӣ – яке аз хизматрасониҳои асосию маъмултарини ахборӣ – ҷустуҷуӣ дар шабакаи глобалии Интернет ба ҳисоб меравад.

Муҳити WWW дар протоколи интиқоли гиперматн HTTP (Hypertext Transfer Protocol) асос меёбад ва истифодаи протоколи интиқоли файлҳо FTP (File Transfer Protocol) , почтаи электронӣ ва ғайраҳоро имконият медиҳад.

Намуди асосии ташкили ахбор дар WWW – ҳӯҷҷатҳои гиперматнии электронӣ дар формати HTML мебошад, ки бо дигар ҳуҷҷатҳое алоқа доранд, ки бо ёрии гиперистинодҳо гузориш карда шудаанд.

Гипералоқа (gyperlinks) – ин пайвасти ростаи нуқтаҳои алоҳидаи ҳуҷҷатҳо бо нуқтаҳои дигар дар он ё дигар ҳуҷҷатҳо мебошад. Истинодҳои гиперматнӣ зуд гузаштан ба ин нуқтаҳоро таъмин менамоянд.

WWW- ин фазои ягонаи ахбории аз якчанд миллион ҳуҷҷатҳои бо ҳам алоқаманде иборат мебошад, ки дар Web -серверҳо нигоҳ дошта мешаванд. Ҳуҷҷатҳои алоҳида, ки фазои Web-ро ташкил медиҳанд, Web – саҳифа номида мешаванд. Гурeҳҳои аз рӯи мавзӯъҳо ҷамъовардашудаи Web – cаҳифаҳоро Web – узелҳо, Web – сайтҳо ё сайт меноманд.

Ҳамаи хизматрасони шабакаи Internet-ро шартан ба ду гурӯҳ тақсим мекунанд: доду гирифти ахборот бо воситаи истифодабарандагони шабака ва истфодабари анбори маълумоти шабака.

Telnet –Протоколи терминали виртуалӣ дар гурӯҳи протоколҳои Интернет. Имконият медиҳад, ки истифодабарандагони як хост ба дигар хости дур пайваст шуда, бо он ҳамчун терминали муқаррарӣ кор кунанд.

FTP (File Transfer Protocol) – Протоколи (ва барномаи) дар Интернет истифодашавандаи интиқоли файлҳо байни хост-компютерҳо.

NFS(R): Network File System (Системаи файлии шабакавӣ) –Системаи файлии паҳншуда, ки аз тарафи ширкати Sun Microsystems таҳия шуда, ба гурӯҳи компютерҳо имконияти дастрасшавии шаффофро ба файлҳои ҳамдигар медиҳад.

Архитектураи мизоҷ-сервер

Аз рӯи нишон додани ҷузъҳои алоҳидаи WWW ба архитектураи ҳамкории таъминоти барномавӣ дар системаи WWW мегузарем. WWW аз рӯи тарҳи маъмули «мизоҷ-сервер» сохта шудааст. Барномаи мизоҷ вазифаҳои интерфейси истифодабарандаро иҷро намуда, иҷозатро ба тамоми захираҳои Интернет имконият медиҳад. Дар ин вақт вай аз доираи оддии кори мизоҷ тавассути сервери протоколи муайян мебарояд. Мизоҷ – ин интерпретатори HTML ҳисоб мешавад. Вай монанди интерпретатори дилхоҳ вобаста ба фармон (нишонаҳо) вазифаҳои гуногунро иҷро мекунад. Ба доираи чунин вазифаҳо на танҳо ҷойгиркунии матн дар экран, инчунин додугирифти ахборӣ бо

cервере, ки аз он матни HTML-ро гирифтааст ва ғайраҳо низ дохил мешаванд.

Дар таҳлили махсусиятҳои URL ё фармонҳои сервер мизоҷ барномаҳои иловагии кор бо ҳуҷҷатҳо аз формати HTML фарқкунандаи монанди GIF, JPЕG, MPЕG, Postscript ва ғайраро дарбар мегирад.

Қисми дигари комплекси барномавии WWW-ро cервери протоколи НТТP, базаи маълумотии ҳуҷҷатҳои HTML, ки аз тарафи сервер идора шуда, аз рӯи махсусияти стандартии CGI cохта шудааст, ташкил медиҳанд. То рӯзҳои охир ду намуди серверҳои HTTP –и зерин истифода мешуданд: сервери CЕRN ва сервери NCSA. Аммо вақтҳои охир миқдори серверҳои базавӣ зиёд гаштаааст.

Базаи маълумотҳои HTML – ин қисми системаи файлиест, ки файлҳои формати HTML-ро якҷоя бо графика ва дигар захираҳо дар бар мегирад. Дар байни таъминоти барномавии амалиявӣ , ки бо серверҳо кор мекунанд, барнома – шлюзҳоро ҷудо намудан мумкин аст. Шлюзҳо

– ин барномаҳое мебошанд, ки ҳамкории серверҳои протоколҳои гуногунро (масалан FTP) таъмин мекунанд. Дигар барномаҳои амалиявӣ аз сервер маълумот гирифта, яке аз амалҳои зеринро иҷро мекунанд: гирифтани санаи ҷорӣ, амалигардонии имдодҳои вақти ҷорӣ, амалигардонии имдодҳои графикӣ, иҷозат ба базаи маълумотҳои локалӣ ва ҳисобкуниҳо.

Миёнаҳои cоли 1996 дар архитектураи World Wide Web тағйиротҳо гузаронида шуд. Гузариш ба сохтори модулии сервери WWW иҷро гардид. Он дар намуди махсусияти API.API иҷро гардид, ки якҷоя бо модулҳои сервер таҳрир мешавад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Похожие статьи

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *