Фании Информатика

Сохтор ва принсипҳои кори Интернет

Аз лиҳози сохторӣ шабакаи Интернет тибқи лоиҳаи телекоммуникатсионие, ки соли 1962 аз ҷониби Пол Баран пешниҳод шуда буд, ташкил ёфтааст. Ин лоиҳа нуқтаи марказии коммутатсионӣ-диспетчериро пешбинӣ накарда буд. Дар ибтидо, фикр мекарданд, ки бояд алоқа миёни ду шӯъбаи ин шабака комилан беэътимод бишавад. Иттилооте, ки барои интиқол пешбинӣ мешуд, ба пораҳо тақсим гардида, дар пакетҳо ҷо ба ҷо мешуд. Дар ҳар як пакет адреси қабулкунанда ва фиристанда зикр мегардид. Пакетҳо дар шабака ба самтҳои гуногун ирсол мегардиданд ва ҳангоми расидан ба суроға дар як ҷо ҷамъ шуда, дар шакли аввала барқарор мегардиданд.

Мисли дигар шабакаҳо Интернет аз компютерҳои гуногун, ки миёни худ бо хаттҳои алоқа пайванданд, иборат буда, дар ин компютерҳо барномаҳои таъминотӣ истифода мегардиданд.

Типи таъминоти барномаҳо аз рӯи идеологияе муайян мешавад, ки муштарӣ/хизмат ном дошта, заминаи тамоми хадамоти Интернетро ташкил мекунад. Ҳар як амалиёт дар шабакаи Интернет аз омил иборат мебошад: муштарӣ, хизмат, шабакаи Интернет, ки саволи муштариро ба хадамот медиҳаду посухи хадамотро ба муштарӣ мерасонад.

Зери мафҳуми муштарӣ барномаҳое дар назар дошта шудаанд, ки бо ёрии онҳо истифодакунандаи инфиродӣ ба ин ё он хизматрасонии (сервис) шабакаи Интернет муроҷиат мекунад. Калимаи хизматрасонӣ имрӯз чанд маъно дорад. Ин метавонад барномае бошад, ки ба муштариён маълумоти гуногун пешниҳод мекунад, компютере бошад, ки дар он ин барнома иҷро мешавад ва ё компютер ва барнома бо ҳам тавъам бошанд.

Истифодабарандаи Интернет ба шабака тавассути компютерҳои ташкилотҳои махсус, ки таъминкунандагони хизмати компютерӣ ва ё провайдер ном доранд, пайваст мешаванд.

Ба шабака имкон дорад ҳамчун компютери алоҳида ва ё ҳамчун шабакаи локалӣ пайваст шуд. Чунин шуморида мешавад, ки ба Интернет тамоми компютерҳои як шабакаи алоҳида пайваст шудаанд, ҳатто агар ба Интернет як компютери ин шабака пайваст шуда бошад.

Пайвастшавӣ метавонад доимӣ бошад ва ё муваққатӣ. Таъминкунандагони шабакаи Интернет барои пайвастшавии истифодабарандагон хатҳои зиёд ва хатҳои баландсуръати алоқа бо Интернетро доранд. Таъминкунандагони хурд бо таъминкунандагони калон пайвастанд. Онҳо дар навбати худ бо дигар таъминкунандаҳо алоқа доранд. Тамоми ташкилотҳо миёни ҳам бо хатҳои баландсуръати алоқа пайваст буда, қисми базавии шабака ё сутунмӯҳраи шабакаро ташкил медиҳанд.

Интернет табодули иттилоотро байни ду компютри дилхоҳе, ки ба шабака пайвастанд, ба амал мебарорад.

Хадамотҳои Интернет

Хадамоти Teknet-компютери истифодабарандаро ба терминали компютери дигаре, ки дар фосилаи дур воқеъ аст, мубаддал месозад. Ин хадамотро эмулятсияи терминалӣ меноманд. Дар амал он камтар истифода мешавад.

Хадамоти FTP-File Transfer Protocol-имкон медиҳанд, ки файлҳо қабул ва ё фиристода шаванд. Ин хадамот имрӯз ҳам барои қабули маҳсулоти барномаҳо ба таври густурда истифода мешавад.

WWW-World Wile Web (Анкабути ҷаҳонӣ) хадамоте, ки имкон медиҳад бо санадҳои гипертекстӣ ва гипермедиявӣ кор карда шавад. Барои кор бо WWW протоколи махсуси HTTP –Hiper Text Transfer Protocol (протоколи интиқоли гипертекст) истифода мешавад. Санадҳои гипертекстӣ бо ёрии забони махсуси HTML (забони аломатгузории матнҳо) сохта мешаванд. Санаде, ки бо ёрии ин забон сохта мешавад ва он барои истифодабаранда дастрас аст, Web-саҳифа номида мешавад.

Хадамоти Archie-имкон медиҳад, ки файл аз рӯи номаш ёфта шавад. Аммо вақтҳои охир ин хадамот камтар истифода мешавад, зеро ки дар WWW системаҳои ҷустуҷӯие пайдо шудаанд, ки имкон медиҳанд ин кор бо роҳи бо роҳи осонтар сурат бигирад.

Gopher-ин системаи дастрасӣ ба иттилоот тавассути менюҳои гузошташуда мебошад. Вай пешнамунаи (прообраз) анкабути ҷаҳонӣ мебошад, ки дар ҳоли ҳозир мурда истодааст, чунки гузариш дар WWW хеле осон ва мувофиқ мебошад.

WAIS-Wide Area Information Service (Хадамоти иттилоотии соҳаҳои васеъ)-системаи ҷустуҷӯи иттилоот тибқи калимаи калидӣ аст.

IRC-Internet chat Relay (Сӯҳбат тавассути Интернет).-ин система то андозае ба гурӯҳи ахбор монанд аст, аммо табодули иттилоот бетаваққуф сурат мегирад. Ба гурӯҳи истифодабарандагоне, ки ин ё он масъаларо муҳокима мекунанд, иттилоотро бо клавиатура ҳуруфчинӣ менамоед ва он ҳамон лаҳза дастраси дигар ширкаткунадагони сӯҳбат мегардад.

Самтҳои зиёди шавқовари истифодаи Интернет вуҷуд доранд, барои мисол гуфтугӯҳои телефонӣ, қабули мавҷҳои телевизионӣ ва радиоӣ.

Фаҳмост, ки чунин имконоти васеи мукотиба аз назари ташкилотҳои тиҷоратӣ дур намонд. Бинобар ин, дере нагузашта, имконоти хадамотии шабакаи Интернет барои баргузории амалиётҳои гуногуни тиҷоратӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Адабиётҳои истифодашуда

  1. Издательство «НТ Пресс», 129085, Москва, Звёздный 6-р, д.21.1
  2. Лесничная И.Г Информатика ва технологияи компютерӣ
  3. Жеретинцева Н.Н. Курси лексия оиди шабакаҳои компютерӣ
  4. Кульгин М. Технологияи шабакаҳои интернетӣ .
  5. Системаи ҷустӯҷуии глобалӣ: www.yandex.ru, www.google.ru

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *