Фании Информатика

Афзалияти истифодабарии шабака

Шабакаҳои компютерӣ вариантҳои ҳамкории одамон ва компютерҳоро пешниҳод менамоянд, ки дастраскунии бо суръат ва коркарди ахборро таъмин мекунанд. Мутаҳидсозии компютерҳо дар шабака 30 сол пештар оғоз шуда буд. Вақте, ки имконияти компютерҳо афзуданд ва КФ ба ҳама дастрас шуданд, тарақиёти шабака ҳам афзуданд.

Бо пайвастшавӣ ба шабака компютерҳо мубодилаи ахбор намуда якҷоя воситаҳои иловагӣ ва таҷҳизоти нигоҳдории ахборро истифода мебаранд. Расми1.2.

Истифодабарии воситаҳои иловагӣ.

Бо ёрии шабакаҳо, воситаҳо ахборро ҷудо кардан мумкин аст.

Дар зери вазифаҳои асосие, ки бо ёрии стансияи корӣ дар шабака иҷро карда мешавад, оварда шудааст бо ёрии компютери алоҳида иҷрои он душвор аст. Шабакаҳои компютери имконият медиҳанд, ки воситаҳои иловагӣ якҷоя истифода мешаванд:

  • принтерҳо;
  • плоттерҳо;
  • нигоҳдорандаҳои диск;
  • CD-ROM ;
  • дисководҳо;
  • стримерҳо;
  • сканерҳо;
  • факс модемҳо.

Шабакаҳои компютерӣ имконият медиҳанд, ки захираҳои иттилоотӣ якҷоя истифода шавад:

  • каталогҳо;
  • файлҳо;
  • барномаҳои амалӣ;
  • бозиҳо;
  • хазинаи маълумотҳо;
  • равандҳои матни ва ғр.

Шабакаи компютерӣ имконият медиҳад, ки бо барномахои бисёристифодабар кор карда шавад, ки ба тамоми истифодабарандагони дастрасии якхелаи хазинаи маълумотҳоро таъмин мекунад. Дилхоҳ барнома, ки барои ШХМ стандартӣ коргар шудааст дар дигар шабакаҳо истифода бурда мешавад. Якҷоя истифода бурдани ресурсҳо имконият медиҳад, ки вақт ва воситаҳо самаранок истифода бурда шавад. Масалан як принтери лазериро метавон коллективона истифода бурдан беҳтар аст, ба ҷои он, ки ба ҳар як коргар яктоги принтер харидорӣ шавад.

Шабакаҳои локалӣ ва компонентаҳои он

Шабакаи компютери аз се компоненти асосии таҷҳизотӣ ва ду воситаи барномавӣ иборат аст, ки бояд якҷоя кор кунанд.

Барои кори хуби таҷҳизотҳо дар шабака онҳоро бояд дуруст шинонда, параметрҳои кори бояд танзим карда шавад.

Компонентаҳои асосӣ.

Компонентаҳои асосии таҷҳизотии шабака инҳоянд:

  • 1. Системаи абонентӣ.
  • компютерҳо (стансияҳои корӣ ё ин ки клиентҳо ва серверҳо);

— принтерҳо;

— сканерҳо ва ғр.

2. Таҷҳизотҳои шабакавӣ:

— адаптери шабакавӣ;

— хабҳо;

— купрукҳо;

-маршрутизаторҳо ва ғр.

3. Каналҳои коммуникатсионӣ:

— кабелҳо;

— разъемҳо;

— таҷҳизотҳои интиқол ва қабули маълумотҳо дар технологияҳои бесим..

Компонентҳои асосии барномавии шабака инҳоянд:

1.системаҳои амалиётии шабакавӣ:

— Windows NT;

— Windows for Workgroups;

— LAN tastic;

— NET Ware;

— Unix;

— Linux;

2. Таъминоти барномавии шабакавӣ (хизмати шабакавӣ)

— клиенти шабака;

— картаи шабака;

— протокол;

— хизмати дастраскунии фосилавӣ.

(ШҲМ) Шабакаи ҳисоббарори локалӣ (маҳалӣ) — ин маҷмӯи компютерҳо, каналҳои алоқа, адаптерҳои шабакавӣ, ки таҳти идоракунии системаи амалиётии шабакавӣ ва таъминоти барномавии шабакавӣ фаъолият мекунад.

Дар ШҲМ ҳар компютерӣ фардӣ ғайр аз як ё якчанд компютерҳо ки барои иҷрои вазифаи файл-серверҳо таъин шудаанд, стансияҳои корӣ номида мешаванд. Ҳар як стансияи корӣ ва файл-серверҳо дорои картаи шабакавианд, ки бо воситаи каналиҳои физикӣ байни ҳам пайванданд. Ба сифати пуркунандаи системаи амалиёти локалӣ ба ҳар як стансияи корӣ таъминоти барномавии шабакавӣ фаъол карда мешавад, ки ба стансия имконияти бо сервери файли таъсири мутақобила карданро медихад.

Каналҳои ба ШҲМ мансуб буда ба ду гуруҳ ҷудо мешаванд: стансияҳои корӣ ё ин ки истифодабарандагон ва серверҳои файли пешбини шудаанд, ки мувофиқи қоида ба истифодабарандагони оддӣ дастраст нестанд ва барои идоракунии манбаъҳои шабака пешбини шудаанд.

Адабиётҳои истифодашуда

  1. Издательство «НТ Пресс», 129085, Москва, Звёздный 6-р, д.21.1
  2. Лесничная И.Г Информатика ва технологияи компютерӣ
  3. Жеретинцева Н.Н. Курси лексия оиди шабакаҳои компютерӣ
  4. Кульгин М. Технологияи шабакаҳои интернетӣ .
  5. Системаи ҷустӯҷуии глобалӣ: www.yandex.ru, www.google.ru

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *